Surah Al-Baqara Verse 275 - Tajik Translation by Abdolmohammad Ayati
Surah Al-Baqaraٱلَّذِينَ يَأۡكُلُونَ ٱلرِّبَوٰاْ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِي يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مِنَ ٱلۡمَسِّۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡبَيۡعُ مِثۡلُ ٱلرِّبَوٰاْۗ وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلۡبَيۡعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰاْۚ فَمَن جَآءَهُۥ مَوۡعِظَةٞ مِّن رَّبِّهِۦ فَٱنتَهَىٰ فَلَهُۥ مَا سَلَفَ وَأَمۡرُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِۖ وَمَنۡ عَادَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Онон, ки рибо мехӯранд, дар қиёмат чун касоне аз қабр бармехезанд, ки ба афсуни шайтон девона шуда бошанд. Ва ин ба ҷазои он аст, ки гуфтанд: «Рибо низ чун хариду фурӯш аст». Дар ҳоле, ки Худо хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Ҳар кас, ки панди Худо ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, Худо аз гуноҳони пешини ӯ даргузарад ва кораш ба Худо вогузор шавад. Ва онон, ки бад-он кор бозгарданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд