Surah Al-Baqara Verse 89 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraوَلَمَّا جَآءَهُمۡ كِتَٰبٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٞ لِّمَا مَعَهُمۡ وَكَانُواْ مِن قَبۡلُ يَسۡتَفۡتِحُونَ عَلَى ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَلَمَّا جَآءَهُم مَّا عَرَفُواْ كَفَرُواْ بِهِۦۚ فَلَعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
Ва чун онҳоро аз ҷониби Аллоҳ китоби Қуръон омад, ки тасдиқкунандаи китоби онон (Таврот) буд, онро инкор карданд ва паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро низ инкор карданд. Ва ҳол он ки онҳо пеш аз ин бар мушрикони араб пирӯзӣ металабиданд ва мегуфтанд: Биъсати паёмбари охири замон наздик омад ва мо пайрави ӯ шуда, ҳамроҳи ӯ бо шумо меҷангем. Вақте ки паёмбар омад, ӯро шинохтанд, сифот ва сидқи ӯро донистанд, ӯро мункир шуданд. Пас лаънати Аллоҳ бар ҳар касе, ки ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) куфр меорад ва китобашро тасдиқ намекунад