Surah Muhammad - Tajik Translation by Khoja Mirov
ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ أَضَلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Аллоҳ аъмоли неки касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ботил сохт
Surah Muhammad, Verse 1
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَءَامَنُواْ بِمَا نُزِّلَ عَلَىٰ مُحَمَّدٖ وَهُوَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡ كَفَّرَ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡ وَأَصۡلَحَ بَالَهُمۡ
Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ (яъне, Қуръон) бар Муҳаммад нозил шуда, ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардаанд, Аллоҳ гуноҳонашонро мебахшад ва он чи аз амалҳои баде анҷом додаанд, азобашон намекунад ва корҳояшонро дар дунёву охират ба салоҳ меоварад
Surah Muhammad, Verse 2
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱتَّبَعُواْ ٱلۡبَٰطِلَ وَأَنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّبَعُواْ ٱلۡحَقَّ مِن رَّبِّهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يَضۡرِبُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ أَمۡثَٰلَهُمۡ
Ва ин зоеъ сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон ба он сабаб аст, ки кофирон ботилро (шайтон) пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, пайравӣ карданд ҳаққеро, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд. Аллоҳ барои мардум инчунин мисолҳои онҳоро баён мекунад
Surah Muhammad, Verse 3
فَإِذَا لَقِيتُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَضَرۡبَ ٱلرِّقَابِ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَثۡخَنتُمُوهُمۡ فَشُدُّواْ ٱلۡوَثَاقَ فَإِمَّا مَنَّۢا بَعۡدُ وَإِمَّا فِدَآءً حَتَّىٰ تَضَعَ ٱلۡحَرۡبُ أَوۡزَارَهَاۚ ذَٰلِكَۖ وَلَوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ لَٱنتَصَرَ مِنۡهُمۡ وَلَٰكِن لِّيَبۡلُوَاْ بَعۡضَكُم بِبَعۡضٖۗ وَٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَلَن يُضِلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Пас эй мӯъминон чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед дар майдони ҷанг, гарданашонро бизанед. Ба ҳамчунин идома диҳед, то ба андозае душманро ба куштан ё захмӣ кардан, заъиф намоед ва чун онҳоро сахт фурӯ куфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ оноҳро ба эҳсон озод кунед ё ба фидя (ба ивази пулу мол). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Аллоҳ. Ва агар Аллоҳ мехост (на ба роҳи ҷанг, балки аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо) аз он кофирон интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шудаанд, ҳаргиз савоби аъмолашонро ботил намекунад
Surah Muhammad, Verse 4
سَيَهۡدِيهِمۡ وَيُصۡلِحُ بَالَهُمۡ
Ба зудӣ, Аллоҳ дар дунё бо тоъат ва ризоияти худаш ононро ҳидоят хоҳад кард ва корҳояшонро ба салоҳ меоварад
Surah Muhammad, Verse 5
وَيُدۡخِلُهُمُ ٱلۡجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمۡ
Ва ононро ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохил месозад ва манзилҳояшонро барояшон муаррифӣ менамояд
Surah Muhammad, Verse 6
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَنصُرُواْ ٱللَّهَ يَنصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ أَقۡدَامَكُمۡ
Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал намудаед, агар дини Аллоҳро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш ёрӣ кунед, шуморо бар зидди душманонатон ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад
