UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Fath - Tajik Translation by Khoja Mirov


إِنَّا فَتَحۡنَا لَكَ فَتۡحٗا مُّبِينٗا

Ҳароина, Мо барои ту (эй Паёмбар) пирӯзӣ ва ғалабаи намоёнеро ҳукм кардем. (Яъне, нусрат медиҳад Аллоҳ туро бар душманат ва он сулҳи Ҳудайбия мебошад, ки мардум ба сабаби он дар амон монданд, пас доираи даъват ба Ислом васеъ шуд ва мардум дар ин муддат ба дини Ислом гӯруҳ гӯруҳ дохил шуданд. Пас ба ҳамин сабаб Аллоҳ таъоло ин пирӯзиро, пирӯзии намоён ва ошкор номид)
Surah Al-Fath, Verse 1


لِّيَغۡفِرَ لَكَ ٱللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنۢبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ وَيُتِمَّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَيَهۡدِيَكَ صِرَٰطٗا مُّسۡتَقِيمٗا

Оқибати фатҳ он аст, ки Аллоҳ таъоло гуноҳи туро, он чӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту биёмурзад, (ба сабаби он чи ҳосил шуд дар ин фатҳ аз тоъатҳои бисёр ва ба дӯш гирифтанат машаққатҳои бисёреро) ва неъмати худро бар ту тамом кунад ва туро ба роҳи рост ҳидоят кунад
Surah Al-Fath, Verse 2


وَيَنصُرَكَ ٱللَّهُ نَصۡرًا عَزِيزًا

Ва то туро нусрату ёрӣ диҳад, ёрm кардани пирӯзмандонае, ки Ислом заъиф нашавад
Surah Al-Fath, Verse 3


هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ ٱلسَّكِينَةَ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ لِيَزۡدَادُوٓاْ إِيمَٰنٗا مَّعَ إِيمَٰنِهِمۡۗ وَلِلَّهِ جُنُودُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا

Ӯст Аллоҳе, ки итминону оромишро (рӯзи Ҳудайбия) ба дилҳои мӯъминон фиристод, то имоне бар имонашон бияфзоянд. Ва аз они Аллоҳ таъолост лашкарҳои осмонҳову замин, ба воситаи онон бандагони мӯъминашро пирӯз мегардонад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст
Surah Al-Fath, Verse 4


لِّيُدۡخِلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَيُكَفِّرَ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عِندَ ٱللَّهِ فَوۡزًا عَظِيمٗا

то мардону занони мӯъминонро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он аз зери дарахтон ва қасрҳо рӯдҳо ҷорист ва дар он ҷо ҷовидонанд ва гуноҳҳояшонро нест кунад. Ва ин дар назди Аллоҳ комёбии бузургест
Surah Al-Fath, Verse 5


وَيُعَذِّبَ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ وَٱلۡمُشۡرِكَٰتِ ٱلظَّآنِّينَ بِٱللَّهِ ظَنَّ ٱلسَّوۡءِۚ عَلَيۡهِمۡ دَآئِرَةُ ٱلسَّوۡءِۖ وَغَضِبَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡ وَلَعَنَهُمۡ وَأَعَدَّ لَهُمۡ جَهَنَّمَۖ وَسَآءَتۡ مَصِيرٗا

Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки дар ҳаққи Аллоҳ гумони бад мебаранд, азоб кунад. Гардиши бади рӯзгор бар онон бод! Ва Аллоҳ бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам бад саранҷомест
Surah Al-Fath, Verse 6


وَلِلَّهِ جُنُودُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا

Ва аз они Аллоҳ таъолост лашкарҳои осмонҳову замин ба воситаи онон бандагони мӯъминашро пирӯз мегардонад. Ва Аллоҳ таъоло бар халқаш пирӯзманд ва дар тадбири корашон бо ҳикмат аст
Surah Al-Fath, Verse 7


إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ شَٰهِدٗا وَمُبَشِّرٗا وَنَذِيرٗا

Ҳароина, туро эй Паёмбар гувоҳидиҳанда бар умматонат, муждадиҳанда ба ҷаннат, касеро, ки туро итоъат кунад ва бимдиҳанда ба азоб, касеро, ки туро нофармонӣ кунад, фиристодаем
Surah Al-Fath, Verse 8


لِّتُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتُعَزِّرُوهُ وَتُوَقِّرُوهُۚ وَتُسَبِّحُوهُ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلًا

То ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва ёрии Аллоҳ кунед, ба нусрат додани динаш ва бузургаш доред ва Аллоҳро дар аввали субҳ ва шом тасбеҳ гӯед
Surah Al-Fath, Verse 9


إِنَّ ٱلَّذِينَ يُبَايِعُونَكَ إِنَّمَا يُبَايِعُونَ ٱللَّهَ يَدُ ٱللَّهِ فَوۡقَ أَيۡدِيهِمۡۚ فَمَن نَّكَثَ فَإِنَّمَا يَنكُثُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَوۡفَىٰ بِمَا عَٰهَدَ عَلَيۡهُ ٱللَّهَ فَسَيُؤۡتِيهِ أَجۡرًا عَظِيمٗا

Ҳароина, онон, ки бо ту эй Паёмбар байъат (аҳд) мекунанд ба ҷанги душман, (дар Ҳудайбия), ҷуз ин нест ки бо Аллоҳ байъат мекунанд. Дасти Аллоҳ болои дастҳояшон аст . Пас ҳар кӣ он паймонро бишканад, албатта, бар зиёни худ паймон мешиканад. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Аллоҳ бастааст, вафо кунад (яъне сабр кунад дар муқобили душман дар роҳи Аллоҳ ва нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), пас ӯро музди некӯ (ҷаннат) диҳад
Surah Al-Fath, Verse 10


سَيَقُولُ لَكَ ٱلۡمُخَلَّفُونَ مِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ شَغَلَتۡنَآ أَمۡوَٰلُنَا وَأَهۡلُونَا فَٱسۡتَغۡفِرۡ لَنَاۚ يَقُولُونَ بِأَلۡسِنَتِهِم مَّا لَيۡسَ فِي قُلُوبِهِمۡۚ قُلۡ فَمَن يَمۡلِكُ لَكُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔا إِنۡ أَرَادَ بِكُمۡ ضَرًّا أَوۡ أَرَادَ بِكُمۡ نَفۡعَۢاۚ بَلۡ كَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرَۢا

Эй Паёмбар! Аз аъроби бодиянишин (онон, ки аз рафтан ба сӯи Макка бо ҳамроҳи ту қафокашӣ карданд,) ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву молу мулкамон моро аз баромадан бо ҳамроҳи ту боздоштаанд, пас барои мо аз Парвардигорат омурзиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯянд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Пас агар Аллоҳ бароятон зиёне бихоҳад ё нафъе бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Аллоҳ онро дигаргун кунад?» (На он тавр аст, ки мунофиқон мепидоранд, ин ки Аллоҳ таъоло он чизеро, ки дар дилҳояшон пинҳон мекунанд аз нифоқ намедонад.) Балки Ӯ таъоло огоҳ буд ба он чӣ мекардед. (Ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагон аз Ӯ пинҳон намемонад)
Surah Al-Fath, Verse 11


بَلۡ ظَنَنتُمۡ أَن لَّن يَنقَلِبَ ٱلرَّسُولُ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِلَىٰٓ أَهۡلِيهِمۡ أَبَدٗا وَزُيِّنَ ذَٰلِكَ فِي قُلُوبِكُمۡ وَظَنَنتُمۡ ظَنَّ ٱلسَّوۡءِ وَكُنتُمۡ قَوۡمَۢا بُورٗا

Балки мепиндоштед, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мӯъминон ҳаргиз аз ин сафар ба хонаҳояшон боз нахоҳанд гашт ва шайтон ин гумони бадро дар дилҳоятон зиннат дод. Ва бисёр гумони бад кардед, ки Аллоҳ паёмбарашро нусрат намедиҳад. Ва ба ин сабаб гаштед гӯруҳи ҳалок гашта
Surah Al-Fath, Verse 12


وَمَن لَّمۡ يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ فَإِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ سَعِيرٗا

Ва ҳар кас ба Аллоҳу паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон наёвардааст, пас ҳамоно ӯ кофир ва сазовори азоб аст ва бидонад, ки ҳароина, барои кофирон оташи сӯзоне омода кардаем
Surah Al-Fath, Verse 13


وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ يَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۚ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا

Ва аз они Аллоҳ таъолост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар киро бихоҳад, (ба раҳматаш) меомурзад ва ҳар киро бихоҳад (ба адлаш), азоб мекунад ва Аллоҳ таъоло омӯрзандаи тавбакунандагон ва меҳрубони онҳост
Surah Al-Fath, Verse 14


سَيَقُولُ ٱلۡمُخَلَّفُونَ إِذَا ٱنطَلَقۡتُمۡ إِلَىٰ مَغَانِمَ لِتَأۡخُذُوهَا ذَرُونَا نَتَّبِعۡكُمۡۖ يُرِيدُونَ أَن يُبَدِّلُواْ كَلَٰمَ ٱللَّهِۚ قُل لَّن تَتَّبِعُونَا كَذَٰلِكُمۡ قَالَ ٱللَّهُ مِن قَبۡلُۖ فَسَيَقُولُونَ بَلۡ تَحۡسُدُونَنَاۚ بَلۡ كَانُواْ لَا يَفۡقَهُونَ إِلَّا قَلِيلٗا

(Эй Паёмбар, чун ба қасди ғаниматҳои ғазваи Хайбар равона шудед,) ба зудӣ барҷоймондагон хоҳанд гуфт: Бигзоред моро то бо шумо равем (сӯӣ Хайбар). Мехоҳанд тағйир бидиҳанд ваъдаи Аллоҳро. Бигӯ ҳаргиз наравед бо мо (сӯи Хайбар): зеро Аллоҳ ба мо пеш аз омаданамон (ба сӯи Мадина,) гуфта буд, (ки ҳамоно ғаниматҳои Хайбар, аз они он шахест, ки дар Ҳудайбия иштирок кардааст.) Пас (мунофиқон) хоҳанд гуфт: Не, Аллоҳ чунин амр накардааст шуморо, балки шумо ҳасаду бахили мекунед ба мо. Не! (воқеъан чунин нест), балки ҳақиқат ин аст, ки мунофиқон ба ҷуз андаке чизе дарёфтанӣ надоранд, чи чиз дар дин барояшон фоида меорад ва чи чиз зарар
Surah Al-Fath, Verse 15


قُل لِّلۡمُخَلَّفِينَ مِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ سَتُدۡعَوۡنَ إِلَىٰ قَوۡمٍ أُوْلِي بَأۡسٖ شَدِيدٖ تُقَٰتِلُونَهُمۡ أَوۡ يُسۡلِمُونَۖ فَإِن تُطِيعُواْ يُؤۡتِكُمُ ٱللَّهُ أَجۡرًا حَسَنٗاۖ وَإِن تَتَوَلَّوۡاْ كَمَا تَوَلَّيۡتُم مِّن قَبۡلُ يُعَذِّبۡكُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا

Ба аъроби бодиянишин, ки аз ҷанг ақибнишинӣ карданд, бигӯ: «Ба зудӣ барои ҷанг ба сӯи мардуми сахт нерӯманде даъват карда мешавед, ки бо онҳо меҷангед ё мусалмон мешаванд. Пас агар итоъат кунед, Аллоҳ подоши некӯ (ҷаннат) хоҳад дод ва агар рӯй баргардонед аз ҷанг ҳамчуноне ки пеш аз ин ақибнишинӣ кардед (аз рафтан бо Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба сӯи Макка,) шуморо ба азоби дардовар азоб мекунад»
Surah Al-Fath, Verse 16


لَّيۡسَ عَلَى ٱلۡأَعۡمَىٰ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡأَعۡرَجِ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرِيضِ حَرَجٞۗ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ يُدۡخِلۡهُ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَمَن يَتَوَلَّ يُعَذِّبۡهُ عَذَابًا أَلِيمٗا

Эй мардум бар кӯр гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест (дар нарафтани ба ҷиҳод ҳамроҳи мӯъминон, аз сабабе, ки қудрату тавоноӣ надоранд). Ва ҳар кӣ аз Аллоҳу паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунанд, ки дар он аз зери қасрҳояш дарёҳо равон аст. Ва ҳар кӣ аз итоъати Аллоҳу паёмбараш сар бартобад ва аз муқобилият бо душман ақибнишинӣ кунад, ба азоби дардовар азобаш мекунад
Surah Al-Fath, Verse 17


۞لَّقَدۡ رَضِيَ ٱللَّهُ عَنِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذۡ يُبَايِعُونَكَ تَحۡتَ ٱلشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمۡ فَأَنزَلَ ٱلسَّكِينَةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَثَٰبَهُمۡ فَتۡحٗا قَرِيبٗا

Албатта, Аллоҳ розй шуд аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, пас донист он чӣ (яъне имону садоқат) дар дилашон аст. Пас, итминону оромишро бар дилҳояшон нозил кард ва фатҳи наздике (ғалабаи Хайбар)-ро подошашон дод
Surah Al-Fath, Verse 18


وَمَغَانِمَ كَثِيرَةٗ يَأۡخُذُونَهَاۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمٗا

Ва аз ғаниматҳои бисёре (яъне, аз молҳои яҳудиён), ки онро ба даст хоҳанд овард. Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст
Surah Al-Fath, Verse 19


وَعَدَكُمُ ٱللَّهُ مَغَانِمَ كَثِيرَةٗ تَأۡخُذُونَهَا فَعَجَّلَ لَكُمۡ هَٰذِهِۦ وَكَفَّ أَيۡدِيَ ٱلنَّاسِ عَنكُمۡ وَلِتَكُونَ ءَايَةٗ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَيَهۡدِيَكُمۡ صِرَٰطٗا مُّسۡتَقِيمٗا

Ваъда дод шуморо Аллоҳ ба гирифтани ғаниматҳои бисёр, пас ин (ғаниматҳои Хайбар)-ро барои шумо зудтар фароҳам сохт ва боздошт Аллоҳ дасти душманонро (аз зиён расонидан) ба шумо, то бошад ин қазия ибрате барои мӯъминон, то ҳидоят кунад Аллоҳ шуморо ба роҳи рост
Surah Al-Fath, Verse 20


وَأُخۡرَىٰ لَمۡ تَقۡدِرُواْ عَلَيۡهَا قَدۡ أَحَاطَ ٱللَّهُ بِهَاۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٗا

Ва ваъда дод Аллоҳ таъоло ба шумо гирифтани ғаниматҳои дигарро, ки ҳанӯз даст наёфтед бар гирифтани он ва Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст
Surah Al-Fath, Verse 21


وَلَوۡ قَٰتَلَكُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوَلَّوُاْ ٱلۡأَدۡبَٰرَ ثُمَّ لَا يَجِدُونَ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرٗا

Ва агар кофирони Қурайш бо шумо ба ҷанг бархезанд, бегумон пушт гардонда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсте ғайри Аллоҳ ва ёридиҳандае, ки онҳоро нусрат диҳад, намеёбанд
Surah Al-Fath, Verse 22


سُنَّةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلُۖ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ ٱللَّهِ تَبۡدِيلٗا

Ин суннати Аллоҳ аст, ки пеш аз ин ҳамчунин будааст ва ту эй Паёмбар дар суннати Аллоҳ, ҳаргиз дигаргунӣ нахоҳӣ ёфт
Surah Al-Fath, Verse 23


وَهُوَ ٱلَّذِي كَفَّ أَيۡدِيَهُمۡ عَنكُمۡ وَأَيۡدِيَكُمۡ عَنۡهُم بِبَطۡنِ مَكَّةَ مِنۢ بَعۡدِ أَنۡ أَظۡفَرَكُمۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرًا

Ва Ӯ Аллоҳ Зотест, ки боздошт дасти мушриконро аз зарар расонидан ба шумо (дар Ҳудайбия) ва дасти шуморо аз мушрикон дар даруни Макка (боздошт). Баъд аз он, ки ғолибу пирӯз сохт шуморо бар болои мушрикон. Ва Аллоҳ бар ҳар корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд
Surah Al-Fath, Verse 24


هُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّوكُمۡ عَنِ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ وَٱلۡهَدۡيَ مَعۡكُوفًا أَن يَبۡلُغَ مَحِلَّهُۥۚ وَلَوۡلَا رِجَالٞ مُّؤۡمِنُونَ وَنِسَآءٞ مُّؤۡمِنَٰتٞ لَّمۡ تَعۡلَمُوهُمۡ أَن تَطَـُٔوهُمۡ فَتُصِيبَكُم مِّنۡهُم مَّعَرَّةُۢ بِغَيۡرِ عِلۡمٖۖ لِّيُدۡخِلَ ٱللَّهُ فِي رَحۡمَتِهِۦ مَن يَشَآءُۚ لَوۡ تَزَيَّلُواْ لَعَذَّبۡنَا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ عَذَابًا أَلِيمًا

Онҳо (куффори Макка) касоне ҳастанд, ки кофир шуданд ва шуморо (дар рӯзи Ҳудайбия) аз даромадани Масҷидулҳаром боздоштанд ва аз расидани қурбонӣ ба қурбонгоҳаш боздоштанд ва агар мардон ва занони мӯъмин дар Макка набуданд, ки шумо онҳоро намешиносед ва бими он набуд, ки онҳоро поймол ва ҳалок кунед, пас надониста аз куштани онҳо муртакиби гуноҳ шавед, то Аллоҳ ҳар касро бихоҳад дар раҳмати худ қарор диҳад. Агар мӯъминон ва кофирон дар Макка аз якдигар ҷудо мебуданд, албатта, кофиронашонро ба азоби дардовар азоб мекардем
Surah Al-Fath, Verse 25


إِذۡ جَعَلَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلۡحَمِيَّةَ حَمِيَّةَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ فَأَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ وَعَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَأَلۡزَمَهُمۡ كَلِمَةَ ٱلتَّقۡوَىٰ وَكَانُوٓاْ أَحَقَّ بِهَا وَأَهۡلَهَاۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٗا

Чун кофирон тасмим гирифтанд, ки дар дилҳои худ таъассуб, ҳамон таъассуби ҷоҳилиро ҷой диҳанд, пас Аллоҳ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯ фиристод ва собит кард бар онҳо калимаи тақворо, ки он "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст ва Паёмбар ва ёронаш ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност
Surah Al-Fath, Verse 26


لَّقَدۡ صَدَقَ ٱللَّهُ رَسُولَهُ ٱلرُّءۡيَا بِٱلۡحَقِّۖ لَتَدۡخُلُنَّ ٱلۡمَسۡجِدَ ٱلۡحَرَامَ إِن شَآءَ ٱللَّهُ ءَامِنِينَ مُحَلِّقِينَ رُءُوسَكُمۡ وَمُقَصِّرِينَ لَا تَخَافُونَۖ فَعَلِمَ مَا لَمۡ تَعۡلَمُواْ فَجَعَلَ مِن دُونِ ذَٰلِكَ فَتۡحٗا قَرِيبًا

Бегумон, Аллоҳ хоби паёмбарашро ба ростӣ пайваст, ки гуфта буд: "Агар Аллоҳ бихоҳад, Ӯ ва асҳобаш эмин, гурӯҳе сар тарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда, бе ҳеҷ биме аз аҳли ширк ба масҷидулҳаром дохил мешаванд". Пас Аллоҳ чизҳое медонист, ки шумо намедонистед. Пас осон кард ба шумо пеш аз даромадани Макка як фатҳи наздикро (яъне, сулҳи Ҳудайбия ё фатҳи Хайбарро)
Surah Al-Fath, Verse 27


هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدٗا

Аллоҳ таъолост, ки паёмбараш (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) бо далелҳои равшан ва бо дини Ислом фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад. Ва басанда аст туро (эй Паёмбар) Аллоҳ таъоло барои шоҳидии ин, ки Ӯ таъоло пирӯзӣ диҳад туро ва динатро бар соири динҳо ва боло гардонад
Surah Al-Fath, Verse 28


مُّحَمَّدٞ رَّسُولُ ٱللَّهِۚ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥٓ أَشِدَّآءُ عَلَى ٱلۡكُفَّارِ رُحَمَآءُ بَيۡنَهُمۡۖ تَرَىٰهُمۡ رُكَّعٗا سُجَّدٗا يَبۡتَغُونَ فَضۡلٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٗاۖ سِيمَاهُمۡ فِي وُجُوهِهِم مِّنۡ أَثَرِ ٱلسُّجُودِۚ ذَٰلِكَ مَثَلُهُمۡ فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِۚ وَمَثَلُهُمۡ فِي ٱلۡإِنجِيلِ كَزَرۡعٍ أَخۡرَجَ شَطۡـَٔهُۥ فَـَٔازَرَهُۥ فَٱسۡتَغۡلَظَ فَٱسۡتَوَىٰ عَلَىٰ سُوقِهِۦ يُعۡجِبُ ٱلزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ ٱلۡكُفَّارَۗ وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ مِنۡهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمَۢا

Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо ӯ бар дини ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва дар миёни якдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар намозашон дар ҳолати рукуъ ва суҷуд мебинӣ ва умедвори фазлу хушнудии Аллоҳ ҳастанд, пас онҳоро ба ҷаннат дохил мекунад, ва аз онҳо розӣ мебошад. Нишонаи дурусткории онҳо дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда намоён аст. Ин аст васфи онҳо дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки ҷавона (хӯша) бизанад ва он ҷавона (хӯша) маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат андозад, то он ҷо, ки бисёрии онҳо ва зебоии манзарашон кофиронро ба хашм оварад. Аллоҳ аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳу расулаш ва корҳои шоиста кардаанд ва аз манъ кардаҳояш парҳез карданд, ба омӯрзиши гуноҳҳояшон ва мукофоти бузург (ҷаннат) ваъда додааст
Surah Al-Fath, Verse 29


Author: Khoja Mirov


<< Surah 47
>> Surah 49

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai