Surah Al-Baqara Verse 213 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraكَانَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ فَبَعَثَ ٱللَّهُ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَ ٱلنَّاسِ فِيمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَمَا ٱخۡتَلَفَ فِيهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ أُوتُوهُ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۖ فَهَدَى ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ مِنَ ٱلۡحَقِّ بِإِذۡنِهِۦۗ وَٱللَّهُ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٍ
Мардум як уммат буданд ва имон ба Аллоҳ доштанд баъд аз он дар динашон ихтилоф карданд, пас Аллоҳ паёмбарони хушхабардиҳанда ва тарсонандаро бифиристод ва касе, ки Аллоҳро итоъат кунад, дохили биҳишт шавад ва касе ба Аллоҳ кофир шавад ва Ӯро нофармонбардорӣ кунад, дохили дӯзах шавад. Ва Аллоҳ бар паёмбарон китобҳои барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале дар амри Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ихтилоф накарданд, магар касоне, ки ба онҳо китоби Таврот нозил шуда буд ва ихтилофашон ба сабаби зулм ва ҳасадашон буд. Аҳли китоб он чиро ки дар китобашон нозил шуда буд (аз ҳуҷҷатҳо ва аҳком), медонистанд. Пас Аллоҳ ба раҳмати худ мӯъминонро ба он ҳақиқате, ки дар он ихтилоф карданд, роҳ намуд. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад