UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Ar-Room - Tajik Translation by Khoja Mirov


الٓمٓ

Алиф, Аом, Мим
Surah Ar-Room, Verse 1


غُلِبَتِ ٱلرُّومُ

Румиён шикаст хӯрданд, аз дасти форсиён
Surah Ar-Room, Verse 2


فِيٓ أَدۡنَى ٱلۡأَرۡضِ وَهُم مِّنۢ بَعۡدِ غَلَبِهِمۡ سَيَغۡلِبُونَ

дар наздиктарин сарзамин, вале онҳо баъд аз шикасташон ба зудӣ ғолиб хоҳанд шуд
Surah Ar-Room, Verse 3


فِي بِضۡعِ سِنِينَۗ لِلَّهِ ٱلۡأَمۡرُ مِن قَبۡلُ وَمِنۢ بَعۡدُۚ وَيَوۡمَئِذٖ يَفۡرَحُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ

дар муддати чанд соле. Пеш аз ин пирӯзӣ ва пас аз ин пирӯзӣ фармон аз они Аллоҳ аст. Ва он рӯз, ки румиён ғолиб шаванд, муъминон шодмон мешаванд
Surah Ar-Room, Verse 4


بِنَصۡرِ ٱللَّهِۚ يَنصُرُ مَن يَشَآءُۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

ба сабаби ёрии Аллоҳ. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, ва ҳар касро, ки бихоҳад хор мекунад ва Ӯ пирӯзманд аст, мағлуб намешавад ва меҳрубон аст ба бандагони мӯъмини худ
Surah Ar-Room, Verse 5


وَعۡدَ ٱللَّهِۖ لَا يُخۡلِفُ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Аллоҳ ба мӯъминон пирӯзии румиён бар форсиёнро ваъдаи қатъӣ додааст ва Аллоҳ ваъдашро хилоф намекунад, вале бисёрии мардумон (кофирони Макка) намедонанд, ки ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст
Surah Ar-Room, Verse 6


يَعۡلَمُونَ ظَٰهِرٗا مِّنَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ عَنِ ٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ غَٰفِلُونَ

Онҳо фақат ба зоҳири зиндагии дунё ва ороиши он огоҳанд ва аз умури охират бехабаранд
Surah Ar-Room, Verse 7


أَوَلَمۡ يَتَفَكَّرُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۗ مَّا خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَأَجَلٖ مُّسَمّٗىۗ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ بِلِقَآيِٕ رَبِّهِمۡ لَكَٰفِرُونَ

Оё касоне, ки ба дидори Аллоҳ имон надоранд ва паёмбаронашро бовар надоранд, дар худашон андеша накардаанд, ки Аллоҳ осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва то замони муайяне, наофаридааст? Ва ҳароина, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд
Surah Ar-Room, Verse 8


أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗ وَأَثَارُواْ ٱلۡأَرۡضَ وَعَمَرُوهَآ أَكۡثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ فَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ

Оё ин кофирони аз охират бехабар дар замин нагаштаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ гуна будааст? Онҳо дар ҷисм басе нерумандтар аз онҳо буданд ва заминро шудгор карданд ва дар он зироатҳо коштанд ва беш аз он чи инҳо (аҳли Макка) ободаш кардаанд, онро обод сохтаанд, вале иморатҳои онҳо ва умри дарозашон ба онҳо фоидае накард. Ва паёмбаронашон бо мӯъҷизаҳо ба сӯяшон омаданд, вале бо вуҷуди ин, онҳо имон наёварданд, пас Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онҳо бо ширку маъсияти худ дар ҳаққи хеш ситам мекарданд
Surah Ar-Room, Verse 9


ثُمَّ كَانَ عَٰقِبَةَ ٱلَّذِينَ أَسَـٰٓـُٔواْ ٱلسُّوٓأَىٰٓ أَن كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَكَانُواْ بِهَا يَسۡتَهۡزِءُونَ

Сипас оқибати он касоне, ки корҳои бад карданд, бадтар шуд. Зеро инҳо оёти Аллоҳро дурӯғ бароварданд ва онро ба масхара мегирифтанд
Surah Ar-Room, Verse 10


ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Аллоҳ офариниши мавҷудотро оғоз мекунад, сипас онро дубора бар мегардонад, он гоҳ ҳама халқ ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас некӯкоронро ба сабаби некӯкориашон ва бадкоронро дар баробари бадкориашон ҷазои муносиб медиҳад
Surah Ar-Room, Verse 11


وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُبۡلِسُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ

Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гунаҳкорон он рӯз, барои наҷот ёфтанашон аз азоб ҳайратзадаву ноумед бимонанд
Surah Ar-Room, Verse 12


وَلَمۡ يَكُن لَّهُم مِّن شُرَكَآئِهِمۡ شُفَعَـٰٓؤُاْ وَكَانُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ كَٰفِرِينَ

Ва барои он мушрикон аз маъбудонашон, ки онҳоро дар дунё ба ҷои Аллоҳ ибодат кардаанд, ҳеҷ шафоаткунандае нахоҳад буд ва худ нисбат ба маъбудонашон бовар надоранд, балки дар ин вақт маъбудонашон аз онҳо безорӣ меҷӯянд ва онҳо низ аз маъбудонашон безорӣ меҷӯянд
Surah Ar-Room, Verse 13


وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوۡمَئِذٖ يَتَفَرَّقُونَ

Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аҳли имон ва аҳли куфр аз якдигар ҷудо шаванд
Surah Ar-Room, Verse 14


فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَهُمۡ فِي رَوۡضَةٖ يُحۡبَرُونَ

Аммо онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас, онҳо дар боғҳои ҷаннат дар шодӣ ва сархушӣ мавриди икром ва инъом қарор мегиранд
Surah Ar-Room, Verse 15


وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَلِقَآيِٕ ٱلۡأٓخِرَةِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ فِي ٱلۡعَذَابِ مُحۡضَرُونَ

Ва аммо касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро, ки паёмбарон барояшон оварда буданд ва дидори охиратро дурӯғ баровардаанд ва инкор кардаанд, пас ба сабаби имон наёварданашон дар дунё он гурӯҳ дар азоби доимӣ ҳозир сохта мешаванд
Surah Ar-Room, Verse 16


فَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ حِينَ تُمۡسُونَ وَحِينَ تُصۡبِحُونَ

Пас, эй мӯъминон, ҳангоми шому субҳ Аллоҳро ба покӣ ёд кунед
Surah Ar-Room, Verse 17


وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَعَشِيّٗا وَحِينَ تُظۡهِرُونَ

Ва сипосу ситоиш Ӯрост дар осмонҳову замин, ҳангоми аср ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед
Surah Ar-Room, Verse 18


يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَيُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۚ وَكَذَٰلِكَ تُخۡرَجُونَ

Аллоҳ таоло зиндаро аз мурда берун меорад (ба монанди берун овардани инсон аз нутфа ва берун овардани чӯҷа аз тухм) ва мурдаро аз зинда (ба монанди берун овардани нутфа аз инсон ва берун овардани тухм аз чӯҷа.) Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз қабрҳо барои ҳисобу китоб берун карда мешавед
Surah Ar-Room, Verse 19


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ إِذَآ أَنتُم بَشَرٞ تَنتَشِرُونَ

Ва яке аз нишонаҳои бузург ва камоли қудрати Аллоҳ ин аст, ки падари шумо Одам (алайҳиссаломро) аз хок биёфарид, то он гоҳ инсонҳои зиёде шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед
Surah Ar-Room, Verse 20


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةًۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии Ӯ ва камоли қудраташ он аст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин офариниш ибратҳоест далолаткунанда бар қудрати Аллоҳ ва ягонагии Ӯ барои мардуме, ки меандешанд
Surah Ar-Room, Verse 21


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ خَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفُ أَلۡسِنَتِكُمۡ وَأَلۡوَٰنِكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡعَٰلِمِينَ

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон аст. Бешак, дар ин амр низ барои донишварон ибратҳоест
Surah Ar-Room, Verse 22


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ مَنَامُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱبۡتِغَآؤُكُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қударати Ӯ хобидани шумост дар шабу рӯз барои истироҳат ва талаби ризқу рӯзии шумо аз фазли Ӯст. Албатта, дар ин амр ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд
Surah Ar-Room, Verse 23


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ يُرِيكُمُ ٱلۡبَرۡقَ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَيُحۡيِۦ بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки барқро барои тарсонидан ва умедвор сохтан ба шумо нишон медиҳад. Ва аз осмон борон мефиристад, пас замини мурдаро бо он зинда месозад. Албатта, дар ин ибратҳоест далолаткунанда бар камоли қудрат ва ҳикмат ва эҳсони Ӯ барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд
Surah Ar-Room, Verse 24


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن تَقُومَ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ بِأَمۡرِهِۦۚ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمۡ دَعۡوَةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ إِذَآ أَنتُمۡ تَخۡرُجُونَ

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпоянд. Пас, на ба ҷунбиш дароянд ва на осмон бар замин афтад. Сипас Аллоҳ таоло шуморо аз замин бо нидое фаро мехонад ва шумо, ногаҳон, ба шитоб аз замин берун меоед
Surah Ar-Room, Verse 25


وَلَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ كُلّٞ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ

Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст; аз фариштагон, инсон, ҷин, ҳайвон, наботот ва ҷимодот ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд
Surah Ar-Room, Verse 26


وَهُوَ ٱلَّذِي يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَهُوَ أَهۡوَنُ عَلَيۡهِۚ وَلَهُ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Ва Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онҳоро пас аз марг зинда бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ба болотарин масал дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавову биност ва Ӯ тавоност, ки ҳаргиз мағлуб намешавад ва дар гуфтору корҳояш ва тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст
Surah Ar-Room, Verse 27


ضَرَبَ لَكُم مَّثَلٗا مِّنۡ أَنفُسِكُمۡۖ هَل لَّكُم مِّن مَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُم مِّن شُرَكَآءَ فِي مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ فَأَنتُمۡ فِيهِ سَوَآءٞ تَخَافُونَهُمۡ كَخِيفَتِكُمۡ أَنفُسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

Аллоҳ бароятон эй мушрикон, аз худатон масале задааст: Оё бандагонатон (ғуломонатон) дар он чӣ ба шумо ризқу рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то шумо дар он баробар бошед, ҳамон гуна, ки шумо аз шарикони озоди худ бим доред, аз онҳо ҳам бим дошта бошед?! Ҳақиқатан, ҳаргиз шумо ба ин тақсимот розӣ намешавед, пас, чӣ гуна розӣ мешавед, ки барои Аллоҳ касеро аз махлуқаш шарик меоред. Инчунин оётро барои гурӯҳе, ки хирад меварзанд, ба равшанӣ баён мекунем
Surah Ar-Room, Verse 28


بَلِ ٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَهۡوَآءَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٖۖ فَمَن يَهۡدِي مَنۡ أَضَلَّ ٱللَّهُۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّـٰصِرِينَ

Балки, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ ба падаронашон пайравӣ кардаанд ва онҳоро дар ҷаҳлу гумроҳӣ ҳамшарикӣ намудаанд. Онҳоро, ки Аллоҳ гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад
Surah Ar-Room, Verse 29


فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗاۚ فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَاۚ لَا تَبۡدِيلَ لِخَلۡقِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Пас эй Расул, худ ва пайравони ту рӯйи худро ба ҳақгароӣ ва ихлос ба сӯи дин бигардонед. Ва ҳамеша пойдор бош бар ин дини ислом, ки ин фитрати илоҳӣ аст, ки Аллоҳ таоло мардумро бар он офаридааст. Дигаргунӣ дар офариниши Аллоҳ нест. Ин аст дини устувор, ки ба роҳи мустақим ва ба сӯи хушнудии Парвардигори ҷаҳониён ва ҷаннати Ӯ роҳ менамояд, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, ки дини ҳақ Ислом аст, на дигар динҳо
Surah Ar-Room, Verse 30


۞مُنِيبِينَ إِلَيۡهِ وَٱتَّقُوهُ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

Ба сӯи Аллоҳ бо тавба ва ихлосу амал бозгардед ва аз Ӯ битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва намозро бо аркон, воҷибот ва шартҳояш барпо доред ва аз гурӯҳи мушрикон мабошед, ки барои Ӯ шарик меоваранд
Surah Ar-Room, Verse 31


مِنَ ٱلَّذِينَ فَرَّقُواْ دِينَهُمۡ وَكَانُواْ شِيَعٗاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ

Мабошед аз касоне, ки динашонро пароканда сохта ва гӯруҳ гӯруҳ шуданд, ҳар гӯруҳе ба он чӣ ки назди худ доранд, хурсанданд ва мепиндоранд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон ноҳақ
Surah Ar-Room, Verse 32


