Surah As-Sajda - Tajik Translation by Www.islamhouse.com
الٓمٓ
Алиф, лом, мим
Surah As-Sajda, Verse 1
تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَا رَيۡبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Нузули ин китоб, ки дар [ҳаққонияти] он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст
Surah As-Sajda, Verse 2
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۚ بَلۡ هُوَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوۡمٗا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٖ مِّن قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ
[Кофирон] Мегӯянд: «[Муҳаммад] Онро ба дурӯғ [ба Парвардигораш] нисбат медиҳад». [Ҳаргиз чунин нест] Балки он [оёт сухани] ҳаққе аз ҷониби Парвардигори туст, то ба қавме, ки пеш аз ту барояшон [ҳеҷ] бимдиҳандае наомадааст, ҳушдор диҳӣ, бошад, ки ҳидоят шаванд
Surah As-Sajda, Verse 3
ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ مَا لَكُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَلِيّٖ وَلَا شَفِيعٍۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ
Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офарид, он гоҳ, [ки шоистаи шукуҳи Ӯст] бар Арш қарор гирифт. Шумо ба ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу шафоатгаре надоред. Оё панд намегиред
Surah As-Sajda, Verse 4
يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ثُمَّ يَعۡرُجُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٖ كَانَ مِقۡدَارُهُۥٓ أَلۡفَ سَنَةٖ مِّمَّا تَعُدُّونَ
Кор [-и ҷаҳони ҳастӣ]-ро аз осмон то замин тадбир мекунад. Он гоҳ дар рӯзе, ки миқдори он барои шумо [инсонҳо] ҳазор сол аст, [ин корҳо] ба сӯи Ӯ боло меравад
Surah As-Sajda, Verse 5
ذَٰلِكَ عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Ин [Парвардигори шумост] донои пинҳону ошкор, шикастнопазири меҳрубон
Surah As-Sajda, Verse 6
ٱلَّذِيٓ أَحۡسَنَ كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥۖ وَبَدَأَ خَلۡقَ ٱلۡإِنسَٰنِ مِن طِينٖ
[Ҳамон] Касе, ки ҳар чи офарид, ба накутарин [шакл] офарид ва офариниши [нахустини] инсонро аз гил оғоз кард
Surah As-Sajda, Verse 7
ثُمَّ جَعَلَ نَسۡلَهُۥ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ
Сипас насли ӯро аз чакидаи оби беарзиш падид овард
Surah As-Sajda, Verse 8
ثُمَّ سَوَّىٰهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِۦۖ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ
Он гоҳ [андоми] ӯро сомон дод ва аз рӯҳи хеш [рӯҳе, ки худ офарид] дар вай дамид ва барои шумо [неъмати] гӯшу чашм ва дил қарор дод. Чи андак сипос мегузоред
Surah As-Sajda, Verse 9
وَقَالُوٓاْ أَءِذَا ضَلَلۡنَا فِي ٱلۡأَرۡضِ أَءِنَّا لَفِي خَلۡقٖ جَدِيدِۭۚ بَلۡ هُم بِلِقَآءِ رَبِّهِمۡ كَٰفِرُونَ
[Мушрикон] Мегӯянд: «Оё вақте [мурдем ва] дар замин нопадид шудем, офариниши ҷадиде хоҳем ёфт»? Балки онон дидори Парвардигорашонро мункиранд
Surah As-Sajda, Verse 10
۞قُلۡ يَتَوَفَّىٰكُم مَّلَكُ ٱلۡمَوۡتِ ٱلَّذِي وُكِّلَ بِكُمۡ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ تُرۡجَعُونَ
[Эй паёмбар] бигӯ: «Фариштаи марг, ки бар шумо гумошта шудааст, ҷонатонро мегирад, он гоҳ ба сӯйи Парвардигоратон бозгардонда мешавед»
Surah As-Sajda, Verse 11
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلۡمُجۡرِمُونَ نَاكِسُواْ رُءُوسِهِمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ رَبَّنَآ أَبۡصَرۡنَا وَسَمِعۡنَا فَٱرۡجِعۡنَا نَعۡمَلۡ صَٰلِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ
Ва чун [дар қиёмат] гунаҳгоронро дар пешгоҳи Парвардигорашон бубинӣ, сар ба зер афкандаанд [ва мегӯянд] «Парвардигоро, [акнун ҳақиқатро] дидем ва шунидем, пас, моро бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем. Бе тардид, мо [ба қиёмат] яқин дорем»
Surah As-Sajda, Verse 12
وَلَوۡ شِئۡنَا لَأٓتَيۡنَا كُلَّ نَفۡسٍ هُدَىٰهَا وَلَٰكِنۡ حَقَّ ٱلۡقَوۡلُ مِنِّي لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ
Агар мехостем, ба ҳар касе [тавфиқ ва] ҳидояташро арзонӣ медоштем, вале ин сухан [-у ваъдаи] ман ҳақ аст, ки: «Дузахро аз ҳамаи ҷинниён ва одамиён [-и кофир] анбошта хоҳам кард»
Surah As-Sajda, Verse 13
فَذُوقُواْ بِمَا نَسِيتُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَآ إِنَّا نَسِينَٰكُمۡۖ وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡخُلۡدِ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
[Ба онон гуфта мешавад] «Ба сазои он ки дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед, [азоби сӯзонро] бичашед. Яқинан, мо [низ] шуморо [дар оташ] раҳо кардаем ва [акнун] ба сазои он чи мекардед, азоби ҷовидонро бичашед
Surah As-Sajda, Verse 14
إِنَّمَا يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُواْ بِهَا خَرُّواْۤ سُجَّدٗاۤ وَسَبَّحُواْ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ۩
Фақат касоне ба оёти Мо имон меоваранд, ки чун ба онҳо панд дода шавад, ба саҷда меафтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва такаббур намекунанд
Surah As-Sajda, Verse 15
تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمۡ عَنِ ٱلۡمَضَاجِعِ يَدۡعُونَ رَبَّهُمۡ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ
[Дар дили шаб] Аз бистарҳо бармехезанд ва Парвардигорашонро бо биму умед [ба ниёиш] мехонанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд
Surah As-Sajda, Verse 16
فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Пас, ҳеҷ кас намедонад, ба [поси] он чи [ин муъминон дар дунё] анҷом медиҳанд, чи [бисёр мояи] равшании чашмҳо барояшон нуҳуфта аст
Surah As-Sajda, Verse 17
أَفَمَن كَانَ مُؤۡمِنٗا كَمَن كَانَ فَاسِقٗاۚ لَّا يَسۡتَوُۥنَ
Оё [подоши] касе, ки муъмин аст, ҳамчун касест, ки нофармон аст? Ҳаргиз баробар нестанд
Surah As-Sajda, Verse 18
أَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَلَهُمۡ جَنَّـٰتُ ٱلۡمَأۡوَىٰ نُزُلَۢا بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҷойгоҳашон боғҳо [-и биҳиштӣ] аст. Подошест ба [поси] он чи мекарданд
Surah As-Sajda, Verse 19
وَأَمَّا ٱلَّذِينَ فَسَقُواْ فَمَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُۖ كُلَّمَآ أَرَادُوٓاْ أَن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَآ أُعِيدُواْ فِيهَا وَقِيلَ لَهُمۡ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Ва аммо касоне, ки нофармонӣ карданд, ҷойгоҳашон оташ [-и дузах] аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд аз он хориҷ шаванд, ба дарунаш бозгардонда мешаванд ва ба онон гуфта мешавад: «Бичашед азоби оташеро, ки ҳамвора дурӯғаш меангоштед»
Surah As-Sajda, Verse 20
وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَدۡنَىٰ دُونَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَكۡبَرِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ
Яқинан пеш аз азоби бузурги [охират] аз азоби наздик [ва сахтиҳои ин дунё] ба онон мечашонем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ] бозгарданд
Surah As-Sajda, Verse 21
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ
Кист ситамгортар аз он ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд дода мешавад, сипас аз он рӯй мегардонад? Бе тардид, Мо аз гунаҳгорон интиқом мегирем
Surah As-Sajda, Verse 22
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَلَا تَكُن فِي مِرۡيَةٖ مِّن لِّقَآئِهِۦۖ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ
Мо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем – пас, [эй паёмбар] аз дидори Ӯ дар тардид набош – ва онро раҳнамуди Бани Исроил гардонидем
Surah As-Sajda, Verse 23
وَجَعَلۡنَا مِنۡهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا لَمَّا صَبَرُواْۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يُوقِنُونَ
ва чун онон [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] шикебоӣ мекарданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, аз миёнашон пешвоёне баргумоштем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд
Surah As-Sajda, Verse 24
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
Мусалламан, Парвардигори туст, ки рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ мекунад
Surah As-Sajda, Verse 25
أَوَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍۚ أَفَلَا يَسۡمَعُونَ
Оё барояшон равшан нашудааст, ки чи бисёр наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин кофирон] дар хонаҳои онҳо роҳ мераванд? Ба ростӣ, ки дар ин [азобу нобудӣ] ибратҳост. Оё [боз ҳам сухани ҳақро] намешунаванд
Surah As-Sajda, Verse 26
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا نَسُوقُ ٱلۡمَآءَ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلۡجُرُزِ فَنُخۡرِجُ بِهِۦ زَرۡعٗا تَأۡكُلُ مِنۡهُ أَنۡعَٰمُهُمۡ وَأَنفُسُهُمۡۚ أَفَلَا يُبۡصِرُونَ
Оё надиданд, ки Мо боронро ба сӯйи замини хушк [ва бегиёҳ] мефиристем ва ба василаи он киштзоре падид меоварем, ки худ ва чаҳорпоёнашон аз он мехӯранд? Оё [нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло бар растохезро] намебинанд
Surah As-Sajda, Verse 27
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡفَتۡحُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин доварӣ [миёни мо ва шумо] кай фаро мерасад»
Surah As-Sajda, Verse 28
قُلۡ يَوۡمَ ٱلۡفَتۡحِ لَا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِيمَٰنُهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ
Бигӯ: «Дар рӯзи доварӣ [ки ҷудоии ҳақ ва ботил аст] имон овардани касоне, ки куфр варзиданд, суде надорад ва ба онон муҳлат [-и тавба] дода намешавад»
Surah As-Sajda, Verse 29
فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَٱنتَظِرۡ إِنَّهُم مُّنتَظِرُونَ
Пас, [эй паёмбар, акнун ки бар ширк пофишорӣ мекунанд] аз эшон рӯй бигардон ва мунтазири [азобашон] бош [ки] бе тардид, онон [низ] мунтазиранд
Surah As-Sajda, Verse 30