Surah Al-Araf Verse 133 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafفَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلطُّوفَانَ وَٱلۡجَرَادَ وَٱلۡقُمَّلَ وَٱلضَّفَادِعَ وَٱلدَّمَ ءَايَٰتٖ مُّفَصَّلَٰتٖ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمٗا مُّجۡرِمِينَ
Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун фиристодем, чун селе, ки дарахтон ва киштзорҳояшонро ғарқ кард ва малахро фиристодем, мева, киштзор ва гиёҳонашонро хӯрд ва шабӯшк ва қурбоққаро фиристодем, ки зарфҳо ва ҷои хобашон аз қурбоққа пур шуд ва хунро фиристодем, ки онҳо менӯшиданд ва чашмаву ҷӯйҳояшон ба хун табдил мешуд. Инҳо аз нишонаҳои Аллоҳанд, ки ғайр аз Ӯ касе бар инҳо қодир шуда наметавонад. Бо вуҷуди ин қавми Фиръавн ин нишонаҳоро дида боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳгор буданд