Surah Al-Fath Verse 29 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Fathمُّحَمَّدٞ رَّسُولُ ٱللَّهِۚ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥٓ أَشِدَّآءُ عَلَى ٱلۡكُفَّارِ رُحَمَآءُ بَيۡنَهُمۡۖ تَرَىٰهُمۡ رُكَّعٗا سُجَّدٗا يَبۡتَغُونَ فَضۡلٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٗاۖ سِيمَاهُمۡ فِي وُجُوهِهِم مِّنۡ أَثَرِ ٱلسُّجُودِۚ ذَٰلِكَ مَثَلُهُمۡ فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِۚ وَمَثَلُهُمۡ فِي ٱلۡإِنجِيلِ كَزَرۡعٍ أَخۡرَجَ شَطۡـَٔهُۥ فَـَٔازَرَهُۥ فَٱسۡتَغۡلَظَ فَٱسۡتَوَىٰ عَلَىٰ سُوقِهِۦ يُعۡجِبُ ٱلزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ ٱلۡكُفَّارَۗ وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ مِنۡهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمَۢا
Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо ӯ бар дини ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва дар миёни якдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар намозашон дар ҳолати рукуъ ва суҷуд мебинӣ ва умедвори фазлу хушнудии Аллоҳ ҳастанд, пас онҳоро ба ҷаннат дохил мекунад, ва аз онҳо розӣ мебошад. Нишонаи дурусткории онҳо дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда намоён аст. Ин аст васфи онҳо дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки ҷавона (хӯша) бизанад ва он ҷавона (хӯша) маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат андозад, то он ҷо, ки бисёрии онҳо ва зебоии манзарашон кофиронро ба хашм оварад. Аллоҳ аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳу расулаш ва корҳои шоиста кардаанд ва аз манъ кардаҳояш парҳез карданд, ба омӯрзиши гуноҳҳояшон ва мукофоти бузург (ҷаннат) ваъда додааст