Surah Al-Baqara Verse 266 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraأَيَوَدُّ أَحَدُكُمۡ أَن تَكُونَ لَهُۥ جَنَّةٞ مِّن نَّخِيلٖ وَأَعۡنَابٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ لَهُۥ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَأَصَابَهُ ٱلۡكِبَرُ وَلَهُۥ ذُرِّيَّةٞ ضُعَفَآءُ فَأَصَابَهَآ إِعۡصَارٞ فِيهِ نَارٞ فَٱحۡتَرَقَتۡۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَتَفَكَّرُونَ
Оё касе аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад ва зери он ҷӯйборҳо оби ширин равон бошад ва ӯро дар он боғ аз ҳар гуна меваҳо бошад ва дар ҳоле, ки пирӣ ӯро фаро гирад ва наметавонад ин гуна боғдорӣ кунад ва фарзандони заъиф ва нотавон дорад, наметавонанд ӯро ёрӣ кунанд. Ногаҳон гирдбоде, ки оташе дар он аст, бар он бивазад ва боғ бисӯзад? Инчунин Аллоҳ оётро барои шумо баён мекунад, то биандешед