Surah Al-Baqara Verse 267 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraيَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنفِقُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا كَسَبۡتُمۡ وَمِمَّآ أَخۡرَجۡنَا لَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِۖ وَلَا تَيَمَّمُواْ ٱلۡخَبِيثَ مِنۡهُ تُنفِقُونَ وَلَسۡتُم بِـَٔاخِذِيهِ إِلَّآ أَن تُغۡمِضُواْ فِيهِۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ
Эй касоне, ки имон ба Ман овардед ва пайрави расулони Ман ҳастед! Аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед аз он чи Мо аз замин бароятон рӯёндем, нафақа кунед ва қасд макунед, ки сифати пасти онро, ба камбағалон бидиҳед ва ҳол он ки агар ин гуна чиз (нафақа) ба шумо дода шавад, худатон гирандаи он нестед, магар он ки аз бадии он чашм бипӯшед. Пас чӣ гуна розӣ мешавед барои Аллоҳ онро, ки худ намеписандед? Ва бидонед, ки Аллоҳ аз садақаҳои шумо бениёз ва дар ҳама ҳол сазовори ситоиш аст