Surah Al-Baqara Verse 212 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraزُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَيَسۡخَرُونَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۘ وَٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٖ
Барои кофироне, ки ваҳдонияти Аллоҳро инкор намуданд, зиндагии инҷаҳонӣ ва он чи ки дар он аз шаҳват ва лаззатҳо ҳаст, дар чашм ва дилҳояшон зиннат дода шудааст ва мӯъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Аллоҳ метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Аллоҳ мӯъминонро ба олитарин дараҷаҳои ҷаннат дохил мекунад ва кофиронро ба пасттарин табақаҳои дӯзах фуруд меорад. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад