Surah Qaf - Tajik Translation by Abdolmohammad Ayati
قٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡمَجِيدِ
Қоф. Қасам ба ин Қуръони арҷманд
Surah Qaf, Verse 1
بَلۡ عَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٞ مِّنۡهُمۡ فَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا شَيۡءٌ عَجِيبٌ
Ки дар тааҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае сӯяшон омад, ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст
Surah Qaf, Verse 2
أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗاۖ ذَٰلِكَ رَجۡعُۢ بَعِيدٞ
Оё замоне, ки мурдему хок шудем, дигар бор зинда мешавем? Ин бозгаште мухол (номумкин) аст!»
Surah Qaf, Verse 3
قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنقُصُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۡهُمۡۖ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظُۢ
Мо медонем, ки хок чӣ гуна аз (ҷасадҳои) онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шуда, назди Мост
Surah Qaf, Verse 4
بَلۡ كَذَّبُواْ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ فَهُمۡ فِيٓ أَمۡرٖ مَّرِيجٍ
Оре, онҳо сухани ростеро, ки бар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас дар коре шӯрида афтоданд
Surah Qaf, Verse 5
أَفَلَمۡ يَنظُرُوٓاْ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَوۡقَهُمۡ كَيۡفَ بَنَيۡنَٰهَا وَزَيَّنَّـٰهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٖ
Оё ба ин осмон бар болои сарашон назар намекунашд, ки чӣ гуна онро бино кардаем ва оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест
Surah Qaf, Verse 6
وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ
Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем
Surah Qaf, Verse 7
تَبۡصِرَةٗ وَذِكۡرَىٰ لِكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ
Бинише ва пандест барои ҳар бандае, ки ба Худо бозгардад
Surah Qaf, Verse 8
وَنَزَّلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ مُّبَٰرَكٗا فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ جَنَّـٰتٖ وَحَبَّ ٱلۡحَصِيدِ
Ва аз осмои обе пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем
Surah Qaf, Verse 9
وَٱلنَّخۡلَ بَاسِقَٰتٖ لَّهَا طَلۡعٞ نَّضِيدٞ
ва нахлҳои баланд бо хушаҳои барҳам чида
Surah Qaf, Verse 10
رِّزۡقٗا لِّلۡعِبَادِۖ وَأَحۡيَيۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ ٱلۡخُرُوجُ
то ризқи баидагон бошад ва бо он об сарзамини мурдаро зинда кардем. Баромадан аз гӯр низ чунин аст
Surah Qaf, Verse 11
كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَأَصۡحَٰبُ ٱلرَّسِّ وَثَمُودُ
Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас ва Самуд такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд
Surah Qaf, Verse 12
وَعَادٞ وَفِرۡعَوۡنُ وَإِخۡوَٰنُ لُوطٖ
ва қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут
Surah Qaf, Verse 13
وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ وَقَوۡمُ تُبَّعٖۚ كُلّٞ كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ
ва асҳоби Айка ва қавми Туббаъ ҳама паёмбаронро дурӯғ шумурданд ва сазовори ваъдаи азоби Ман шуданд
Surah Qaf, Verse 14
أَفَعَيِينَا بِٱلۡخَلۡقِ ٱلۡأَوَّلِۚ بَلۡ هُمۡ فِي لَبۡسٖ مِّنۡ خَلۡقٖ جَدِيدٖ
Оё аз офариниши нахустин оҷиз шуда будем? На онҳо дар офариниши тоза дар шакканд
Surah Qaf, Verse 15
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ ٱلۡوَرِيدِ
Мо одамиро офаридаем ва аз васвасаҳои нафси ӯ огоҳ ҳастем, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем
Surah Qaf, Verse 16
إِذۡ يَتَلَقَّى ٱلۡمُتَلَقِّيَانِ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ قَعِيدٞ
Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд
Surah Qaf, Verse 17
مَّا يَلۡفِظُ مِن قَوۡلٍ إِلَّا لَدَيۡهِ رَقِيبٌ عَتِيدٞ
Ҳар каломе ки мегӯяд, албатта дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст
Surah Qaf, Verse 18
وَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ
Ба ростӣ, ки беҳушии марг фаро мерасад. Ин аст он чӣ аз он мегурехтӣ
Surah Qaf, Verse 19
وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡوَعِيدِ
Ва дар сур дамида мешавад, Ин аст, рӯзи ваъдаҳои азоб
Surah Qaf, Verse 20
وَجَآءَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّعَهَا سَآئِقٞ وَشَهِيدٞ
Ҳар касе меояд ва бо ӯ касест, ки меронадаш ва касест, ки барояш шоҳидӣ медиҳад
Surah Qaf, Verse 21
لَّقَدۡ كُنتَ فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا فَكَشَفۡنَا عَنكَ غِطَآءَكَ فَبَصَرُكَ ٱلۡيَوۡمَ حَدِيدٞ
Ту аз ин ғофил будӣ. Мо парда аз баробарат бардоштем ва имрӯз чашмонат тезбин шудааст
Surah Qaf, Verse 22
وَقَالَ قَرِينُهُۥ هَٰذَا مَا لَدَيَّ عَتِيدٌ
Фариштаи (муваккали) ӯ гӯяд: «Ин аст он чӣ ман омода кардаам»
Surah Qaf, Verse 23
أَلۡقِيَا فِي جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٖ
Ҳар ношукри саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед
Surah Qaf, Verse 24
مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٖ مُّرِيبٍ
он ки аз бахшиш бахилӣ кард ва таҷовузкор буд ва шак меовард
Surah Qaf, Verse 25
ٱلَّذِي جَعَلَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَأَلۡقِيَاهُ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلشَّدِيدِ
он ки бо Худои як то худои дигаре қарор дод. Пас ба азоби сахташ бипартоед
Surah Qaf, Verse 26
۞قَالَ قَرِينُهُۥ رَبَّنَا مَآ أَطۡغَيۡتُهُۥ وَلَٰكِن كَانَ فِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٖ
Ҳамнишини ӯ гӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ, сахт дар гумроҳӣ буд»
Surah Qaf, Verse 27
قَالَ لَا تَخۡتَصِمُواْ لَدَيَّ وَقَدۡ قَدَّمۡتُ إِلَيۡكُم بِٱلۡوَعِيدِ
Мегӯяд: «Назди Ман муҷодала накунед. Ман пеш аз ин бо шумо сухан аз азоб гуфта будам
Surah Qaf, Verse 28
مَا يُبَدَّلُ ٱلۡقَوۡلُ لَدَيَّ وَمَآ أَنَا۠ بِظَلَّـٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ
Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва Ман ба бандагон зулм намекунам»
Surah Qaf, Verse 29
يَوۡمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ ٱمۡتَلَأۡتِ وَتَقُولُ هَلۡ مِن مَّزِيدٖ
Рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Мегӯяд: «Оё ҳеҷ зиёдатӣ ҳаст?»
Surah Qaf, Verse 30
وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ غَيۡرَ بَعِيدٍ
Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд, то аз он дур набошанд
Surah Qaf, Verse 31
هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٖ
Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунащдаи парҳезгоре ваъдааш дода буданд
Surah Qaf, Verse 32
مَّنۡ خَشِيَ ٱلرَّحۡمَٰنَ بِٱلۡغَيۡبِ وَجَآءَ بِقَلۡبٖ مُّنِيبٍ
Онҳоеро, ки дар ниҳон аз Худои раҳмон метарсанд ва бо диле тавбакор омадаанд
Surah Qaf, Verse 33
ٱدۡخُلُوهَا بِسَلَٰمٖۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُلُودِ
Гӯянд: «Дар амон аз ҳар азобе ба биҳишт дохил шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист»
Surah Qaf, Verse 34
لَهُم مَّا يَشَآءُونَ فِيهَا وَلَدَيۡنَا مَزِيدٞ
Дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва бештар аз он назди Мо ҳаст
Surah Qaf, Verse 35
وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّن قَرۡنٍ هُمۡ أَشَدُّ مِنۡهُم بَطۡشٗا فَنَقَّبُواْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ هَلۡ مِن مَّحِيصٍ
Пеш аз онҳо чӣ бисёр мардумеро, ки боқувваттар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ мекарданд, ба ҳалокат овардаем. Оё роҳи гурезе ҳаст
Surah Qaf, Verse 36
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلۡبٌ أَوۡ أَلۡقَى ٱلسَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيدٞ
Дар ин сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш меандозанд, андарзест (пандест)
Surah Qaf, Verse 37
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ وَمَا مَسَّنَا مِن لُّغُوبٖ
Мо осмонҳову замин, ва он чиро миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ба Мо нарасид
Surah Qaf, Verse 38
فَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ قَبۡلَ طُلُوعِ ٱلشَّمۡسِ وَقَبۡلَ ٱلۡغُرُوبِ
Дар баробари он чӣ мегӯянд, пойдорӣ кун ва дар ситоиши Парвардигорат пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фаромадани он тасбеҳ гӯй
Surah Qaf, Verse 39
وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَأَدۡبَٰرَ ٱلسُّجُودِ
Ва низ дар порае аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй
Surah Qaf, Verse 40
وَٱسۡتَمِعۡ يَوۡمَ يُنَادِ ٱلۡمُنَادِ مِن مَّكَانٖ قَرِيبٖ
Ва он гоҳ ки мунодӣ (нидокунанда, Исрофил) аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор
Surah Qaf, Verse 41
يَوۡمَ يَسۡمَعُونَ ٱلصَّيۡحَةَ بِٱلۡحَقِّۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡخُرُوجِ
Рӯзе, ки он овози сахтро ба ҳақ мешунаванд, он рӯз рӯзи берун шудан аз гӯр аст
Surah Qaf, Verse 42
إِنَّا نَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَإِلَيۡنَا ٱلۡمَصِيرُ
Мо зинда мекунем ва мемиронем ва бозгашт назди Мост
Surah Qaf, Verse 43
يَوۡمَ تَشَقَّقُ ٱلۡأَرۡضُ عَنۡهُمۡ سِرَاعٗاۚ ذَٰلِكَ حَشۡرٌ عَلَيۡنَا يَسِيرٞ
Рӯзе, ки замин бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин ҷамъоварӣ барои Мо осон аст
Surah Qaf, Verse 44
نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِجَبَّارٖۖ فَذَكِّرۡ بِٱلۡقُرۡءَانِ مَن يَخَافُ وَعِيدِ
Мо ба он чӣ мегӯянд, донотарем ва ту ба онҳо зӯр намегӯӣ. Пас ҳар киро аз ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ
Surah Qaf, Verse 45