Surah Al-Munafiqoon Verse 7 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Munafiqoonهُمُ ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ لَا تُنفِقُواْ عَلَىٰ مَنۡ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ حَتَّىٰ يَنفَضُّواْۗ وَلِلَّهِ خَزَآئِنُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَفۡقَهُونَ
Инҳо (мунофиқон) ҳамонҳоянд, ки (ба аҳли Мадина) мегӯянд: «Бар онҳо, (муҳоҷирон), ки гирди паёмбари Аллоҳанд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол он ки хазинаҳои осмонҳову замин (ва он чӣ миёни онҳост аз ризқу рӯзиҳо) аз они Аллоҳ аст, (ба касе, ки хоҳад медиҳад ва аз касе, ки хоҳад бозмедорад,) вале мунофиқон (онро) намефаҳманд