Surah Muhammad, Verse 7
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَتَعۡسٗا لَّهُمۡ وَأَضَلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Ва касоне, ки куфр варзиданд, марг бар онон бод! Аллоҳ аъмолашонро ботил кардааст
Surah Muhammad, Verse 8
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَرِهُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Зеро онон чизеро, (аз Қуръон,) ки Аллоҳ нозил кардааст, (бар паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нохуш доштанд ва ба он бовар надоранд. Дар натиҷа Аллоҳ аъмолашонро нобуд кард, (зеро дар тоъати шайтон буданд)
Surah Muhammad, Verse 9
۞أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ دَمَّرَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡۖ وَلِلۡكَٰفِرِينَ أَمۡثَٰلُهَا
Оё кофирон дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ баровардаанд, чӣ гуна будааст? Аллоҳ ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате монанди онҳоро доранд
Surah Muhammad, Verse 10
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ مَوۡلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَأَنَّ ٱلۡكَٰفِرِينَ لَا مَوۡلَىٰ لَهُمۡ
Ин (яъне, ёрӣ додани мӯъминон ва ҳалок кардани кофирон) ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ёвари касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ дӯст ва ёваре нест
Surah Muhammad, Verse 11
إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَتَمَتَّعُونَ وَيَأۡكُلُونَ كَمَا تَأۡكُلُ ٱلۡأَنۡعَٰمُ وَٱلنَّارُ مَثۡوٗى لَّهُمۡ
Бегумон Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо аз зери қасрҳо ва дарахтони он ҷорист, дохил мегардонад. Ва кофирон дар дунё баҳраманд мешаванд ва мехӯранд чун чорпоён бехабар аз саранҷоми кор ва ҷойгоҳашон оташ аст
Surah Muhammad, Verse 12
وَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ هِيَ أَشَدُّ قُوَّةٗ مِّن قَرۡيَتِكَ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَتۡكَ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡ فَلَا نَاصِرَ لَهُمۡ
Ва эй Расул, чи шаҳрҳои зиёде, ки мардумаш аз мардуми шаҳри ту (Макка), ки аз он берунат карданд, хеле нерӯмандтар буданд, ба ҳар гуна азобҳо ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро наҷот диҳанд
Surah Muhammad, Verse 13
أَفَمَن كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّهِۦ كَمَن زُيِّنَ لَهُۥ سُوٓءُ عَمَلِهِۦ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُم
Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касест, ки кирдори бадаш дар назараш ороста шудааст ва монанди касоне аст, ки аз паи ҳавасҳои худ мераванд? (Ҳаргиз монанд нестанд)
Surah Muhammad, Verse 14
مَّثَلُ ٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي وُعِدَ ٱلۡمُتَّقُونَۖ فِيهَآ أَنۡهَٰرٞ مِّن مَّآءٍ غَيۡرِ ءَاسِنٖ وَأَنۡهَٰرٞ مِّن لَّبَنٖ لَّمۡ يَتَغَيَّرۡ طَعۡمُهُۥ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ خَمۡرٖ لَّذَّةٖ لِّلشَّـٰرِبِينَ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ عَسَلٖ مُّصَفّٗىۖ وَلَهُمۡ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَمَغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡۖ كَمَنۡ هُوَ خَٰلِدٞ فِي ٱلنَّارِ وَسُقُواْ مَآءً حَمِيمٗا فَقَطَّعَ أَمۡعَآءَهُمۡ
Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, чунин аст, ки дар он ҷӯйборҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва ҷӯйборҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки барои нӯшандааш лаззат аст ва ҷӯйборҳое аз асали мусаффо. Ва онон дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, барои онон ҳаст ва низ аз омурзиши Парвардигорашон бархурдоранд. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи дӯзах ҷовидонаанд ва ононро аз оби ҷӯшоне меошомонанд, ки рӯдаҳояшонро пора-пора мекунад
Surah Muhammad, Verse 15
وَمِنۡهُم مَّن يَسۡتَمِعُ إِلَيۡكَ حَتَّىٰٓ إِذَا خَرَجُواْ مِنۡ عِندِكَ قَالُواْ لِلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ مَاذَا قَالَ ءَانِفًاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُمۡ
Ва баъзе аз мунофиқон ба ту (эй Расул) гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандони асҳоби паёмбар, ки Аллоҳ ба онҳо илм додааст, масхараомезона мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки Муҳаммад алҳол чанд лаҳза пештар гуфт:» Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст, ҳақро намефаҳманд ва аз пайи ҳавою ҳавасҳои худ рафтаанд
Surah Muhammad, Verse 16
وَٱلَّذِينَ ٱهۡتَدَوۡاْ زَادَهُمۡ هُدٗى وَءَاتَىٰهُمۡ تَقۡوَىٰهُمۡ
Ва онон, ки ба сӯи ҳақ ҳидоят ёфтаанд, Аллоҳ бар ҳидояташон афзуд ва ба онон парҳезгорӣ ато фармуд
Surah Muhammad, Verse 17
فَهَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗۖ فَقَدۡ جَآءَ أَشۡرَاطُهَاۚ فَأَنَّىٰ لَهُمۡ إِذَا جَآءَتۡهُمۡ ذِكۡرَىٰهُمۡ
Пас оё инҳо кофирон танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳароина, нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашон чӣ фоидае барои онҳо дорад
Surah Muhammad, Verse 18
فَٱعۡلَمۡ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لِذَنۢبِكَ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مُتَقَلَّبَكُمۡ وَمَثۡوَىٰكُمۡ
Пас, бидон эй Расул ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Ва аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин омӯрзиш бихоҳ. Ва Аллоҳ медонад, маҳалли ҳаракати шуморо, ки рӯз ба куҷо меравед ва қароргоҳи шуморо низ медонад, ки шаб дар куҷо меоромед
Surah Muhammad, Verse 19
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَوۡلَا نُزِّلَتۡ سُورَةٞۖ فَإِذَآ أُنزِلَتۡ سُورَةٞ مُّحۡكَمَةٞ وَذُكِرَ فِيهَا ٱلۡقِتَالُ رَأَيۡتَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ يَنظُرُونَ إِلَيۡكَ نَظَرَ ٱلۡمَغۡشِيِّ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡمَوۡتِۖ فَأَوۡلَىٰ لَهُمۡ
Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд мегӯянд: «Кошкӣ аз ҷониби Аллоҳ сурае нозил мешуд ва моро ба ҷанги зидди душманон мехонд?» Чун сурае аз мӯҳкамот (оятҳояш равшан) нозил шавад ва дар он сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон шубҳа ва нифоқ аст, мебинӣ, ки ба сӯи ту монанди нигоҳи касе, ки аз сакароти марг беҳуш шуда бошад, менигаранд. Пас барояшон шоистатар аст, ки
Surah Muhammad, Verse 20
طَاعَةٞ وَقَوۡلٞ مَّعۡرُوفٞۚ فَإِذَا عَزَمَ ٱلۡأَمۡرُ فَلَوۡ صَدَقُواْ ٱللَّهَ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ
фармонбардорӣ кунанд Аллоҳро ва сухани некӯ гӯянд мувофиқи шариъат. Ва ҳангоме ки ҷанг воҷиб шавад, мунофиқонро аз он нохуш ояд, агар бо Аллоҳ содиқ бошанд дар имону амал барояшон аз гуноҳу нофармонбардорӣ беҳтар аст
Surah Muhammad, Verse 21
فَهَلۡ عَسَيۡتُمۡ إِن تَوَلَّيۡتُمۡ أَن تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَتُقَطِّعُوٓاْ أَرۡحَامَكُمۡ
Пас оё агар (аз Қуръон ва суннати паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардондед, ҷуз ин интизор меравад, ки дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд)
Surah Muhammad, Verse 22
أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَعَنَهُمُ ٱللَّهُ فَأَصَمَّهُمۡ وَأَعۡمَىٰٓ أَبۡصَٰرَهُمۡ
Инҳоянд (фасодкунандагон ва қатъкунандагони пайванди хешу таборӣ), ки Аллоҳ лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро аз шунидани ҳақ кару чашмонашонро аз дидани роҳи ҳидоят кӯр сохтааст
Surah Muhammad, Verse 23
أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ ٱلۡقُرۡءَانَ أَمۡ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقۡفَالُهَآ
Оё ин мунофиқон дар панду андарзҳои Қуръон намеандешанд ё бар дилҳо қуфлҳост, ки чизе аз Қуръон ба он дохил намешавад
Surah Muhammad, Verse 24
إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱرۡتَدُّواْ عَلَىٰٓ أَدۡبَٰرِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡهُدَى ٱلشَّيۡطَٰنُ سَوَّلَ لَهُمۡ وَأَمۡلَىٰ لَهُمۡ
Бегумон касоне ки муртад шуданд аз Ислом ва ба куфри гузаштаи худ баргаштанд, баъд аз он ки бар онон роҳи ҳидоят равшан шуд, шайтон ба онҳо корҳои бадашонро дар назарашон биёрост ва онҳоро ба орзуҳои тулонӣ фиреб дод
Surah Muhammad, Verse 25
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُواْ لِلَّذِينَ كَرِهُواْ مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ سَنُطِيعُكُمۡ فِي بَعۡضِ ٱلۡأَمۡرِۖ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِسۡرَارَهُمۡ
Ва ин аз дин баргаштанашон ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, (яҳудиён), ки оёти Аллоҳро нохуш медоштанд, мегуфтанд: "Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем." Ва Аллоҳ аз розашон огоҳ аст
Surah Muhammad, Verse 26
فَكَيۡفَ إِذَا تَوَفَّتۡهُمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ يَضۡرِبُونَ وُجُوهَهُمۡ وَأَدۡبَٰرَهُمۡ
Пас чӣ гунааст ҳолашон, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд
Surah Muhammad, Verse 27
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱتَّبَعُواْ مَآ أَسۡخَطَ ٱللَّهَ وَكَرِهُواْ رِضۡوَٰنَهُۥ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Ин тавр сахт ҷон ситонидан аз мунофиқон ба сабаби он аст, ки аз он чӣ Аллоҳро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз он чӣ хушнудаш месохт, бадбинӣ доштаанд. Пас Аллоҳ низ савоби амалҳои некашонро нобуд кард (монанди садақа ва силаи раҳм ва дигар амалҳо)
Surah Muhammad, Verse 28
أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ أَن لَّن يُخۡرِجَ ٱللَّهُ أَضۡغَٰنَهُمۡ
Оё онон, (мунофиқон), ки дар дилашон бемориест аз ҳасаду душамнӣ бар аҳли Ислом, мепиндоранд, ки Аллоҳ кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард
Surah Muhammad, Verse 29
وَلَوۡ نَشَآءُ لَأَرَيۡنَٰكَهُمۡ فَلَعَرَفۡتَهُم بِسِيمَٰهُمۡۚ وَلَتَعۡرِفَنَّهُمۡ فِي لَحۡنِ ٱلۡقَوۡلِۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ أَعۡمَٰلَكُمۡ
Ба агар бихоҳем (нишонаҳои зоҳирии онҳоро ба ту эй Расул) нишон медиҳем, пас ҳароина, ту онҳоро ба симо ва қиёфаҳояшон бишиносӣ ва ҳатман, ту онҳоро дар тарзи сухан гуфтанашон мешиносӣ. Ва Аллоҳ аз аъмолатон огоҳ аст (ва ҳеҷ кори нек ё баде бар Ӯ пинҳон намемонад, пас шуморо дар баробари амалҳоятон ҷазои муносиб медиҳад)
Surah Muhammad, Verse 30
وَلَنَبۡلُوَنَّكُمۡ حَتَّىٰ نَعۡلَمَ ٱلۡمُجَٰهِدِينَ مِنكُمۡ وَٱلصَّـٰبِرِينَ وَنَبۡلُوَاْ أَخۡبَارَكُمۡ
Ва албатта, эй мӯъминон шуморо меозмоем бо ҷанг кардан бо душманони Аллоҳ, то муҷоҳидон ва собиронатонро бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон маълум бидорем ва ахборатонро ошкор кунем, то ростгӯ аз дурӯғгӯ маълум шавад
Surah Muhammad, Verse 31
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَشَآقُّواْ ٱلرَّسُولَ مِنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡهُدَىٰ لَن يَضُرُّواْ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗا وَسَيُحۡبِطُ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Албатта, касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ имон наёварданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва баъд аз он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, ки ӯ паёмбари бар ҳақ аст, бо паёмбар мухолифат варзидаанд, ҳаргиз ҳеҷ зиёне ба дини Аллоҳ нахоҳанд расонид ва Аллоҳ савоби аъмолашонро нобуд хоҳад кард. Зеро ба он амалҳо ризоияти Аллоҳро ирода накарда буданд
Surah Muhammad, Verse 32
۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَلَا تُبۡطِلُوٓاْ أَعۡمَٰلَكُمۡ
Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, ба Аллоҳ ва ба Паёмбар итоъат кунед ва савоби аъмоли хешро бо куфру маъсият ботил масозед
Surah Muhammad, Verse 33
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ مَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٞ فَلَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡ
Албатта, Аллоҳ касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва дар куфр мурданд, пас ҳаргиз Аллоҳ гуноҳашонро нахоҳад омурзид ва бар куфрашон азобашон хоҳад дод
Surah Muhammad, Verse 34
فَلَا تَهِنُواْ وَتَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱلسَّلۡمِ وَأَنتُمُ ٱلۡأَعۡلَوۡنَ وَٱللَّهُ مَعَكُمۡ وَلَن يَتِرَكُمۡ أَعۡمَٰلَكُمۡ
Эй мӯъминон, аз ҷиҳоди мушрикон сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо аз онҳо боло ва бартар ҳастед ва Аллоҳ бо мадади худ ҳамроҳи шумост ва аз савоби амалҳоятон ҳаргиз кам нахоҳад кард
Surah Muhammad, Verse 35
إِنَّمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا لَعِبٞ وَلَهۡوٞۚ وَإِن تُؤۡمِنُواْ وَتَتَّقُواْ يُؤۡتِكُمۡ أُجُورَكُمۡ وَلَا يَسۡـَٔلۡكُمۡ أَمۡوَٰلَكُمۡ
Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозиву беҳудагист, магар он ки барои Аллоҳ бошад. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо ҳамаи амволатонро барои закот наметалабад
Surah Muhammad, Verse 36
إِن يَسۡـَٔلۡكُمُوهَا فَيُحۡفِكُمۡ تَبۡخَلُواْ وَيُخۡرِجۡ أَضۡغَٰنَكُمۡ
Агар тамоми молатонро талабад ва ба доим ҳам талабад, он гоҳ аз додани мол бухл меварзед ва манъ мекунед ва кинаҳои дар дил доштаатонро ошкор месозад
Surah Muhammad, Verse 37
هَـٰٓأَنتُمۡ هَـٰٓؤُلَآءِ تُدۡعَوۡنَ لِتُنفِقُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَمِنكُم مَّن يَبۡخَلُۖ وَمَن يَبۡخَلۡ فَإِنَّمَا يَبۡخَلُ عَن نَّفۡسِهِۦۚ وَٱللَّهُ ٱلۡغَنِيُّ وَأَنتُمُ ٱلۡفُقَرَآءُۚ وَإِن تَتَوَلَّوۡاْ يَسۡتَبۡدِلۡ قَوۡمًا غَيۡرَكُمۡ ثُمَّ لَا يَكُونُوٓاْ أَمۡثَٰلَكُم
Огоҳ бошед, эй мӯъминон, ки шуморо ба хайр кардан дар роҳи ҷиҳод даъват мекунанд, то дар роҳи Аллоҳ нафақа кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас, ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ба Ӯ ниёзмандед. Ва агар аз имон овардан ба Аллоҳ рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз монанди шумо набошанд. Балки фармони Ӯ ва фармони расулашро ба ҷо меоранд ва дар роҳи Ӯ бо тану молашон ҷиҳод мекунанд
Surah Muhammad, Verse 38