Surah Al-Fatiha Verse 5 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Fatihaإِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. (Мо танҳо Туро ибодат мекунем ва дар ҷамиъи корамон аз Ту ёрӣ меҷӯем. Тамоми амр аз они Туст. Ҳеҷ касе миқдори заррае аз он соҳиб шуда наметавонад. Ин оят далел аст, ки банда наметавонад чизеро аз навъҳои ибодат барои ғайри Аллоҳ сарф намояд, ба монанди дуо, мадад ҷустан, забҳ ва тавоф. Ва ин оят низ шифои дилҳост аз бемориҳои худнамоӣ ва худписандӣ)