UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Fatiha - Tajik Translation by Khoja Mirov


بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон! (Ин сураро сураи //Фотиҳа,/ меноманд, зеро ифтитоҳи Қуръони азим аз ин сура оғоз мешавад. Ва ин сураро //Масонӣ,/ низ меноманд, чун дар ҳар ракаати намоз қироат карда мешавад. Ин сура дорои номҳои дигар ҳам аст. Яъне, Ибтидо мекунам хондани Қуръонро бо номи Аллоҳ ва бо мадади Ӯ. "Аллоҳ" номи Парвардигор аст, маънояш: Нест маъбуде бар ҳақ ҷуз Ӯ. Ин ном аз хосатарин номҳои Аллоҳ аст ва ин номро ба ғайр аз Ӯ ном гузорида намешавад. Раҳмон, соҳиби раҳмати ом аст, ки ба он сифат карда шудааст ва раҳматаш ҷамиъи халқро фаро гирифтааст. Раҳим, меҳрубон бо мӯъминон. Ин ду ном, аз номҳои Аллоҳ таъоло аст, ки исбот кардани сифати раҳматро дарбар мегирад)
Surah Al-Fatiha, Verse 1


ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ситоиш Аллоҳро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. (Ҳамду сано бар Аллоҳи бузург ба сифатҳои камолаш, ва ба неъматҳои ошкору пинҳониаш, динӣ ва дунявиаш. Мазмуни ин оят ба амр далолат мекунад, то Ӯро бандагонаш ҳамд бигӯянд. Танҳо Ӯ сазовори ибодат аст, зеро Ӯ офаридагори халқ, қоим ба умури онҳо; бо неъматҳояш тарбиятгари ҷамиъи халқаш аст; ва тарбиятгари дӯстонаш аст ба имон ва амали солеҳ)
Surah Al-Fatiha, Verse 2


ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бахшандаи меҳрубон
Surah Al-Fatiha, Verse 3


مَٰلِكِ يَوۡمِ ٱلدِّينِ

Подшоҳи рӯзи ҷазост. Ба ғайр аз Ӯ дар рӯзи қиёмат ҳеҷ подшоҳе нест ва он рӯз, рӯзи подоши амалҳост. Ин оят барои намозгузор дар ҳар ракаат огоҳкунандааст ба рӯзи қиёмат. Ва мусалмоНро ба амали солеҳ равона менамояд ва аз амали бад бозмедорад
Surah Al-Fatiha, Verse 4


إِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ

Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. (Мо танҳо Туро ибодат мекунем ва дар ҷамиъи корамон аз Ту ёрӣ меҷӯем. Тамоми амр аз они Туст. Ҳеҷ касе миқдори заррае аз он соҳиб шуда наметавонад. Ин оят далел аст, ки банда наметавонад чизеро аз навъҳои ибодат барои ғайри Аллоҳ сарф намояд, ба монанди дуо, мадад ҷустан, забҳ ва тавоф. Ва ин оят низ шифои дилҳост аз бемориҳои худнамоӣ ва худписандӣ)
Surah Al-Fatiha, Verse 5


ٱهۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ

Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: (Моро иршод ва далолат намо ба роҳи мустақим ва тавфиқ фармо ва бар он устувор кун, то ба дидори Ту мушарраф шавем. Ва он роҳ Ислом аст. Роҳест, ки бандаро ба ризояти Аллоҳ ва ҷаннаташ мебарад. Банда саодатманд намешавад, то модоме ки дар ин роҳ мустақим набошад)
Surah Al-Fatiha, Verse 6


صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ

Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на он роҳе, ки бар онҳо хашм гирифтаи ва на роҳи гумроҳон. (Роҳе, ки Ту неъмати худро бар эшон арзонӣ намудӣ аз паёмбарон, сиддиқон, шуҳадо ва солеҳон, ки онҳо ахди ҳидоят ва истиқоматанд. Ва моро набар ба он роҳе, ки Ту бар онҳо хашм гирифтаӣ. Онон касоне буданд, ки ҳақро донистанд ва ба он амал накарданд. Ва онҳо яхудиёнанд. Ва нагардон моро аз касоне, ки роҳгумкардаанд. Онон касонеанд, ки ҳидоят наёфтаанд ва гумроҳ шудаанд. Ва онон насороанд. Ин оят шифо аст барои қалби мусалмон аз инкори ҳақ, ҷаҳл ва гумроҳӣ. Бузургтарин неъмате, ки Аллоҳ таъоло бар бандагонаш арзонӣ кардааст, ин Ислом аст. Уламо иттифоқ кардаанд бар он, ки лафзи "Омин" аз ояти сураи Фотиҳа ба ҳисоб намеравад. Аз ин сабаб дар Қуръон онро китобат накардаанд. Маънои "Омин", ин аст, ки: Илоҳо қабул намо)
Surah Al-Fatiha, Verse 7


Author: Khoja Mirov


>> Surah 2

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai