Surah Al-Anaam Verse 93 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Anaamوَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ قَالَ أُوحِيَ إِلَيَّ وَلَمۡ يُوحَ إِلَيۡهِ شَيۡءٞ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثۡلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُۗ وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّـٰلِمُونَ فِي غَمَرَٰتِ ٱلۡمَوۡتِ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَكُنتُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهِۦ تَسۡتَكۡبِرُونَ
Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Аллоҳ нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ эй Паёмбар, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азоби хоркунандае азоб мекунанд ва ин ҷазо бар он аст, ки дар бораи Аллоҳ ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед