Surah Luqman - Tajik Translation by Khoja Mirov
الٓمٓ
Алиф, Лом, Мим
Surah Luqman, Verse 1
تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡحَكِيمِ
Ин оятҳои китоби Қуръон ҳикматомӯз аст
Surah Luqman, Verse 2
هُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّلۡمُحۡسِنِينَ
(Ин оятҳо барои некӯкороне, ки бо китоби Қуръон ва суннати расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал мекунанд,) ҳидоят ва бахшоиш аст
Surah Luqman, Verse 3
ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ
Онон, ки намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти фарзшударо ба мустаҳиқонаш медиҳанд ва онҳо ба охират боварии яқин доранд
Surah Luqman, Verse 4
أُوْلَـٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
Инҳо касонеанд, ки аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо дар дунёву охират наҷотёфтагонанд
Surah Luqman, Verse 5
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشۡتَرِي لَهۡوَ ٱلۡحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ
Ва дар миёни мардум касоне ҳастанд, ки харидори сухани беҳудаанд, то бе ягон донише мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд ва Қуръонро ба масхара гиранд. Барои он гурӯҳ азоби хоркунандааст
Surah Luqman, Verse 6
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا وَلَّىٰ مُسۡتَكۡبِرٗا كَأَن لَّمۡ يَسۡمَعۡهَا كَأَنَّ فِيٓ أُذُنَيۡهِ وَقۡرٗاۖ فَبَشِّرۡهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
Ва чун оёти Мо бар ӯ хонда шаванд, бо худписандӣ рӯй баргардонад ва такаббур кунад, чунон ки гӯё он оёти моро нашунидааст. Ё монанди касе, ки дар ҳарду гӯши вай вазнинӣ аст, ки чизеро намешунавад. Эй Паёмбар, ӯро ба азоби дардовари рӯзи қиёмат мужда деҳ
Surah Luqman, Verse 7
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّـٰتُ ٱلنَّعِيمِ
Ба дурустӣ, онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман барояшон боғҳои пурнеъмати биҳишт аст
Surah Luqman, Verse 8
خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
Дар он ҷо дар ҷаннат ҷовидонаанд, ваъдаи Аллоҳ рост аст. Ӯ дар амраш пирӯзманд ва дар тадбираш ҳакиму доно аст
Surah Luqman, Verse 9
خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ بِغَيۡرِ عَمَدٖ تَرَوۡنَهَاۖ وَأَلۡقَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمۡ وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖۚ وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٖ كَرِيمٍ
Аллоҳ осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне офаридааст, ки мебинед ва бар рӯи замин кӯҳҳоро устувор бияфканд, то шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае (ҷондоре) дар он замин пароканда кардааст. Ва аз осмон об фуруд овардем ва дар он замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем
Surah Luqman, Verse 10
هَٰذَا خَلۡقُ ٱللَّهِ فَأَرُونِي مَاذَا خَلَقَ ٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦۚ بَلِ ٱلظَّـٰلِمُونَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
Ҳар он чи ки шумо мебинед, ин офариниши Аллоҳ аст. Пас, ба Ман нишон диҳед эй мушрикон, касонеро аз маъбудони шумо, ки ғайри Ӯ ҳастанд, ки чӣ чизеро офаридаанд? Балки золимон дар гумроҳии ошкоре ҳастанд
Surah Luqman, Verse 11
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا لُقۡمَٰنَ ٱلۡحِكۡمَةَ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِلَّهِۚ وَمَن يَشۡكُرۡ فَإِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٞ
Ва албатта, ба Луқмон (бандаи солеҳ) ҳикмат додем ва ба ӯ гуфтем: «Аллоҳро шукр гӯй, зеро ҳар кӣ шукр гӯяд, албатта, ба фоидаи худ шукр гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Аллоҳ аз шукргузории бандагонаш бениёз аст ва дар ҳама ҳол сутудааст!»
Surah Luqman, Verse 12
وَإِذۡ قَالَ لُقۡمَٰنُ لِٱبۡنِهِۦ وَهُوَ يَعِظُهُۥ يَٰبُنَيَّ لَا تُشۡرِكۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّ ٱلشِّرۡكَ لَظُلۡمٌ عَظِيمٞ
(Ва эй Расул, ёдовар шав) он гоҳ ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Аллоҳ ширк маёвар, ҳароина, ширк ситами бузургест
Surah Luqman, Verse 13
وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ
Одамиро дар бораи некӯӣ кардан ба падару модараш супориш кардем, модараш ӯро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар бардошт ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар давоми ду сол аст. Ва супориш кардем, то ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст
Surah Luqman, Verse 14
وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Эй фарзанди мӯъмин, агар он ду (падару модарат мушрик бошанд), талош кунанд, ки чизеро ба ҳақиқати он дониш надорӣ онро шарики ман қарор диҳӣ, аз он итоат макун. Дар дунё ба хубӣ бо онон рафтор кун ва худ роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба даргоҳи Ман тавба карда бозмегарданд. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам ва ҳар якеро ҷазои муносиб ҷазо хоҳам дод
Surah Luqman, Verse 15
يَٰبُنَيَّ إِنَّهَآ إِن تَكُ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٖ فَتَكُن فِي صَخۡرَةٍ أَوۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَوۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَأۡتِ بِهَا ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٞ
Луқмон гуфт: эй писараки ман! «Агар амали бад ё нек ба қадри як донаи хардал (сипандон ё ҳазориспанд) дар даруни санге ё дар бурҷи осмонҳо ё дар қаъри замин бошад, Аллоҳ таоло ҳатман рӯзи қиёмат ӯро меоварад, ки ҳароина, Ӯ ба амалҳои бандагонаш нозукбину огоҳ аст
Surah Luqman, Verse 16
يَٰبُنَيَّ أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ وَأۡمُرۡ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَٱنۡهَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَآ أَصَابَكَۖ إِنَّ ذَٰلِكَ مِنۡ عَزۡمِ ٱلۡأُمُورِ
Эй писараки ман! Намозро бо тамоми аркон ва шартҳову воҷиботаш бигузор ва бо ҳикмат амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ азият бар ту расад, сабр кун, албатта, ин аз муҳимтарин корҳоест, ки бояд дар он устувор бошӣ
Surah Luqman, Verse 17
وَلَا تُصَعِّرۡ خَدَّكَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمۡشِ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَحًاۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٖ
Ба такаббур аз мардум рӯй магардон, вақте ки бо ту сухан гӯянд ё бо онҳо сухан гӯй ва худписандона бар замин роҳ марав, ҳароина, Аллоҳ ҳеҷ худситои фахркунандаро дӯст надорад
Surah Luqman, Verse 18
وَٱقۡصِدۡ فِي مَشۡيِكَ وَٱغۡضُضۡ مِن صَوۡتِكَۚ إِنَّ أَنكَرَ ٱلۡأَصۡوَٰتِ لَصَوۡتُ ٱلۡحَمِيرِ
Ва дар роҳ рафтанат роҳи миёнаро пеша кун ва овозатро фуруд ор (паст кун), ҳамоно бадтарини овозҳо, овози харон аст
Surah Luqman, Verse 19
أَلَمۡ تَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ سَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَأَسۡبَغَ عَلَيۡكُمۡ نِعَمَهُۥ ظَٰهِرَةٗ وَبَاطِنَةٗۗ وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَلَا هُدٗى وَلَا كِتَٰبٖ مُّنِيرٖ
Эй мардум, оё надидаед, ки ба таҳқиқ Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чи ошкор монанди узви бадан ва чи пинҳон монанди ақл ба пуррагӣ бар шумо арзонӣ доштааст? Ва баъзе аз мардум касест, ки бе ҳеҷ донишу роҳнамоӣ ва китоби равшане дар бораи Аллоҳ ҷидол мекунанд