وَإِذَا مَسَّ ٱلنَّاسَ ضُرّٞ دَعَوۡاْ رَبَّهُم مُّنِيبِينَ إِلَيۡهِ ثُمَّ إِذَآ أَذَاقَهُم مِّنۡهُ رَحۡمَةً إِذَا فَرِيقٞ مِّنۡهُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ

Ва ҳар замоне ба мардум ранҷ ва зиёне бирасад, бо ихлос Парвардигорашонро дуову илтиҷо кунанд ва тавбакунон ба сӯи Ӯ бозмегарданд. Сипас чун раҳмати хеш ба онҳо бичашонад, онгоҳ гурӯҳе аз онон бори дигар ба Парвардигорашон ширк меоваранд
Surah Ar-Room, Verse 33


لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ

Оқибат неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, дар дунё андаке аз фарохдастӣ ва васеъгии ризқ баҳраманд шавед. Эй мушрикон, ба зудӣ хоҳед донист, чи азобе шуморо дар охират интизор аст
Surah Ar-Room, Verse 34


أَمۡ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٗا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُواْ بِهِۦ يُشۡرِكُونَ

Оё бурҳон ва далеле бар онҳо нозил кардем, пас он далел аз чизе, ки бо Аллоҳ шарик месозанд, сухан мегӯяд
Surah Ar-Room, Verse 35


وَإِذَآ أَذَقۡنَا ٱلنَّاسَ رَحۡمَةٗ فَرِحُواْ بِهَاۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ إِذَا هُمۡ يَقۡنَطُونَ

Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд бо сармастӣ ва гарданкашӣ ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд, ранҷе, ё камбағалӣ, ё қаҳтӣ, ё беморй бар онҳо расад, ногоҳ онон маъюс ва ноумед мегарданд
Surah Ar-Room, Verse 36


أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Оё надидаанд, ки Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад, барои имтиҳон кардан фаровон мекунад ва барои ҳар касе, ки бихоҳад барои озмоиш кардан танг ва кам мегардонад? Албатта, дар ин фаровонӣ ва тангии неъмат ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд
Surah Ar-Room, Verse 37


فَـَٔاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Пас эй мӯъмин, ҳаққи хешовандон, мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Аллоҳро меҷӯянд ва инҳоанд, ки аз азоб наҷотёфтагонанд
Surah Ar-Room, Verse 38


وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن رِّبٗا لِّيَرۡبُوَاْ فِيٓ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ فَلَا يَرۡبُواْ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن زَكَوٰةٖ تُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُضۡعِفُونَ

Ва он моле, ки ба қасди рибо медиҳед, то фоидаи шумо аз моли мардум биафзояд, пас назди Аллоҳ ҳеҷ наафзояд ва моле, ки барои хушнудии Аллоҳ аз боби закоту садақа медиҳед, баракати он биафзояд. Касоне, ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд
Surah Ar-Room, Verse 39


ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ ثُمَّ رَزَقَكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡۖ هَلۡ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَفۡعَلُ مِن ذَٰلِكُم مِّن شَيۡءٖۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

Аллоҳ Зотест, ки шуморо биёфарид, сипас ризқ дод, сипас мемиронад, сипас дубора зинда мекунад. Оё касонеро, ки шарики Аллоҳ месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд анҷом дод? Аллоҳ таоло пок аст ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, болотар аст
Surah Ar-Room, Verse 40


ظَهَرَ ٱلۡفَسَادُ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ بِمَا كَسَبَتۡ أَيۡدِي ٱلنَّاسِ لِيُذِيقَهُم بَعۡضَ ٱلَّذِي عَمِلُواْ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ба сабаби аъмоли мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онҳо ҷазои баъзе аз корҳояшонро, ки дар Дунё карда буданд, бичашонад, шояд ки онҳо аз гуноҳонашон тавба карда бозгарданд
Surah Ar-Room, Verse 41


قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلُۚ كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّشۡرِكِينَ

Эй Паёмбар, ба дуруғбаровардагони рисолатат бигӯ: «Дар замин бигардед ва ба чашми ибрат бингаред, ки оқибати кори пешиниён, (монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд) ки аксари онҳо аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст»
Surah Ar-Room, Verse 42


فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ ٱلۡقَيِّمِ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ يَوۡمٞ لَّا مَرَدَّ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِۖ يَوۡمَئِذٖ يَصَّدَّعُونَ

Пас, ба дини дурусту пойдор, ки ҳамоно Ислом аст, рӯй бигардон бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва пеш аз он ки рӯзи қиёмат фаро расад, ки радкарданашро ҳеҷ кас натавонад. Дар он рӯз мардум ба гӯруҳҳо тақсим мешаванд, то аъмоли хешро бубинанд
Surah Ar-Room, Verse 43


مَن كَفَرَ فَعَلَيۡهِ كُفۡرُهُۥۖ وَمَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِأَنفُسِهِمۡ يَمۡهَدُونَ

Касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, пас, барои худ подоши некӯ омода кардаанд
Surah Ar-Room, Verse 44


لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡكَٰفِرِينَ

то касонеро, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ подош диҳад. Ба таҳқиқ, Аллоҳ кофиронро дӯст намедорад
Surah Ar-Room, Verse 45


وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن يُرۡسِلَ ٱلرِّيَاحَ مُبَشِّرَٰتٖ وَلِيُذِيقَكُم مِّن رَّحۡمَتِهِۦ وَلِتَجۡرِيَ ٱلۡفُلۡكُ بِأَمۡرِهِۦ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии қудрати Ӯ он аст, ки бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо, ки ҳамоно борон, фаровонӣ, сарсабзй аст, бирасонад ва то киштиҳо ба фармони Ӯ равон бошанд ва аз фазли Ӯ рӯзӣ биҷӯед. Бошад, ки шукр гӯед ва Ӯро ба ягонагӣ парастиш кунед
Surah Ar-Room, Verse 46


وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ رُسُلًا إِلَىٰ قَوۡمِهِمۡ فَجَآءُوهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَٱنتَقَمۡنَا مِنَ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْۖ وَكَانَ حَقًّا عَلَيۡنَا نَصۡرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Ба ба ростӣ, эй Расул, пеш аз ту паёмбаронеро ба сӯи қавмашон ба унвони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем. Онҳо бо мӯъҷизаҳо ва далелҳои равшани худ наздашон омаданд. Пас, Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ҳалокашон сохтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд. Инчунин мекунем бо такзибкунандагони ту, модоме, ки бар дурӯғашон пойдор бошанд ва имон наоранд
Surah Ar-Room, Verse 47


ٱللَّهُ ٱلَّذِي يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ فَتُثِيرُ سَحَابٗا فَيَبۡسُطُهُۥ فِي ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ يَشَآءُ وَيَجۡعَلُهُۥ كِسَفٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦۖ فَإِذَآ أَصَابَ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ إِذَا هُمۡ يَسۡتَبۡشِرُونَ

Аллоҳ Зотест, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунонки хоҳад бар осмон паҳну парешон кунад ва онро порча - порча кунад, пас бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, онҳо, шодмон шаванд
Surah Ar-Room, Verse 48


وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلِ أَن يُنَزَّلَ عَلَيۡهِم مِّن قَبۡلِهِۦ لَمُبۡلِسِينَ

Ва агарчи пеш аз он ки борон бар онҳо биборад, ноумед буданд
Surah Ar-Room, Verse 49


فَٱنظُرۡ إِلَىٰٓ ءَاثَٰرِ رَحۡمَتِ ٱللَّهِ كَيۡفَ يُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ

Пас, эй назаркунанда ба осори раҳмати Аллоҳ, бингар, ки чӣ гуна заминро пас аз мурданаш зинда мекунад?! Дар ҳақиқат, Аллоҳ, бешак, зиндакунандаи мурдагон аст ва ба ҳар коре тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад
Surah Ar-Room, Verse 50


وَلَئِنۡ أَرۡسَلۡنَا رِيحٗا فَرَأَوۡهُ مُصۡفَرّٗا لَّظَلُّواْ مِنۢ بَعۡدِهِۦ يَكۡفُرُونَ

Ва агар боде бифиристем, ки офатзо, гарму сӯзон бошад ва киштзорҳоро зиён расонад, пас он киштзорҳоро зардшуда бубинанд, қатьан, пас, аз он ҳама носипос мешаванд
Surah Ar-Room, Verse 51


فَإِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ

Ба таҳқиқ, ту эй Расул, наметавонӣ суханатро ба дили мурдагон бишунавонӣ ва наметавонӣ сухани ҳақро ба карон бишнавонӣ, ҳангоме ки рӯй бармегардонанд ва мераванд. Пас аз имон наёвардани мушрикон ғамгин мабош, зеро онҳо монанди карон ва мурдагон намешунаванд ва пайхас ҳам намекунанд, агарчанде ҳозир бошанд, пас чӣ гуна аст ҳоли касоне, ки аз ту рӯй бармегардонанд ва назди ту ҳозир нестанд
Surah Ar-Room, Verse 52


وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِ ٱلۡعُمۡيِ عَن ضَلَٰلَتِهِمۡۖ إِن تُسۡمِعُ إِلَّا مَن يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسۡلِمُونَ

Ту эй Расул, ҳидояткунандаи нобиноён аз гумроҳияшон нестӣ. Ту садоятро танҳо ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон овардаанд, пас, онҳо фармонбардоранд
Surah Ar-Room, Verse 53


۞ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن ضَعۡفٖ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ ضَعۡفٖ قُوَّةٗ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةٖ ضَعۡفٗا وَشَيۡبَةٗۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡقَدِيرُ

Аллоҳ Зотест, ки шуморо аз нотавонӣ (яъне, аз нутфа) биёфарид ва пас аз нотавонӣ нерӯманд сохт, ки он ҷавонӣ аст, он гоҳ пас аз нерӯмандӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ ба халқаш донову бар ҳама чиз тавоност
Surah Ar-Room, Verse 54


وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُقۡسِمُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ مَا لَبِثُواْ غَيۡرَ سَاعَةٖۚ كَذَٰلِكَ كَانُواْ يُؤۡفَكُونَ

Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд, кофирон савганд хӯранд, ки ҷуз лаҳзае дар дунё наистодаанд. Инчунин аз ҳақиқат ва роҳи ҳақ баргардонида мешаванд. Яъне, онҳо аз фаҳмидани ҳақиқат ва паймудани роҳи дуруст боздошта мешаванд, чи тавре ки дар дунё дурӯғ мегуфтанд
Surah Ar-Room, Verse 55


وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ وَٱلۡإِيمَٰنَ لَقَدۡ لَبِثۡتُمۡ فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡبَعۡثِۖ فَهَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡبَعۡثِ وَلَٰكِنَّكُمۡ كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ

Онон, ки донишу имон дода шудаанд; аз фариштагон, паёмбарон ва мӯъминон гӯянд: Ҳамоно шумо эй кофирон бар мувофиқи китоби Аллоҳ то рӯзи қиёмат дар гӯр орамидаед ва ин рӯзи қиёмат аст, вале шумо намедонистаед ҳақ будани ин рӯзро
Surah Ar-Room, Verse 56


فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَعۡذِرَتُهُمۡ وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ

Пас, он рӯз касоне, ки ситам карданд, узрхоҳиашон ба ҳолашон фоидае надиҳад ва ба онҳо мӯҳлати тавба дода нахоҳад шуд, балки ба сабаби бадиҳо ва гуноҳонашон азоб дода мешаванд
Surah Ar-Room, Verse 57


وَلَقَدۡ ضَرَبۡنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٖۚ وَلَئِن جِئۡتَهُم بِـَٔايَةٖ لَّيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا مُبۡطِلُونَ

Ва ҳамоно Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар хуна масал овардаем. Ва эй Расул, чун ояте барояшон биёварӣ, ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии ту мекунад, кофирон ҳатман хоҳанд гуфт: «Шумо беҳудагӯёне беш нестед!»
Surah Ar-Room, Verse 58


كَذَٰلِكَ يَطۡبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ

Инчунин Аллоҳ ба дилҳои касоне, ки намедонанд ҳақиқати он чиро, ки ба сӯяшон овардӣ; аз ибратҳо, оёт ва равшаниҳо, мӯҳр мениҳад
Surah Ar-Room, Verse 59


فَٱصۡبِرۡ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞۖ وَلَا يَسۡتَخِفَّنَّكَ ٱلَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ

Пас, сабр кун, эй Расул, аз озори қавмат, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст, ки туро бар онҳо пирӯз мегардонад. Ва ҳаргиз касоне, ки ба рӯзи охират имони яқин надоранд, туро хашмгин ва сабуксор накунанд
Surah Ar-Room, Verse 60


Author: Khoja Mirov


<< Surah 29
>> Surah 31

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai