Surah Al-Hujraat Verse 13 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Hujraatيَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن ذَكَرٖ وَأُنثَىٰ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ شُعُوبٗا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓاْۚ إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٞ
Эй мардум, ҳароина, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем, (ки он ду Одам ва Ҳаво алайҳимассаломанд.) Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост. Пас фахр кардан бо насабро тарк кунед. Ҳароина, Аллоҳ огоҳ ва бохабар аст