Surah Al-Baqara Verse 165 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَندَادٗا يُحِبُّونَهُمۡ كَحُبِّ ٱللَّهِۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَشَدُّ حُبّٗا لِّلَّهِۗ وَلَوۡ يَرَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِذۡ يَرَوۡنَ ٱلۡعَذَابَ أَنَّ ٱلۡقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعٗا وَأَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعَذَابِ
Бо вуҷуди ин далелҳои равшан баъзе аз мардум бо Аллоҳ шариконе ихтиёр мекунанд ва онҳоро бо таъзиму тоъат чунон дӯст медоранд, ки гӯё Аллоҳанд. Ҳол он ки таъзиму тоъат ҷуз барои Аллоҳ ба касе ё чизе сазовор нест. Вале онон, ки имон овардаанд, қавитаранд дар дӯстии Аллоҳ аз дӯстии кофирон бар маъбудони худ. Зеро мӯъминон ҳамаи муҳаббатро холис аз барои Аллоҳ медоранд ва мушрикон дар муҳаббат шарик қарор медиҳанд. Онон, ки нафси худро бо ширк зулм кардаанд ва агар азоби охиратро мушоҳида мекарданд, медонистанд, ки танҳо Аллоҳ дорои ҳамаи қувват аст ва Ӯ сахт азобкунандааст. Он гоҳ ба ҷуз Аллоҳ касеро маъбуд намегирифтанд ва наздик намешуданд