Surah Al-Baqara Verse 164 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraإِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلۡفُلۡكِ ٱلَّتِي تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖ وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلۡمُسَخَّرِ بَيۡنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Ба дурустӣ, дар офариниши осмонҳо бинобар баландӣ ва васеъияш ва замин бинобар кӯҳу пастӣ ва дарёҳояш ва дар паи якдигар омадани шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Аллоҳ аз осмон фурӯ мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар гардонидани бодҳо ва абрҳои ромшуда, ки миёни замину осмонанд, дар ҳамаи инҳо барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост! Ва ба ин далелҳо мефаҳманд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест