Surah Al-Baqara Verse 90 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraبِئۡسَمَا ٱشۡتَرَوۡاْ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمۡ أَن يَكۡفُرُواْ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بَغۡيًا أَن يُنَزِّلَ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦۖ فَبَآءُو بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٖۚ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٞ مُّهِينٞ
Чи бадиест, ки бани Исроил барои худ онро ихтиёр намуданд; (яъне, куфрро ба ҷои имон баргузиданд.) Ва ин рафтор аз сабаби зулму ҳасади онон буд, зеро Аллоҳ аз фазлу карами хеш ба кадом бандае , ки ихтиёр кунад, Қуръонро нозил мекунад. Ва ба сабаби мункир шуданашон ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба сабаби тағйирдоданашон китоби Тавротро, хашме болои хашм оварданд. Ва кофиронро азобест хоркунанда