UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah As-Sajda - Tajik Translation by Khoja Mirov


الٓمٓ

Алиф, Лом, Мим
Surah As-Sajda, Verse 1


تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَا رَيۡبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Нозил шудани ин китоби Қуръон, ки ҳеҷ шакке дар он нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah As-Sajda, Verse 2


أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۚ بَلۡ هُوَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوۡمٗا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٖ مِّن قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ

Оё мушрикон мегӯянд: Муҳаммад онро ба дурӯғ бофтааст? На, онҳо дурӯғ мегӯянд, балки Қуръон суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат барои ту нозил шудааст, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, битарсонӣ. Шояд аз гумроҳиашон наҷот ёбанд ва ба роҳи ҳидоят афтанд
Surah As-Sajda, Verse 3


ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ مَا لَكُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَلِيّٖ وَلَا شَفِيعٍۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ

Аллоҳ зотест, ки осмонҳову заминро ва он чи миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ бар Арш истиво ёфт. Шуморо ғайри Ӯ дӯст ё шафоаткунандае нест. Оё панд намегмред
Surah As-Sajda, Verse 4


يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ثُمَّ يَعۡرُجُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٖ كَانَ مِقۡدَارُهُۥٓ أَلۡفَ سَنَةٖ مِّمَّا تَعُدُّونَ

Кори ҷаҳони ҳастиро аз осмон то замин тадбир менамояд. Сипас он корҳо дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки дар ин дунё мешуморед, ба сӯи Ӯ боло мераванд
Surah As-Sajda, Verse 5


ذَٰلِكَ عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Аллоҳ, ки донои пинҳону ошкор аст ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад, ғолибу меҳрубон аст
Surah As-Sajda, Verse 6


ٱلَّذِيٓ أَحۡسَنَ كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥۖ وَبَدَأَ خَلۡقَ ٱلۡإِنسَٰنِ مِن طِينٖ

Он Зоте, ки ҳар чиро офарид ба некӯтарин сурат офарид ва офариниши одамро аз гил оғоз кард. (Ҳамоно он, Одам алайҳиссалом аст)
Surah As-Sajda, Verse 7


ثُمَّ جَعَلَ نَسۡلَهُۥ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ

Сипас насли ӯро аз қатраи оби пасту ночиз офарид
Surah As-Sajda, Verse 8


ثُمَّ سَوَّىٰهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِۦۖ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ

Он гоҳ аъзои шакли ӯро рост кард ва пурра гардонид ва офариниши ӯро бисёр зебо ва некӯ намуд ва аз Рӯҳи Худ ба воситаи малоика дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо сохт, то байни овозу рангҳоро ҷудо кунед ва дилҳо офарид, то ба ақли хеш байни неку бад ва фоидаву зарарро дарк намоед. Чи андак шумо шукр мегӯед
Surah As-Sajda, Verse 9


وَقَالُوٓاْ أَءِذَا ضَلَلۡنَا فِي ٱلۡأَرۡضِ أَءِنَّا لَفِي خَلۡقٖ جَدِيدِۭۚ بَلۡ هُم بِلِقَآءِ رَبِّهِمۡ كَٰفِرُونَ

Ба мушрикон гуфтанд: Оё вақте ки дар замин бо гӯшту устухонамон несту нобуд шавем, оё бори дигар дар офариниши нав хоҳем буд? Балки онҳо ба дидори Парвардигорашон имон надоранд
Surah As-Sajda, Verse 10


۞قُلۡ يَتَوَفَّىٰكُم مَّلَكُ ٱلۡمَوۡتِ ٱلَّذِي وُكِّلَ بِكُمۡ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ تُرۡجَعُونَ

Бигӯ эй Расул: Фариштаи марг (Малакулмавт), ки бар шумо муваккал (вазифадор карда шудааст), ҷонатонро мегирад ва лаҳзае таъхир намекунад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед ва он гоҳ шуморо тибқи амалҳоятон подош ва ҷазо хоҳад дод
Surah As-Sajda, Verse 11


وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلۡمُجۡرِمُونَ نَاكِسُواْ رُءُوسِهِمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ رَبَّنَآ أَبۡصَرۡنَا وَسَمِعۡنَا فَٱرۡجِعۡنَا نَعۡمَلۡ صَٰلِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ

Ва агар он гоҳ бубинӣ, ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сархам кардаанд ва мегӯянд: Эй Парвардигори мо, дидем амалҳои бадамонро ва шунидем он чиро, ки дар дунё Расулат бо мо мефармуд. Акнун моро бозгардон, ба дунё то кори шоистае кунем, ки инак, ба яқин расидаем ва он чиро, ки пеш дурӯғ мебаровардем, акнун ба он бовар дорем
Surah As-Sajda, Verse 12


وَلَوۡ شِئۡنَا لَأٓتَيۡنَا كُلَّ نَفۡسٍ هُدَىٰهَا وَلَٰكِنۡ حَقَّ ٱلۡقَوۡلُ مِنِّي لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ

Агар Мо мехостем, ба ҳар кас ҳидояташро медодем, вале ваъдаи Ман ҳақ аст, ки ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинҳо ва одамиён пур мекунам. Ва ин ба он сабаб буд, ки онҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят ихтиёр намуданд
Surah As-Sajda, Verse 13


فَذُوقُواْ بِمَا نَسِيتُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَآ إِنَّا نَسِينَٰكُمۡۖ وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡخُلۡدِ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Эй мушрикон, пас ба сазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун азобро бичашед. Ҳароина, Мо низ шуморо имрӯз фаромӯш кардаем. Ба сазои куфр ва маъсияте, ки мекардед, азоби доимиро бичашед
Surah As-Sajda, Verse 14


إِنَّمَا يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُواْ بِهَا خَرُّواْۤ سُجَّدٗاۤ وَسَبَّحُواْ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ۩

Танҳо касоне ба оёти Қуръони Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва онҳо аз саҷда кардан ва ба покӣ ёд намудани Офаридгорашон такаббур намекунанд
Surah As-Sajda, Verse 15


تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمۡ عَنِ ٱلۡمَضَاجِعِ يَدۡعُونَ رَبَّهُمۡ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ

Аз бистари хоб пахлӯҳояшон дур мемонад, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд, ки амалҳояшонро мақбули даргоҳаш кунад ва аз он ризқе, ки ба онҳо дар роҳи Аллоҳ додаем, садақа мекунанд
Surah As-Sajda, Verse 16


فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Пас, ҳеҷ кас намедонад, дар баробари корҳое, ки мӯъминон дар дунё анҷом медиҳанд, чи чизҳое дар охират барояшон пинҳон шуда, сабаби равшании чашмҳо аст ва дилҳояшон ба он ором мегирад
Surah As-Sajda, Verse 17


أَفَمَن كَانَ مُؤۡمِنٗا كَمَن كَانَ فَاسِقٗاۚ لَّا يَسۡتَوُۥنَ

Оё касе, ки мӯъмин аст, монанди касест, ки фосиқ аст? На, ҳаргиз дар назди Аллоҳ баробар нестанд
Surah As-Sajda, Verse 18


أَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَلَهُمۡ جَنَّـٰتُ ٱلۡمَأۡوَىٰ نُزُلَۢا بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба сабаби он амалҳое, ки дар дунё мекарданд, барояшон манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт мебошад
Surah As-Sajda, Verse 19


وَأَمَّا ٱلَّذِينَ فَسَقُواْ فَمَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُۖ كُلَّمَآ أَرَادُوٓاْ أَن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَآ أُعِيدُواْ فِيهَا وَقِيلَ لَهُمۡ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ

Ва аммо касоне, ки фосиқ буданд, онон ки аз тоати Аллоҳ берун омаданд ва корҳои гуноҳ карданд, манзилгоҳашон оташи дӯзах аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва ба онҳо бигӯянд: Бичашед азоби оташеро, ки дар дунё дурӯғаш мепиндоштед
Surah As-Sajda, Verse 20


وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَدۡنَىٰ دُونَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَكۡبَرِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ва албатта, бичашонем фосиқонро аз азоби наздики ин дунё; (монанди офат, бало ва дигар мусибатҳо), пеш аз азоби бузурги охират, шояд онҳо аз гуноҳони худ тавба карда баргарданд
Surah As-Sajda, Verse 21


وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ

Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, сипас аз ҳамаи онҳо рӯй гардонад? Мо, ҳароина, аз гунаҳкорон интиқом мегирем
Surah As-Sajda, Verse 22


وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَلَا تَكُن فِي مِرۡيَةٖ مِّن لِّقَآئِهِۦۖ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

Дар ҳақиқат ба Мӯсо китоб додем, (чунон ки ба ту эй Расул Қуръонро додем.) Пас аз дидори Мӯсо дар шаби Исро ва Меъроҷ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои банӣ Исроил қарор додем
Surah As-Sajda, Verse 23


وَجَعَلۡنَا مِنۡهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا لَمَّا صَبَرُواْۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يُوقِنُونَ

Ва аз фарзандони Исроил пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо мардумро ҳидоят мекарданд ва онҳоро ба ибодати Аллоҳ даъват мекарданд ва чун сабр пеша карданд бар душвориҳои даъват ва ҳидояти мардум ва ба оёти Мо, яқин доштанд
Surah As-Sajda, Verse 24


إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ

Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ кофирон ва мӯъминон ихтилоф мекарданд, миёнашон бо адл доварӣ мекунад ва ҳар киро ҷазои муносиб хоҳад дод
Surah As-Sajda, Verse 25


أَوَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍۚ أَفَلَا يَسۡمَعُونَ

Оё барои кофирони Макка равшан нашудааст, ки пеш аз онҳо чӣ қадар аз наслҳоро нобуд кардем ва инҳо дар сафарҳои худ аз диёрҳои қавми Ҳуд, Солеҳ ва Лут мегузаранд ва он вайронаҳоро мушоҳида мекунанд ва дар хонаву ҷои онҳо роҳ мераванд. Бегумон дар ин нишонаҳоест бар ҳақиқат будани паёмбарон, оё намешунаванд ин оятҳоро, то аз онҳо панд пазиранд
Surah As-Sajda, Verse 26


أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا نَسُوقُ ٱلۡمَآءَ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلۡجُرُزِ فَنُخۡرِجُ بِهِۦ زَرۡعٗا تَأۡكُلُ مِنۡهُ أَنۡعَٰمُهُمۡ وَأَنفُسُهُمۡۚ أَفَلَا يُبۡصِرُونَ

Оё надидаанд, дурӯғшуморандагони рӯзи қиёмат, ки ҳароина, Мо обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем чорпоёнашон ва худашон аз он бихӯранд? Оё ин неъматҳоро бо чашмони худ намебинанд? Пас бидонанд, ки Аллоҳ таоло ин гуна чизҳоеро, ки падид овард, албатта, бар зинда гардондани мурдаҳо қодир аст
Surah As-Sajda, Verse 27


وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡفَتۡحُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Мушрикон ба азоби Аллоҳ шитобида ва мегӯянд: Агар рост мегӯед ва даъво мекунед, ки мо ба азоб гирифтор хоҳем шуд, пас пирӯзӣ чӣ вақт хоҳад буд
Surah As-Sajda, Verse 28


قُلۡ يَوۡمَ ٱلۡفَتۡحِ لَا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِيمَٰنُهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ

Бигӯ эй Расул: Дар рӯзи пирӯзӣ имон овардани кофирон судашон надиҳад, зеро имонашон, имони ночорӣ аст ва ба онҳо мӯҳлат дода нашавад, то аз гуноҳҳои гузаштаи худ тавба кунанд
Surah As-Sajda, Verse 29


فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَٱنتَظِرۡ إِنَّهُم مُّنتَظِرُونَ

Пас, (эй Расули Мо), аз мушрикон рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо ба азоб гирифтор хоҳанд шуд ва низ онҳо дар интизоранд, ки ту дар азобе мубтало шавӣ
Surah As-Sajda, Verse 30


Author: Khoja Mirov


<< Surah 31
>> Surah 33

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai