Surah Luqman Verse 25 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Luqmanوَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Ҳатман, мегӯянд: «Аллоҳ». Бигӯ эй Расули ман: «Ҳамаи ҳамду ситоиш хос барои Аллоҳ аст!» Вале бештари он мушрикон намедонанд ва андеша ҳам намекунанд, ки танҳо Аллоҳи барҳақ сазовори ҳамду ситоиш аст ва аз ин сабаб ба Аллоҳ шарик меоранд