Surah Saba Verse 43 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Sabaوَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ قَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّا رَجُلٞ يُرِيدُ أَن يَصُدَّكُمۡ عَمَّا كَانَ يَعۡبُدُ ءَابَآؤُكُمۡ وَقَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّآ إِفۡكٞ مُّفۡتَرٗىۚ وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
Чун оёти равшани Мо бар он кофирони Макка хонда шуд, гуфтанд: «Ин Муҳаммад мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин Қуръон ҷуз дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Аллоҳ кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ҷуз ҷодуе ошкор нест!»