Surah An-Naml Verse 40 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah An-Namlقَالَ ٱلَّذِي عِندَهُۥ عِلۡمٞ مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبۡلَ أَن يَرۡتَدَّ إِلَيۡكَ طَرۡفُكَۚ فَلَمَّا رَءَاهُ مُسۡتَقِرًّا عِندَهُۥ قَالَ هَٰذَا مِن فَضۡلِ رَبِّي لِيَبۡلُوَنِيٓ ءَأَشۡكُرُ أَمۡ أَكۡفُرُۖ وَمَن شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّي غَنِيّٞ كَرِيمٞ
Ва он кас, ки аз илми китоби илоҳӣ баҳрае дошт, гуфт: «Албатта, ман, пеш аз он, ки чашм барҳам занӣ (мижа занӣ), онро назди ту меоварам». Пас Сулаймон ба ӯ рухсат дод, ӯ дуо кард ва тахти Малика оварда шуд. Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки сипосгузорам ё носипосӣ мекунам. Пас ҳар кӣ сипос гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Парвардигори ман бениёзу карим аст»