UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Hujraat - Tajik Translation by Khoja Mirov


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُقَدِّمُواْ بَيۡنَ يَدَيِ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, дар баробари Аллоҳу паёмбари Ӯ пешдастӣ макунед (ҳеҷ ҳукмеро бар ҳукми Аллоҳ ва паёмбараш муқаддам масозед ва аз пеши худ ҳукме накунед ва дар гуфтору кирдоратон) аз Аллоҳ битарсед, зеро Аллоҳ ба гуфторатон шунаво ва ба кирдоратон доност
Surah Al-Hujraat, Verse 1


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَرۡفَعُوٓاْ أَصۡوَٰتَكُمۡ فَوۡقَ صَوۡتِ ٱلنَّبِيِّ وَلَا تَجۡهَرُواْ لَهُۥ بِٱلۡقَوۡلِ كَجَهۡرِ بَعۡضِكُمۡ لِبَعۡضٍ أَن تَحۡبَطَ أَعۡمَٰلُكُمۡ وَأَنتُمۡ لَا تَشۡعُرُونَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал кардаед, садои худро аз садои Паёмбар баландтар макунед ва ҳамчунон ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан магӯед, то надониста аъмолатон зоеъ нашавад
Surah Al-Hujraat, Verse 2


إِنَّ ٱلَّذِينَ يَغُضُّونَ أَصۡوَٰتَهُمۡ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱمۡتَحَنَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡ لِلتَّقۡوَىٰۚ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٌ عَظِيمٌ

Ҳароина, касоне, ки дар назди паёмбари Аллоҳ садояшонро поин меоваранд, ҳамонҳоянд, ки Аллоҳ дилҳояшонро ба тақво озмудааст ва софу холис гардонидааст. Онҳоро дар баробари ин одобашон омӯрзиш ва музди бузург аст ва ҳамон ҷаннат аст
Surah Al-Hujraat, Verse 3


إِنَّ ٱلَّذِينَ يُنَادُونَكَ مِن وَرَآءِ ٱلۡحُجُرَٰتِ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ

Ҳароина, онҳое, ки аз он сӯи ҳуҷраҳо нидоят медиҳанд, (эй Паёмбар) бештарашон намедонанд, (ки ту чӣ мақоми волое дар даргоҳи Аллоҳ дорӣ ва бояд бо ту бо эҳтиром рафтор кунанд)
Surah Al-Hujraat, Verse 4


وَلَوۡ أَنَّهُمۡ صَبَرُواْ حَتَّىٰ تَخۡرُجَ إِلَيۡهِمۡ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Агар сабр мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, албатта, барояшон беҳтар мебуд ва Аллоҳ омӯрзанда аст онҳоро, аз сабаби беадабӣ ва кӯтоҳие, ки аз рӯи нодонӣ аз онон сар зад ва меҳрубон аст, ба онҳо, ки зуд онҳоро азоб намекунад
Surah Al-Hujraat, Verse 5


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن جَآءَكُمۡ فَاسِقُۢ بِنَبَإٖ فَتَبَيَّنُوٓاْ أَن تُصِيبُواْ قَوۡمَۢا بِجَهَٰلَةٖ فَتُصۡبِحُواْ عَلَىٰ مَا فَعَلۡتُمۡ نَٰدِمِينَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардед, ва ба шариъати ӯ амал намудаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед
Surah Al-Hujraat, Verse 6


وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ فِيكُمۡ رَسُولَ ٱللَّهِۚ لَوۡ يُطِيعُكُمۡ فِي كَثِيرٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡرِ لَعَنِتُّمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ حَبَّبَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡإِيمَٰنَ وَزَيَّنَهُۥ فِي قُلُوبِكُمۡ وَكَرَّهَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡكُفۡرَ وَٱلۡفُسُوقَ وَٱلۡعِصۡيَانَۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلرَّـٰشِدُونَ

Ва бидонед, ки ҳароина, паёмбари Аллоҳ дар миёни шумост, ҳурмати ӯро нигаҳ доред. Агар дар бисёре аз корҳо шуморо итоъат кунад, ба машаққат хоҳед афтод. Вале Аллоҳ имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биёрост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон нописанд ва зишт гардонид. Инҳо худ ба ҳақ роҳёфтагонанд
Surah Al-Hujraat, Verse 7


فَضۡلٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَنِعۡمَةٗۚ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Ин хайре, ки барояшон муваффақ шуд, бахшишу неъматест аз ҷониби Аллоҳ ва Аллоҳ доно аст ба касе, ки Ӯро шукргузорӣ мекунад ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст
Surah Al-Hujraat, Verse 8


وَإِن طَآئِفَتَانِ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱقۡتَتَلُواْ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَهُمَاۖ فَإِنۢ بَغَتۡ إِحۡدَىٰهُمَا عَلَى ٱلۡأُخۡرَىٰ فَقَٰتِلُواْ ٱلَّتِي تَبۡغِي حَتَّىٰ تَفِيٓءَ إِلَىٰٓ أَمۡرِ ٱللَّهِۚ فَإِن فَآءَتۡ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَهُمَا بِٱلۡعَدۡلِ وَأَقۡسِطُوٓاْۖ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ

Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон (бо ҳукми китоби Аллоҳ ва суннати расулаш) оштигӣ барқарор кунед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре дастдарозӣ кард ва қабул накард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Аллоҳ бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳи одилонае барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳароина, Аллоҳ одилонро дӯст дорад
Surah Al-Hujraat, Verse 9


إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِخۡوَةٞ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَ أَخَوَيۡكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ

Ҳароина, мӯъминон бо якдигар дар дин бародаронанд. Миёни бародаронатон сулҳ барқарор кунед ва аз Аллоҳ битарсед, то бар шумо раҳмат орад
Surah Al-Hujraat, Verse 10


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا يَسۡخَرۡ قَوۡمٞ مِّن قَوۡمٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُونُواْ خَيۡرٗا مِّنۡهُمۡ وَلَا نِسَآءٞ مِّن نِّسَآءٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُنَّ خَيۡرٗا مِّنۡهُنَّۖ وَلَا تَلۡمِزُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَلَا تَنَابَزُواْ بِٱلۡأَلۡقَٰبِۖ بِئۡسَ ٱلِٱسۡمُ ٱلۡفُسُوقُ بَعۡدَ ٱلۡإِيمَٰنِۚ وَمَن لَّمۡ يَتُبۡ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. чӣ бад аст номи фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки аз масхара кардан, айбҷӯӣ кардан ва ба лақаби зишт ном гирифтан тавба намекунанд, худ ситамкоронанд
Surah Al-Hujraat, Verse 11


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱجۡتَنِبُواْ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلظَّنِّ إِنَّ بَعۡضَ ٱلظَّنِّ إِثۡمٞۖ وَلَا تَجَسَّسُواْ وَلَا يَغۡتَب بَّعۡضُكُم بَعۡضًاۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا فَكَرِهۡتُمُوهُۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٞ رَّحِيمٞ

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳароина, баъзе аз гумонҳо гуноҳ мебошанд. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва айби мусалмононро фош макунед ва бархе аз шумо бархе дигареро ғайбат накунад. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, худатон онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина, Аллоҳ ба бандагонаш тавбапазиру меҳрубон аст
Surah Al-Hujraat, Verse 12


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن ذَكَرٖ وَأُنثَىٰ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ شُعُوبٗا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓاْۚ إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٞ

Эй мардум, ҳароина, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем, (ки он ду Одам ва Ҳаво алайҳимассаломанд.) Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост. Пас фахр кардан бо насабро тарк кунед. Ҳароина, Аллоҳ огоҳ ва бохабар аст
Surah Al-Hujraat, Verse 13


۞قَالَتِ ٱلۡأَعۡرَابُ ءَامَنَّاۖ قُل لَّمۡ تُؤۡمِنُواْ وَلَٰكِن قُولُوٓاْ أَسۡلَمۡنَا وَلَمَّا يَدۡخُلِ ٱلۡإِيمَٰنُ فِي قُلُوبِكُمۡۖ وَإِن تُطِيعُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَا يَلِتۡكُم مِّنۡ أَعۡمَٰلِكُمۡ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ

Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Ба Аллоҳу расулаш комилан имон овардем!» Бигӯ барояшон эй Расул: Комилан «имон наёвардаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби аъмоли шумо чизе кам карда намешавад. Ҳароина, Аллоҳ омӯрзанда аст барои касе, ки аз гуноҳони худ тавба кардааст ва ба ӯ меҳрубон аст»
Surah Al-Hujraat, Verse 14


إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّـٰدِقُونَ

Ҳароина, мӯъминони комил касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбари ӯ имон овардаанд ва ба шариъати ӯ амал намуданд ва дар имонашон дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Инҳо дар имонашон росткирдоранд
Surah Al-Hujraat, Verse 15


قُلۡ أَتُعَلِّمُونَ ٱللَّهَ بِدِينِكُمۡ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ

Бигӯ (эй Расул барои ин аъробиҳо): «Оё мехоҳед Аллоҳро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва Ӯ ба ҳар чизе дақиқан огоҳ аст!» ва чизе, ки дар дилҳои шумо ҳаст; аз имон ё куфр ё некӯӣ ё бадӣ, бар Ӯ пӯшида нест
Surah Al-Hujraat, Verse 16


يَمُنُّونَ عَلَيۡكَ أَنۡ أَسۡلَمُواْۖ قُل لَّا تَمُنُّواْ عَلَيَّ إِسۡلَٰمَكُمۖ بَلِ ٱللَّهُ يَمُنُّ عَلَيۡكُمۡ أَنۡ هَدَىٰكُمۡ لِلۡإِيمَٰنِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Аз ин ки ислом овардаанд, (инҳо аъробиҳо) бар ту эй Расул миннат мекунанд. Бигӯ барояшон: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, чаро ки нафъи имон ба худи он инсон бармегардад, балки Аллоҳ ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар дар иддиъои имонатон рост ва дуруст ҳастед!»
Surah Al-Hujraat, Verse 17


إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ غَيۡبَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ

Ҳароина, Аллоҳ он чи пинҳон ва махфӣ аст дар осмонҳову заминро медонад ва ҳеҷ чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност! Ва Ӯ ҷазодиҳандаи шумост, дар баробари некӯӣ подоши нек ва дар баробари бадӣ ҷазои бад медиҳад
Surah Al-Hujraat, Verse 18


Author: Khoja Mirov


<< Surah 48
>> Surah 50

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai