Surah Al-Baqara Verse 275 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraٱلَّذِينَ يَأۡكُلُونَ ٱلرِّبَوٰاْ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِي يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مِنَ ٱلۡمَسِّۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡبَيۡعُ مِثۡلُ ٱلرِّبَوٰاْۗ وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلۡبَيۡعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰاْۚ فَمَن جَآءَهُۥ مَوۡعِظَةٞ مِّن رَّبِّهِۦ فَٱنتَهَىٰ فَلَهُۥ مَا سَلَفَ وَأَمۡرُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِۖ وَمَنۡ عَادَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Касоне, ки рибо (суд) мехӯранд аз қабр барнамехезанд, магар монанди касе, ки шайтон ӯро дучори девонагӣ кардааст, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: "Хариду фурӯш айнан монанди рибо аст" Аллоҳ онҳоро дурӯғ баровард ва баён кард, Ӯ хариду фурӯшро ҳалол намуда ва риборо ҳаром кардааст. Зеро дар хариду фурӯш барои ҳар фард ва ҷамоъат манфиатест ва дар рибо зиён ва ҳалокӣ аст. Пас касе, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ даст кашид ва тавба кард он чи дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад ва кори ӯ бо Аллоҳ аст. Ва ҳар кас, ки бо рибохӯрӣ бозгардад, пас онҳо аҳли оташанд ва дар он ҷо ҷовидона хоҳанд буд