Surah Luqman, Verse 20
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّبِعُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُواْ بَلۡ نَتَّبِعُ مَا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَآۚ أَوَلَوۡ كَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ يَدۡعُوهُمۡ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ
Ва чун барои онҳое, ки дар ибодати ягонагии Аллоҳ ҷидол мекунанд, гуфта шавад: «Аз он чи Аллоҳ нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «(На), балки мо аз чизе пайрвӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтем». Оё ҳатто агарчи шайтон онҳоро ба азоби оташи сӯзон даъват кунад, боз ҳам ба онҳо пайравӣ мекунанд
Surah Luqman, Verse 21
۞وَمَن يُسۡلِمۡ وَجۡهَهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ وَهُوَ مُحۡسِنٞ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰۗ وَإِلَى ٱللَّهِ عَٰقِبَةُ ٱلۡأُمُورِ
Ва ҳар касе некӯкорона рӯи хешро ба сӯй Аллоҳ таслим кунад, албатта, ба дастовези бисёр мустаҳкам чанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ аст! Пас, некӯкорро бар некӯиаш ва бадкорро бар бадиаш ҷазо хоҳад дод
Surah Luqman, Verse 22
وَمَن كَفَرَ فَلَا يَحۡزُنكَ كُفۡرُهُۥٓۚ إِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ فَنُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Ва касе, ки кофир шудааст, куфраш туро эй Расул, ғамгин насозад, зеро вазифаи ту танҳо даъват кардани мардум ба сӯи ҳақ аст. Бозгашташон назди Мост. Пас, ба корҳое, ки дар дунё кардаанд, огоҳашон мекунем. Ҳароина, Аллоҳ ба он чи дар дилҳо мегузарад, доност ва чизе бар Ӯ пинҳон намемонад
Surah Luqman, Verse 23
نُمَتِّعُهُمۡ قَلِيلٗا ثُمَّ نَضۡطَرُّهُمۡ إِلَىٰ عَذَابٍ غَلِيظٖ
Онҳоро андаке дар ин дунёи фонӣ баҳраманд месозем, сипас рӯзи қиёмат онҳоро ба бечорагӣ ба азоби сахт мекашем
Surah Luqman, Verse 24
وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Ҳатман, мегӯянд: «Аллоҳ». Бигӯ эй Расули ман: «Ҳамаи ҳамду ситоиш хос барои Аллоҳ аст!» Вале бештари он мушрикон намедонанд ва андеша ҳам намекунанд, ки танҳо Аллоҳи барҳақ сазовори ҳамду ситоиш аст ва аз ин сабаб ба Аллоҳ шарик меоранд
Surah Luqman, Verse 25
لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ
Аз они Аллоҳ аст ҳама он чи дар осмонҳову замин вуҷуд дорад, пас сазовор нест, ки ғайри Ӯро парастиш карда шавад ва ҳароина, Аллоҳ аз халқаш бениёз аст ва ба онҳо мӯҳтоҷ нест ва дар ҳама ҳол сутудааст
Surah Luqman, Verse 26
وَلَوۡ أَنَّمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن شَجَرَةٍ أَقۡلَٰمٞ وَٱلۡبَحۡرُ يَمُدُّهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦ سَبۡعَةُ أَبۡحُرٖ مَّا نَفِدَتۡ كَلِمَٰتُ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ
Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва дарё ранг шавад ва ҳафт дарёи дигар ба мададӣ ӯ биёянд ва бо он қаламҳо суханони Аллоҳ навишта шавад ва қаламҳо шикаста шаванд ва рангҳо тамом шаванд, вале суханони Аллоҳ поён намеёбад. Ва албатта, Аллоҳ ғолиб аст бар касе, ки бар Ӯ шарик меорад ва ҳакиму доно аст дар тадбири кори халқаш
Surah Luqman, Verse 27
مَّا خَلۡقُكُمۡ وَلَا بَعۡثُكُمۡ إِلَّا كَنَفۡسٖ وَٰحِدَةٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعُۢ بَصِيرٌ
Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон рӯзи қиёмат танҳо монанди зинда кардани як тан аст. Албатта, Аллоҳ ба гуфтугӯи шумо шунаво аст ва ба амалҳои шумо биност
Surah Luqman, Verse 28
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُولِجُ ٱلَّيۡلَ فِي ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِي ٱلَّيۡلِ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِيٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى وَأَنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ
Оё надидаӣ, ки Аллоҳ аз соатҳои шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз соатҳои рӯз мекоҳаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро барои шумо ром сохт, ки ҳар як то замони муайяне дар ҳаракат аст? Ва албатта, Аллоҳ ба корҳои неку баде, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе бар Ӯ пинҳон намемонад
Surah Luqman, Verse 29
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِ ٱلۡبَٰطِلُ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡكَبِيرُ
Ин ҳама қудрату тавоноии Аллоҳ ба он сабаб аст, ки бояд бидонед, Аллоҳи якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ғайр аз Ӯ мехонанд ва ибодат мекунанд, ҳароина, ботил аст ва албатта, Аллоҳ баландмартабаву бузургвор аст
Surah Luqman, Verse 30
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱلۡفُلۡكَ تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِنِعۡمَتِ ٱللَّهِ لِيُرِيَكُم مِّنۡ ءَايَٰتِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّكُلِّ صَبَّارٖ شَكُورٖ
Оё надидаӣ эй бинанда, ки киштиҳо ба фазли Аллоҳ дар дарё равон мешаванд, то Аллоҳ баъзе аз нишонаҳои қудрати тавоноии худро ба шумо бинамоёнад? Ҳароина, дар ин кор барои мардуми сабркунандаи сипосгузор ибратҳост
Surah Luqman, Verse 31
وَإِذَا غَشِيَهُم مَّوۡجٞ كَٱلظُّلَلِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ فَمِنۡهُم مُّقۡتَصِدٞۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا كُلُّ خَتَّارٖ كَفُورٖ
Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро пӯшонад, пас мушрикон Аллоҳро аз рӯи ихлос мехонанд ва ибодатро хоси Ӯ медонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, пас баъзе аз онҳо миёнарав ҳастанд ва баъзеяшон кофир. Ва ғайр аз хиёнаткорон (нобакорон) оёти Моро ҳеҷ каси дигар инкор намекунанд
Surah Luqman, Verse 32
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱتَّقُواْ رَبَّكُمۡ وَٱخۡشَوۡاْ يَوۡمٗا لَّا يَجۡزِي وَالِدٌ عَن وَلَدِهِۦ وَلَا مَوۡلُودٌ هُوَ جَازٍ عَن وَالِدِهِۦ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞۖ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَلَا يَغُرَّنَّكُم بِٱللَّهِ ٱلۡغَرُورُ
Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад, ҳазар кунед. Ваъдаи Аллоҳ албатта, ҳақ аст, пас зиндагонии дунё шуморо фиреб надиҳад, то ки охиратро фаромӯш накунед ва низ шайтони фиребкор ба карами Аллоҳ фиребатон насозад
Surah Luqman, Verse 33
إِنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِ وَيُنَزِّلُ ٱلۡغَيۡثَ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡأَرۡحَامِۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسٞ مَّاذَا تَكۡسِبُ غَدٗاۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسُۢ بِأَيِّ أَرۡضٖ تَمُوتُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرُۢ
Ӯст, ки боронро меборонад ва аз он чи дар бачадони занҳои ҳомила аст, медонад. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чи чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад, балки донистани ин умур аз хусусияти Аллоҳ аст. Ҳароина, Аллоҳ донову огоҳ аст ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад
Surah Luqman, Verse 34