Surah Al-Maun - Tajik Translation by Khoja Mirov
أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يُكَذِّبُ بِٱلدِّينِ
Оё дидаӣ онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурд
Surah Al-Maun, Verse 1
فَذَٰلِكَ ٱلَّذِي يَدُعُّ ٱلۡيَتِيمَ
Ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба хорӣ аз худ меронад
Surah Al-Maun, Verse 2
وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ
Ва мардумро ба таъом додан ба бенавоён тарғиб намекунад. Пас чӣ гуна ӯ аз ҷониби худ вайро таъом диҳад
Surah Al-Maun, Verse 3
فَوَيۡلٞ لِّلۡمُصَلِّينَ
Пас вой, бар он намозгузорон
Surah Al-Maun, Verse 4
ٱلَّذِينَ هُمۡ عَن صَلَاتِهِمۡ سَاهُونَ
ҳамон касоне ки аз намози худ дар ғафлатанд ва ба тамоми ҳуқуқҳояш онро баҷо намеоранд ва дар вақташ адо наменамоянд
Surah Al-Maun, Verse 5
ٱلَّذِينَ هُمۡ يُرَآءُونَ
Онон, ки бо амалҳои хуб риё мекунанд
Surah Al-Maun, Verse 6
وَيَمۡنَعُونَ ٱلۡمَاعُونَ
ва аз додани моъун саркашӣ мекунанд. Пас онҳо на ибодати Парвардигорашонро ба хубӣ баҷо меоранд ва на ба мардум некрафторанд
Surah Al-Maun, Verse 7