UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Qaf - Tajik Translation by Khoja Mirov


قٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡمَجِيدِ

Қоф. (Аллоҳ қасам ёд мекунад): Савганд ба ин Қуръони арҷманд
Surah Qaf, Verse 1


بَلۡ عَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡ فَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا شَيۡءٌ عَجِيبٌ

Балки дар таъаҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае ба сӯяшон омад (ва он Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд,) ки онҳоро аз азоби Аллоҳ бим мекард ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст
Surah Qaf, Verse 2


أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗاۖ ذَٰلِكَ رَجۡعُۢ بَعِيدٞ

Оё замоне, ки мурдему хок шудем, бори дигар ба зиндагӣ бармегардем? Чунин бозгашт аз ақл дур аст!»
Surah Qaf, Verse 3


قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنقُصُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۡهُمۡۖ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظُۢ

Ҳақиқатан Мо медонем, ки замин чӣ гуна аз ҷасадҳои онҳо кам мекунад ва нобуд месозад. Ва китобе, (ки ба номи Лавҳи Мафҳуз ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шуда,) назди мост
Surah Qaf, Verse 4


بَلۡ كَذَّبُواْ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَهُمۡ فِيٓ أَمۡرٖ مَّرِيجٍ

На! Балки он мушрикон сухани ростеро (яъне, Қуръон), ки бар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас, дар кори парешону нобасомон афтоданд
Surah Qaf, Verse 5


أَفَلَمۡ يَنظُرُوٓاْ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَوۡقَهُمۡ كَيۡفَ بَنَيۡنَٰهَا وَزَيَّنَّـٰهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٖ

Оё (ин мункирони рӯзи баъс дар ғафлатанд:) ба ин осмон, бар болои сарашон назар намекунанд, ки чӣ гуна онро бе сутун бино кардаем ва онро бо ситораҳо оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест
Surah Qaf, Verse 6


وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ

Ва заминро паҳн кардем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем, то устувору қарор гирад ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем
Surah Qaf, Verse 7


تَبۡصِرَةٗ وَذِكۡرَىٰ لِكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ

Дар офариниши осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз нишонаҳои бузург, барои раҳнамоӣ ва панд додани ҳар бандаи тавбакунанда муқаррар доштем
Surah Qaf, Verse 8


وَنَزَّلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ مُّبَٰرَكٗا فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ جَنَّـٰتٖ وَحَبَّ ٱلۡحَصِيدِ

Ва аз осмон обе пурбаракат фиристодем. Пас, бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем
Surah Qaf, Verse 9


وَٱلنَّخۡلَ بَاسِقَٰتٖ لَّهَا طَلۡعٞ نَّضِيدٞ

Ва дарахтҳои хурмои баланд, ки хӯшаҳои барҳамчида доранд
Surah Qaf, Verse 10


رِّزۡقٗا لِّلۡعِبَادِۖ وَأَحۡيَيۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ ٱلۡخُرُوجُ

Ҳама ин чизҳоро рӯёнидем, то ризқи бандагон бошад ва ба он об сарзамини хушку бегиёҳи мурдаро зинда кардем. Баромадан (зинда шудан) аз гӯр низ чунин аст
Surah Qaf, Verse 11


كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَأَصۡحَٰبُ ٱلرَّسِّ وَثَمُودُ

Пеш аз он (мушрикони Қурайш) қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас ва Самуд паёмбаронро дурӯғ шуморида буданд
Surah Qaf, Verse 12


وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ وَإِخۡوَٰنُ لُوطٖ

Ва ҳамчунин қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут
Surah Qaf, Verse 13


وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ وَقَوۡمُ تُبَّعٖۚ كُلّٞ كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ

Ва асҳоби Айка ва қавми Туббаъ ҳамагӣ паёмбаронро дурӯғгӯ шумурданд. Пас, сазовори ваъдаи азоби Ман шуданд
Surah Qaf, Verse 14


أَفَعَيِينَا بِٱلۡخَلۡقِ ٱلۡأَوَّلِۚ بَلۡ هُمۡ فِي لَبۡسٖ مِّنۡ خَلۡقٖ جَدِيدٖ

Оё аз офариниши нахустин оҷизу нотавон шуда будем дар ҳоле ки чизе набуданд? Балки, онҳо дар офариниши нав (яъне, баъд аз марг зинда шудан дар рӯзи қиёмат) дар шак ҳастанд
Surah Qaf, Verse 15


وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ ٱلۡوَرِيدِ

Ва ҳароина, Мо одамиро офаридаем ва медонем он чиро ки нафсаш ба ӯ васваса мекунад, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем
Surah Qaf, Verse 16


إِذۡ يَتَلَقَّى ٱلۡمُتَلَقِّيَانِ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ قَعِيدٞ

Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. Пас фариштае, ки аз ҷониби рост аст амалҳои хубро менависад ва дигаре аз ҷониби чап аст, амалҳои бадро менависад
Surah Qaf, Verse 17


مَّا يَلۡفِظُ مِن قَوۡلٍ إِلَّا لَدَيۡهِ رَقِيبٌ عَتِيدٞ

Ҳеҷ каломе намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст
Surah Qaf, Verse 18


وَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ

Ва ба ростй, ки беҳушии сахтии марг фаро расид. Эй инсон, ин ҳамон марг аст он чӣ аз он мегурехтй
Surah Qaf, Verse 19


وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡوَعِيدِ

Ва дар сур бори дуввум дамида мешавад. Ин ҳамон рӯз аст, рӯзи ваъдаи азоб аст, ки Аллоҳ ба кофирон бим карда буд
Surah Qaf, Verse 20


وَجَآءَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّعَهَا سَآئِقٞ وَشَهِيدٞ

Ҳар касе дар рӯзи маҳшар меояд ва ҳамроҳ бо ӯ фариштае ронандааст, ки ӯро ба сӯи маҳшар меронад ва фариштае, гувоҳидиҳандааст ва барои кори неку бадаш гувоҳӣ медиҳад
Surah Qaf, Verse 21


لَّقَدۡ كُنتَ فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا فَكَشَفۡنَا عَنكَ غِطَآءَكَ فَبَصَرُكَ ٱلۡيَوۡمَ حَدِيدٞ

Эй инсон, ба дурустӣ, ту аз ин рӯзи сахт ғофил будӣ. Мо парда аз дидаи ту бардоштем, ғафлат аз ту дур шуд ва имрӯз аз он чи мебинӣ, чашмонат тезбин шудааст
Surah Qaf, Verse 22


وَقَالَ قَرِينُهُۥ هَٰذَا مَا لَدَيَّ عَتِيدٌ

Ва ҳамроҳаш фариштаи нависандаи амалҳои ӯ гӯяд: «Ин девони амали ӯ аст он чӣ ман омода кардаам»
Surah Qaf, Verse 23


أَلۡقِيَا فِي جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٖ

Аллоҳ барои ҳар ду фаришта яке ронанда ва дигаре гувоҳидиҳанда, мефармояд: Ҳар носипоси саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед
Surah Qaf, Verse 24


مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٖ مُّرِيبٍ

он: ҳар боздорандаи хайр, таҷовузкори шакковардаеро
Surah Qaf, Verse 25


ٱلَّذِي جَعَلَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَأَلۡقِيَاهُ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلشَّدِيدِ

он касе, ки бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигаре қарор додааст. Пас, ӯро ба азоби сахти дӯзах бияндозед
Surah Qaf, Verse 26


۞قَالَ قَرِينُهُۥ رَبَّنَا مَآ أَطۡغَيۡتُهُۥ وَلَٰكِن كَانَ فِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٖ

Ҳамнишини ӯ (шайтоне, ки дар дунё бо ӯ буд), бигӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ сахт дар гумроҳӣ буд»
Surah Qaf, Verse 27


قَالَ لَا تَخۡتَصِمُواْ لَدَيَّ وَقَدۡ قَدَّمۡتُ إِلَيۡكُم بِٱلۡوَعِيدِ

Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Назди Ман имрӯз, ки рӯзи ҷазо аст, муҷодала макунед. Ман пеш аз ин дар дунё бо шумо ҳушдор фиристонда будам
Surah Qaf, Verse 28


مَا يُبَدَّلُ ٱلۡقَوۡلُ لَدَيَّ وَمَآ أَنَا۠ بِظَلَّـٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ

Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва касеро бо гуноҳи касе азоб намекунам. Ва Ман ба бандагон ситам намекунам, магар баъд аз он, ки ҳуҷҷат барояшон равшан шавад»
Surah Qaf, Verse 29


يَوۡمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ ٱمۡتَلَأۡتِ وَتَقُولُ هَلۡ مِن مَّزِيدٖ

(Ба ёд ор эй Расул,) рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Дӯзах мегӯяд: «Ҳеҷ зиёдатӣ аз ин ҳаст?» (Пас Аллоҳ қадами худро бар рӯи ҷаҳаннам мегузорад, он гоҳ ҷаҳанам фушурда мегардад ва мегӯяд бас аст, бас аст)
Surah Qaf, Verse 30


وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ غَيۡرَ بَعِيدٍ

Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд ва аз онон дур нахоҳад буд, тавре ки неъматҳои шодӣ ва хурсандие, ки дар он ҳаст, мушоҳида мегардад
Surah Qaf, Verse 31


هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٖ

Барояшон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунандаи аз гуноҳон парҳезгоре, ки бо фарзҳову тоъатҳои Парвардигораш муҳофизат дорад, ваъда дода мешуд
Surah Qaf, Verse 32


مَّنۡ خَشِيَ ٱلرَّحۡمَٰنَ بِٱلۡغَيۡبِ وَجَآءَ بِقَلۡبٖ مُّنِيبٍ

Ҳамон касе, ки дар пинҳонӣ аз Аллоҳи меҳрубон битарсад ва бо дили тавбакор пеш ояд
Surah Qaf, Verse 33


ٱدۡخُلُوهَا بِسَلَٰمٖۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُلُودِ

Барои ин мӯъминон гӯянд: «Ба саломат дохили биҳишт шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист»
Surah Qaf, Verse 34


لَهُم مَّا يَشَآءُونَ فِيهَا وَلَدَيۡنَا مَزِيدٞ

Дар он ҷо барои он мӯъминон ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва афзун бар он назди Мо неъматҳои дигаре вуҷуд дорад ва он нигаристан ба дидори Парвардигор аст
Surah Qaf, Verse 35


وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّن قَرۡنٍ هُمۡ أَشَدُّ مِنۡهُم بَطۡشٗا فَنَقَّبُواْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ هَلۡ مِن مَّحِيصٍ

Ва пеш аз он мушрикон чӣ мардумеро, ки нерӯмандтар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ мекарданд, ба ҳалокат овардем. Оё аз азоби Аллоҳ роҳи гурезе ҳаст
Surah Qaf, Verse 36


إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلۡبٌ أَوۡ أَلۡقَى ٱلسَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيدٞ

Ҳароина, дар ин сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш фаро медоранд, андарз ва пандест
Surah Qaf, Verse 37


وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ وَمَا مَسَّنَا مِن لُّغُوبٖ

Албатта Мо осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, аз ҳар гуна махлуқот дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ва мондагӣ ба Мо нарасид. (Ин қудрати бузург далолат бар он мекунад, ки Аллоҳ таъоло бар зинда кардани мурдагон низ тавоност)
Surah Qaf, Verse 38


فَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ قَبۡلَ طُلُوعِ ٱلشَّمۡسِ وَقَبۡلَ ٱلۡغُرُوبِ

(Пас бар он чи мегӯянд) сабр кун эй Паёмбар, зеро Аллоҳ ба гуфтаҳояшон назар дорад ва пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби он Парвардигоратро бо ситоиш тасбеҳ гӯй
Surah Qaf, Verse 39


وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَأَدۡبَٰرَ ٱلسُّجُودِ

Ва низ дар қисмате аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй
Surah Qaf, Verse 40


وَٱسۡتَمِعۡ يَوۡمَ يُنَادِ ٱلۡمُنَادِ مِن مَّكَانٖ قَرِيبٖ

(Ва эй Расул бишнав!) Рӯзе, ки фаришта аз макони наздике дар сур нидо медиҳад
Surah Qaf, Verse 41


يَوۡمَ يَسۡمَعُونَ ٱلصَّيۡحَةَ بِٱلۡحَقِّۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُرُوجِ

Рӯзе, ки он овози сахтро ба ҳақ мешунаванд ва дар он ҳеҷ шакке нест, он рӯзи берун шудан аз гӯр аст
Surah Qaf, Verse 42


إِنَّا نَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَإِلَيۡنَا ٱلۡمَصِيرُ

Ҳароина, Мо зинда мекунем халқро ва дар дунё мемиронем ва бозгашти ҳама рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо ба сӯйи Мост
Surah Qaf, Verse 43


يَوۡمَ تَشَقَّقُ ٱلۡأَرۡضُ عَنۡهُمۡ سِرَاعٗاۚ ذَٰلِكَ حَشۡرٌ عَلَيۡنَا يَسِيرٞ

Рӯзе, ки замин бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин гирдоварӣ барои Мо осон аст
Surah Qaf, Verse 44


نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِجَبَّارٖۖ فَذَكِّرۡ بِٱلۡقُرۡءَانِ مَن يَخَافُ وَعِيدِ

Мо ба он чи мегуянд, (ин мушрикон аз сухани бардурӯғ бофтан ба Аллоҳ ва оёти Ӯ) донотарем ва ту ба онҳо маъмур (маҷбуркунанда) нестӣ. (Ба ростӣ, ки ту расонандаи паёми илоҳӣ ҳастӣ.) Пас, ҳар киро аз ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ! (Ва он касе, ки аз Мо наметарсад, панд барояш таъсир намебахшад)
Surah Qaf, Verse 45


Author: Khoja Mirov


<< Surah 49
>> Surah 51

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai