UAE Prayer Times

  • Dubai
  • Abu Dhabi
  • Sharjah
  • Ajman
  • Fujairah
  • Umm Al Quwain
  • Ras Al Khaimah
  • Quran Translations

Surah Al-Araf - Tajik Translation by Khoja Mirov


الٓمٓصٓ

Алиф, лом, мим, сод
Surah Al-Araf, Verse 1


كِتَٰبٌ أُنزِلَ إِلَيۡكَ فَلَا يَكُن فِي صَدۡرِكَ حَرَجٞ مِّنۡهُ لِتُنذِرَ بِهِۦ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ

Қуръон китобест, ки бар ту эй Паёмбар нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад. Он аз тарафи Аллоҳ фуруд оварда шудааст, то ба он бим кунӣ кофиронро аз азоби Аллоҳ ва мӯъминонро панду андарзе бошад
Surah Al-Araf, Verse 2


ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ

Пайравӣ кунед эй мардум китоберо, ки нозил шуд ба сӯи шумо аз ҷониби Парвардигоратон ва ғайри Ӯ дӯстонеро (яъне пешвоёнатонро монанди шайтонҳо ва раҳбониҳо) пайравӣ макунед! Ҳамоно шумо каме панду насиҳатро мепазиред
Surah Al-Araf, Verse 3


وَكَم مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَا فَجَآءَهَا بَأۡسُنَا بَيَٰتًا أَوۡ هُمۡ قَآئِلُونَ

чӣ басо деҳаҳо, ки мардумашро ба сабаби итоъат накарданашон амри Моро ба ҳалокат расонидаем ва азоби мо ҳангоми шаб ё он гоҳ, ки ба хоби нисфирӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид. (Аллоҳ ин ду вақтро махсус зикр намудааст, зеро ин ду вақт; вақти оромиш ва истироҳатанд. Пас омадани азоб дар ин вақтҳо бадтар ва сахттар аст)
Surah Al-Araf, Verse 4


فَمَا كَانَ دَعۡوَىٰهُمۡ إِذۡ جَآءَهُم بَأۡسُنَآ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ

Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ҳамоно мо ситамкор будем. (яъне ба гуноҳояшон иқрор шуданд)!»
Surah Al-Araf, Verse 5


فَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلَّذِينَ أُرۡسِلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Албатта, хоҳем пурсид аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд
Surah Al-Araf, Verse 6


فَلَنَقُصَّنَّ عَلَيۡهِم بِعِلۡمٖۖ وَمَا كُنَّا غَآئِبِينَ

Албатта ҳамаи он амалҳое, ки дар дунё гуфтаанд ва кардаанд аз рӯи илму дониш бар онҳо баён хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз аз онон ва аҳволашон ғоиб набудаем
Surah Al-Araf, Verse 7


وَٱلۡوَزۡنُ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡحَقُّۚ فَمَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Дар он рӯзи қиёмат дар тарозу баркашидани амалҳои бандагон ҳақ хоҳад буд. Онҳое, ки тарозуҳои аъмоли некашон вазнин аст, растагоронанд (наҷот ёфтагонанд)
Surah Al-Araf, Verse 8


وَمَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُم بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَظۡلِمُونَ

Онон, ки ба сабаби бадиҳояшон тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ, ба худ зиён расонидаанд
Surah Al-Araf, Verse 9


وَلَقَدۡ مَكَّنَّـٰكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَجَعَلۡنَا لَكُمۡ فِيهَا مَعَٰيِشَۗ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ

Ҳамоно -эй мардум- дар замин ҷойгоҳатон додем ва роҳҳои маъишататонро дар он муқаррар намудем. Ва чӣ андак шукр мекунед
Surah Al-Araf, Verse 10


وَلَقَدۡ خَلَقۡنَٰكُمۡ ثُمَّ صَوَّرۡنَٰكُمۡ ثُمَّ قُلۡنَا لِلۡمَلَـٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ لَمۡ يَكُن مِّنَ ٱلسَّـٰجِدِينَ

Ва ҳамоно шуморо (яъне падари шумо Одам алайҳиссаломро) биёфаридаем ва ӯро беҳтарин сурат бахшидем он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис ва (Иблис аз рӯи такаббур) аз саҷдакунандагон набуд
Surah Al-Araf, Verse 11


قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسۡجُدَ إِذۡ أَمَرۡتُكَۖ قَالَ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡهُ خَلَقۡتَنِي مِن نَّارٖ وَخَلَقۡتَهُۥ مِن طِينٖ

(Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Иблис гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил». (Иблис бар ин бовар буд, ки унсури оташ аз унсури гил беҳтар аст)
Surah Al-Araf, Verse 12


قَالَ فَٱهۡبِطۡ مِنۡهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَن تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَٱخۡرُجۡ إِنَّكَ مِنَ ٱلصَّـٰغِرِينَ

(Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Пас фуруд рав аз ҷаннат, зеро лоиқ нест туро, ки дар он саркаши кунӣ, пас берун шав аз ҷаннат. Ҳамоно ту эй Иблис аз хору зор шудагонӣ
Surah Al-Araf, Verse 13


قَالَ أَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ

(Иблис) гуфт: «Маро то рӯзи қиёмат, ки зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ»
Surah Al-Araf, Verse 14


قَالَ إِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ

(Аллоҳ) гуфт: «Ҳамоно ту то дамидани сури аввал аз мӯҳлатёфтагонӣ»
Surah Al-Araf, Verse 15


قَالَ فَبِمَآ أَغۡوَيۡتَنِي لَأَقۡعُدَنَّ لَهُمۡ صِرَٰطَكَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ

(Иблис) гуфт: «Ба сабаби он, ки гумроҳ кардӣ маро, албатта бинишинам, то боздорам фарзандони Одамро аз роҳи рости Ту
Surah Al-Araf, Verse 16


ثُمَّ لَأٓتِيَنَّهُم مِّنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ وَعَنۡ أَيۡمَٰنِهِمۡ وَعَن شَمَآئِلِهِمۡۖ وَلَا تَجِدُ أَكۡثَرَهُمۡ شَٰكِرِينَ

Пас албатта биёям ба сӯяшон аз пеш то дар дилашон ба рӯзи охират шакро дохил кунам ва аз пушт муҳаббати дунёро дар дилашон ҷо кунам ва аз ҷониби рост дар динашон шубҳа андозам ва аз чап бар гуноҳ ҷалбмандашон кунам ва наёби бисёрии ононро шукргузор
Surah Al-Araf, Verse 17


قَالَ ٱخۡرُجۡ مِنۡهَا مَذۡءُومٗا مَّدۡحُورٗاۖ لَّمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكُمۡ أَجۡمَعِينَ

(Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Аз ин ҷо (ҷаннат) берун шав, мазамматшудаву рондашуда! Ҳар, ки пайравӣ кунад туро аз фарзандони Одам, албатта пур кунам дӯзахро аз ҳамаи шумоён
Surah Al-Araf, Verse 18


وَيَـٰٓـَٔادَمُ ٱسۡكُنۡ أَنتَ وَزَوۡجُكَ ٱلۡجَنَّةَ فَكُلَا مِنۡ حَيۡثُ شِئۡتُمَا وَلَا تَقۡرَبَا هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Эй Одам, ту ва ҳамсарат (Ҳавво) дар биҳишт макон гиред. Пас аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред аз меваҳои ҷаннат, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар сурати наздик шудан, аз ситамгорон хоҳед шуд
Surah Al-Araf, Verse 19


فَوَسۡوَسَ لَهُمَا ٱلشَّيۡطَٰنُ لِيُبۡدِيَ لَهُمَا مَا وُۥرِيَ عَنۡهُمَا مِن سَوۡءَٰتِهِمَا وَقَالَ مَا نَهَىٰكُمَا رَبُّكُمَا عَنۡ هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةِ إِلَّآ أَن تَكُونَا مَلَكَيۡنِ أَوۡ تَكُونَا مِنَ ٱلۡخَٰلِدِينَ

Пас шайтон он дуро (Одам ва Ҳавворо) васваса кард, то шармгоҳашонро, ки пӯшида буданд, дар назарашон ошкор кунад. Ва он дуро фиреб дода гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабодо ду фариштае мешавед ё ки ҷовидона дар ҷаннат мемонед
Surah Al-Araf, Verse 20


وَقَاسَمَهُمَآ إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ ٱلنَّـٰصِحِينَ

Ва (Иблис) барояшон савганд хӯрд, ки насиҳатгару хайрхоҳи шумоям
Surah Al-Araf, Verse 21


فَدَلَّىٰهُمَا بِغُرُورٖۚ فَلَمَّا ذَاقَا ٱلشَّجَرَةَ بَدَتۡ لَهُمَا سَوۡءَٰتُهُمَا وَطَفِقَا يَخۡصِفَانِ عَلَيۡهِمَا مِن وَرَقِ ٱلۡجَنَّةِۖ وَنَادَىٰهُمَا رَبُّهُمَآ أَلَمۡ أَنۡهَكُمَا عَن تِلۡكُمَا ٱلشَّجَرَةِ وَأَقُل لَّكُمَآ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لَكُمَا عَدُوّٞ مُّبِينٞ

Ва он ду (Одам ва Ҳавво)- ро фиреб дод ва ба пастӣ афканд. Чун аз он меваи дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд, шарм доштанд ва баргеро болои барге бар тани худ мечаспонданд то аврати худро бипӯшонанд аз баргҳои биҳишт. Парвардигорашон нидо дод: «Оё шуморо аз хӯрдани он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ошкоро душмани шумост?»
Surah Al-Araf, Verse 22


قَالَا رَبَّنَا ظَلَمۡنَآ أَنفُسَنَا وَإِن لَّمۡ تَغۡفِرۡ لَنَا وَتَرۡحَمۡنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

Гуфтанд (Одам ва Ҳавво): «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ба хӯрдани меваи он дарахт ва агар моро наёмӯрзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта аз зиёндидагон хоҳем буд»
Surah Al-Araf, Verse 23


قَالَ ٱهۡبِطُواْ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ وَلَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُسۡتَقَرّٞ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ

Аллоҳ (ба Одаму Ҳавво ва Иблис) гуфт: «Фуруд оед аз осмон, бархе душмани бархе дигар ва то дами марг замин қароргоҳ ва ҷои таматтӯьи (баҳрабардории) шумо хоҳад буд»
Surah Al-Araf, Verse 24


قَالَ فِيهَا تَحۡيَوۡنَ وَفِيهَا تَمُوتُونَ وَمِنۡهَا تُخۡرَجُونَ

Аллоҳ (ба Одам ва Ҳавво) гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед дар рӯзи қиёмат»
Surah Al-Araf, Verse 25


يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ قَدۡ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكُمۡ لِبَاسٗا يُوَٰرِي سَوۡءَٰتِكُمۡ وَرِيشٗاۖ وَلِبَاسُ ٱلتَّقۡوَىٰ ذَٰلِكَ خَيۡرٞۚ ذَٰلِكَ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ لَعَلَّهُمۡ يَذَّكَّرُونَ

Эй фарзандони Одам, ҳамоно барои шумо либосе фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва ин либос зарурӣ аст ва низ либоси зиннатро, ки ин либоси камоли неъмат аст. Ва либоси парҳезгорӣ, ки ин ба ҷо овардани амрҳои Аллоҳ ва дур будан аз манъкардаҳои Ӯст ва он беҳтарин либос аст барои мӯъмин. Ва ин яке аз оёти Аллоҳ аст, бошад, ки панд гиранд
Surah Al-Araf, Verse 26


يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ لَا يَفۡتِنَنَّكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ كَمَآ أَخۡرَجَ أَبَوَيۡكُم مِّنَ ٱلۡجَنَّةِ يَنزِعُ عَنۡهُمَا لِبَاسَهُمَا لِيُرِيَهُمَا سَوۡءَٰتِهِمَآۚ إِنَّهُۥ يَرَىٰكُمۡ هُوَ وَقَبِيلُهُۥ مِنۡ حَيۡثُ لَا تَرَوۡنَهُمۡۗ إِنَّا جَعَلۡنَا ٱلشَّيَٰطِينَ أَوۡلِيَآءَ لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ

Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон ки падару модаратонро (Одам ва Ҳавворо) аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон берун кард, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ҳамоно шайтон ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ҳамоно Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки ба ягонагии Аллоҳ имон намеоваранд
Surah Al-Araf, Verse 27


وَإِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةٗ قَالُواْ وَجَدۡنَا عَلَيۡهَآ ءَابَآءَنَا وَٱللَّهُ أَمَرَنَا بِهَاۗ قُلۡ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِۖ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

Чун куффор кори зиште кунанд, гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Аллоҳ моро ба он фармон додааст». Бигӯ (эй Паёмбар): «Аллоҳ ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро ба Аллоҳ нисбат медиҳед, он чизҳоеро, ки намедонед?»
Surah Al-Araf, Verse 28


قُلۡ أَمَرَ رَبِّي بِٱلۡقِسۡطِۖ وَأَقِيمُواْ وُجُوهَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ وَٱدۡعُوهُ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَۚ كَمَا بَدَأَكُمۡ تَعُودُونَ

Бигӯ эй Паёмбар: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред ва Ӯро бо имони холис бипарастед. Ва ҳамчунон ки шуморо офаридааст (аввалин бор), бори дигар ба сӯи Ӯ бозмегардед
Surah Al-Araf, Verse 29


فَرِيقًا هَدَىٰ وَفَرِيقًا حَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلضَّلَٰلَةُۚ إِنَّهُمُ ٱتَّخَذُواْ ٱلشَّيَٰطِينَ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَيَحۡسَبُونَ أَنَّهُم مُّهۡتَدُونَ

Гурӯҳеро ҳидоят кард ба роҳи рост ва гурӯҳе собит шуд барояшон он гумроҳиву торикӣ. Ҳамоно онҳо шайтонҳоро ба ҷои Аллоҳ дӯст гирифта ва ононро итоъат карданд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд»
Surah Al-Araf, Verse 30


۞يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ خُذُواْ زِينَتَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ

Эй фарзандони Одам, дар вақти ҳар намоз либоси худ бипӯшед ва худро зиннат диҳед. Ва низ бихӯреду биёшомед аз он чизҳои поке, ки Аллоҳ ба шумо додааст, вале исроф макунед, ки ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад
Surah Al-Araf, Verse 31


قُلۡ مَنۡ حَرَّمَ زِينَةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَ لِعِبَادِهِۦ وَٱلطَّيِّبَٰتِ مِنَ ٱلرِّزۡقِۚ قُلۡ هِيَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا خَالِصَةٗ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

Бигӯ (эй Паёмбар барои мушрикони ҷоҳил): «Чӣ касе либосҳоеро, ки Аллоҳ барои бандагонаш падид оварда ва хӯрданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?» Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд (яъне лоиқи мусалмонон аст, агарчи дигарон ҳам истифода баранд) ва дар рӯзи қиёмат низ хоси мӯъминон бошанд». Ҳамчунон оёти Аллоҳро барои доноён ба тафсил баён мекунем
Surah Al-Araf, Verse 32


قُلۡ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ ٱلۡفَوَٰحِشَ مَا ظَهَرَ مِنۡهَا وَمَا بَطَنَ وَٱلۡإِثۡمَ وَٱلۡبَغۡيَ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَأَن تُشۡرِكُواْ بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنٗا وَأَن تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ҳамоно Парвардигори ман, зишткориҳоро (гуноҳони кабираро), чи ошкор бошанд бо бадан ва чи пинҳон дар дил аз кибру худнамоӣ ва низ зулму аз ҳад гузаронии ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром кардааст, чизеро шарики Аллоҳ созед, ки ҳеҷ далеле бар шарик овардани он нозил нашудааст ё дар бораи Аллоҳ (дар номҳо ва сифатҳояш) чизҳое бигӯед, ки намедонед
Surah Al-Araf, Verse 33


وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٞۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَأۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ

Ҳар умматеро аз мушриконе ки паёмбари Аллоҳро дурӯғ бароварданд вақти муайянест, ки омадани азоби Аллоҳ барояшон ҳал мешавад. Чун аҷалашон бирасад, як соат пешу пас нашаванд»
Surah Al-Araf, Verse 34


يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ إِمَّا يَأۡتِيَنَّكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي فَمَنِ ٱتَّقَىٰ وَأَصۡلَحَ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва некукорӣ намоянд, тарсе бар онҳо нест дар рӯзи қиёмат ва низ ғамгин намешаванд барои чизҳои дунё
Surah Al-Araf, Verse 35


وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَٱسۡتَكۡبَرُواْ عَنۡهَآ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Ва онҳо, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат дода ва саркашиву нофармонӣ карданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд
Surah Al-Araf, Verse 36


فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِهِۦٓۚ أُوْلَـٰٓئِكَ يَنَالُهُمۡ نَصِيبُهُم مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُنَا يَتَوَفَّوۡنَهُمۡ قَالُوٓاْ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ قَالُواْ ضَلُّواْ عَنَّا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَ

Кист ситамкортар аз он, ки ба Аллоҳ дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ пиндорад? Насибе, ки аз азоб барояшон муқаррар шуда, (дар Лавҳулмаҳфуз) ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ ки фиристодагони Мо (қабзкунандагони арвоҳ) биёянд, то ҷонашонро бигиранд мепурсанд: «Он чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ парастиш мекардед, акнун куҷоянд?» Гӯянд: «Гум шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шаҳодат диҳанд, ки кофир будаанд
Surah Al-Araf, Verse 37


قَالَ ٱدۡخُلُواْ فِيٓ أُمَمٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِكُم مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ فِي ٱلنَّارِۖ كُلَّمَا دَخَلَتۡ أُمَّةٞ لَّعَنَتۡ أُخۡتَهَاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا ٱدَّارَكُواْ فِيهَا جَمِيعٗا قَالَتۡ أُخۡرَىٰهُمۡ لِأُولَىٰهُمۡ رَبَّنَا هَـٰٓؤُلَآءِ أَضَلُّونَا فَـَٔاتِهِمۡ عَذَابٗا ضِعۡفٗا مِّنَ ٱلنَّارِۖ قَالَ لِكُلّٖ ضِعۡفٞ وَلَٰكِن لَّا تَعۡلَمُونَ

Гӯяд (Аллоҳ ба мушрикон): «ҳамроҳи умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳаммонанди худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро дар дунё гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд (Аллоҳ): «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!»
Surah Al-Araf, Verse 38


وَقَالَتۡ أُولَىٰهُمۡ لِأُخۡرَىٰهُمۡ فَمَا كَانَ لَكُمۡ عَلَيۡنَا مِن فَضۡلٖ فَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡسِبُونَ

Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, (Аллоҳ гӯяд ба ҳамаашон) инак, ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!»
Surah Al-Araf, Verse 39


إِنَّ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَٱسۡتَكۡبَرُواْ عَنۡهَا لَا تُفَتَّحُ لَهُمۡ أَبۡوَٰبُ ٱلسَّمَآءِ وَلَا يَدۡخُلُونَ ٱلۡجَنَّةَ حَتَّىٰ يَلِجَ ٱلۡجَمَلُ فِي سَمِّ ٱلۡخِيَاطِۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُجۡرِمِينَ

Ҳамоно дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ шуморидаанд ва аз онҳо саркашӣ кардаанд, ҳаргиз кушода нахоҳад шуд ва ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сӯзан бигзарад. Ва муҷримонро инчунин ҷазо медиҳем
Surah Al-Araf, Verse 40


لَهُم مِّن جَهَنَّمَ مِهَادٞ وَمِن فَوۡقِهِمۡ غَوَاشٖۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّـٰلِمِينَ

Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем
Surah Al-Araf, Verse 41


وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَا نُكَلِّفُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَآ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Ба ҳеҷ кас ҷуз андозаи тавону тоқаташ таклиф (вазифадор) намекунем. Онон, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд
Surah Al-Araf, Verse 42


وَنَزَعۡنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنۡ غِلّٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَقَالُواْ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي هَدَىٰنَا لِهَٰذَا وَمَا كُنَّا لِنَهۡتَدِيَ لَوۡلَآ أَنۡ هَدَىٰنَا ٱللَّهُۖ لَقَدۡ جَآءَتۡ رُسُلُ رَبِّنَا بِٱلۡحَقِّۖ وَنُودُوٓاْ أَن تِلۡكُمُ ٱلۡجَنَّةُ أُورِثۡتُمُوهَا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Ҷӯйборҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Сипос Аллоҳро, ки моро ба ин роҳи рост раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи хеш намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба дини ҳақ омаданд. Ва он гоҳ биҳиштиёнро нидо диҳанд, ки ба подоши корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!»
Surah Al-Araf, Verse 43


وَنَادَىٰٓ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ أَن قَدۡ وَجَدۡنَا مَا وَعَدَنَا رَبُّنَا حَقّٗا فَهَلۡ وَجَدتُّم مَّا وَعَدَ رَبُّكُمۡ حَقّٗاۖ قَالُواْ نَعَمۡۚ فَأَذَّنَ مُؤَذِّنُۢ بَيۡنَهُمۡ أَن لَّعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّـٰلِمِينَ

Биҳиштиён дӯзахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он савоби амалҳое, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он иқоби амалҳое, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ нидодиҳандае дар миёнашон садо диҳад, ки лаънати Аллоҳ бар кофирон бод
Surah Al-Araf, Verse 44


ٱلَّذِينَ يَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَيَبۡغُونَهَا عِوَجٗا وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ كَٰفِرُونَ

Он кофирон худ ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боз медоранд ва онро каҷравӣ мепиндоранд (яъне, мехостанд, ки бо шубҳаҳо роҳи ҳақро ботил созанд) ва ба қиёмат имон надоранд
Surah Al-Araf, Verse 45


وَبَيۡنَهُمَا حِجَابٞۚ وَعَلَى ٱلۡأَعۡرَافِ رِجَالٞ يَعۡرِفُونَ كُلَّۢا بِسِيمَىٰهُمۡۚ وَنَادَوۡاْ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ أَن سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡۚ لَمۡ يَدۡخُلُوهَا وَهُمۡ يَطۡمَعُونَ

Ва миёни биҳиштиён ва дӯзахиён деворест (он Аъроф аст) ва бар Аъроф мардоне ҳастанд, ки ҳар як аз аҳли биҳишт ва дӯзахро ба симояшон мешиносанд ва ахли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд умеди биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд
Surah Al-Araf, Verse 46


۞وَإِذَا صُرِفَتۡ أَبۡصَٰرُهُمۡ تِلۡقَآءَ أَصۡحَٰبِ ٱلنَّارِ قَالُواْ رَبَّنَا لَا تَجۡعَلۡنَا مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Чун аърофиён чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»
Surah Al-Araf, Verse 47


وَنَادَىٰٓ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأَعۡرَافِ رِجَالٗا يَعۡرِفُونَهُم بِسِيمَىٰهُمۡ قَالُواْ مَآ أَغۡنَىٰ عَنكُمۡ جَمۡعُكُمۡ وَمَا كُنتُمۡ تَسۡتَكۡبِرُونَ

Сокинони Аъроф пешвоёни куффорро, ки аз симояшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд: «Он мол, ки дар дунё гирд оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед, шуморо фоидае набахшид
Surah Al-Araf, Verse 48


أَهَـٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ أَقۡسَمۡتُمۡ لَا يَنَالُهُمُ ٱللَّهُ بِرَحۡمَةٍۚ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡكُمۡ وَلَآ أَنتُمۡ تَحۡزَنُونَ

Аллоҳ ба мутакаббирони саркаши аҳли дӯзах мефармояд: Оё инҳо, (камбағалони ахли Аъроф) нестанд, ки дар ҳаққашон савганд ёд кардед, ки раҳмати Аллоҳ насибашон намешавад? Ба дурустӣ, аз гуноҳонашон даргузаштам ва ба фазлу раҳматам онҳоро насибадор кардам. Дароед эй аҳли Аъроф ба биҳишт ҳеҷ тарсе нест бар шумо, ки баъд аз ин ба азоб гирифтор шавед ва на ғамгин мешавед аз он чи ки дар дунё аз шумо фавт шуд!»
Surah Al-Araf, Verse 49


وَنَادَىٰٓ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ أَنۡ أَفِيضُواْ عَلَيۡنَا مِنَ ٱلۡمَآءِ أَوۡ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُۚ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ حَرَّمَهُمَا عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ

Дӯзахиён биҳиштиёнро нидо кунанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд: «ҳамоно Аллоҳ онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст
Surah Al-Araf, Verse 50


ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ دِينَهُمۡ لَهۡوٗا وَلَعِبٗا وَغَرَّتۡهُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَاۚ فَٱلۡيَوۡمَ نَنسَىٰهُمۡ كَمَا نَسُواْ لِقَآءَ يَوۡمِهِمۡ هَٰذَا وَمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ

Имрӯз ононро, ки динашонро бозичаву шӯхӣ ва масхара пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунем онҳоро дар рӯзи қиёмат, ҳамчунон ки онҳо амал кардан барои ин рӯзро тарк карда буданд ва оёти Моро бовар намекарданд
Surah Al-Araf, Verse 51


وَلَقَدۡ جِئۡنَٰهُم بِكِتَٰبٖ فَصَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ عِلۡمٍ هُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Ҳамоно барои кофирон китоби Қуръон овардем, ки дар он ҳар чизеро аз рӯи дониш ба тафсил баён кардаем ва раҳмат аст барои қавме, ки имон меоранд ва амал ба шариати Ӯ мекунанд
Surah Al-Araf, Verse 52


هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا تَأۡوِيلَهُۥۚ يَوۡمَ يَأۡتِي تَأۡوِيلُهُۥ يَقُولُ ٱلَّذِينَ نَسُوهُ مِن قَبۡلُ قَدۡ جَآءَتۡ رُسُلُ رَبِّنَا بِٱلۡحَقِّ فَهَل لَّنَا مِن شُفَعَآءَ فَيَشۡفَعُواْ لَنَآ أَوۡ نُرَدُّ فَنَعۡمَلَ غَيۡرَ ٱلَّذِي كُنَّا نَعۡمَلُۚ قَدۡ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ

Оё кофирон ҷуз далели сидқи ин ваъдаро (яъне, ваъдаҳое, ки дар Қуръон дода шуда буданд), интизорӣ доранд? Рӯзе, ки далели сидқаш падидор шавад, кофироне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: « Ҳамоно паёмбарони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Пас оё шафоъаткунандагоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё бозгардонида шавем ба сӯи дунё, пас амал кунем ғайри он чи мекардем?» Ҳамоно ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд
Surah Al-Araf, Verse 53


إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۭ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Сипас бар Арш муставӣ шуд. Шабро ба рӯз мепӯшонад ва шаб шитобон ба дунболи рӯз дар ҳаракат аст. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари (ромшудаи) фармони Ӯ ҳастанд. Инҳо аз нишонаҳои бузурги Аллоҳанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Аллоҳ, он Парвардигори ҷаҳониён, бисёр бузург аст ва аз айбу нуқсон пок аст
Surah Al-Araf, Verse 54


ٱدۡعُواْ رَبَّكُمۡ تَضَرُّعٗا وَخُفۡيَةًۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُعۡتَدِينَ

(Эй мӯъминон) бипурсед Парвардигоратонро бо зориву илтиҷо ва пинҳону пӯшида, то ки дуъоятон аз риё дур бошад. Ҳамоно Аллоҳ дӯст надорад аз ҳад гузарандагонро. (Бузургтарин аз ҳад гузарандагон, онҳоеанд, ки дар вақти дуъо кардан бо Аллоҳ шарик меоранд. Ба монанди талаб кардан аз мурдаҳо ва ғайра)
Surah Al-Araf, Verse 55


وَلَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بَعۡدَ إِصۡلَٰحِهَا وَٱدۡعُوهُ خَوۡفٗا وَطَمَعًاۚ إِنَّ رَحۡمَتَ ٱللَّهِ قَرِيبٞ مِّنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва фасод (яъне гуноҳ) накунед дар рӯи замин баъди ислоҳ кардани Аллоҳ таъоло заминро бо фиристодани паёмбарон (алайҳимуссаллом). Ва Аллоҳро аз тарси азобаш ва умед ба раҳматаш парастиш кунед! Ҳамоно раҳмати Аллоҳ ба некӯкорон наздик аст
Surah Al-Araf, Verse 56


وَهُوَ ٱلَّذِي يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦۖ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَقَلَّتۡ سَحَابٗا ثِقَالٗا سُقۡنَٰهُ لِبَلَدٖ مَّيِّتٖ فَأَنزَلۡنَا بِهِ ٱلۡمَآءَ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِۚ كَذَٰلِكَ نُخۡرِجُ ٱلۡمَوۡتَىٰ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ

Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро ба башорат мефиристад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо он абрро ба сарзаминҳои мурда (аз беобӣ) равон созем ва аз он борон мефиристем ва бо борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Чунон ки замини мурдаро бо оби борон зинда мегардонем, мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред
Surah Al-Araf, Verse 57


وَٱلۡبَلَدُ ٱلطَّيِّبُ يَخۡرُجُ نَبَاتُهُۥ بِإِذۡنِ رَبِّهِۦۖ وَٱلَّذِي خَبُثَ لَا يَخۡرُجُ إِلَّا نَكِدٗاۚ كَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَشۡكُرُونَ

Ва чун борон бар сарзамини хуб фуруд ояд, гиёҳи он ба фармони Парвардигораш ба осонӣ мерӯяд. Ва инчунин мӯъмин, ки ба ӯ оёти Аллоҳ нозил шавад, аз он баҳраманд мешавад ва ҳаёти хуш ба ӯ самара медиҳад. Ва дар замини бад ҷуз андак гиёҳи бефоидае падид намеояд. Ва инчунин кофир, аз шунидани оёти Аллоҳ фоида намебинад. Оёти Аллоҳро барои мардуме, ки сипос мегӯянд, инчунин гуногун баён мекунем
Surah Al-Araf, Verse 58


لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ

Ҳамоно фиристодем Нӯҳ (алайҳиссалом)-ро ба сӯи қавмаш . Пас Нуҳ гуфт: Эй қавми ман, ибодат кунед Аллоҳеро, ки нест шуморо ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ. Ҳамоно ман метарсам аз азобу уқубати рӯзи бузург (қиёмат), ки бар шумо ояд
Surah Al-Araf, Verse 59


قَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِهِۦٓ إِنَّا لَنَرَىٰكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Бузургони қавмаш гуфтанд: «Ҳамоно туро -эй Нӯҳ- ошкоро дар гумроҳӣ мебинем»
Surah Al-Araf, Verse 60


قَالَ يَٰقَوۡمِ لَيۡسَ بِي ضَلَٰلَةٞ وَلَٰكِنِّي رَسُولٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

(Нӯҳ алайҳиссалом) гуфт: «Эй қавми ман, ман гумроҳ нестам ва лекин ман паёмбаре ҳастам аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён
Surah Al-Araf, Verse 61


أُبَلِّغُكُمۡ رِسَٰلَٰتِ رَبِّي وَأَنصَحُ لَكُمۡ وَأَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Аллоҳ шариъатеро медонам, ки шумо онро намедонед
Surah Al-Araf, Verse 62


أَوَعَجِبۡتُمۡ أَن جَآءَكُمۡ ذِكۡرٞ مِّن رَّبِّكُمۡ عَلَىٰ رَجُلٖ مِّنكُمۡ لِيُنذِرَكُمۡ وَلِتَتَّقُواْ وَلَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ

Оё инкор варзидед ва тааҷҷуб кардед аз он ки омад шуморо панду насиҳате аз ҷониби Парвардигоратон. Фуруд омад ин панди Аллоҳ ба забони марде аз ҷинси худатон, то бим кунад шуморо аз азоби Аллоҳ ва то парҳезгорӣ кунед, то ки раҳмату меҳрубонӣ карда шавад бар шумо
Surah Al-Araf, Verse 63


فَكَذَّبُوهُ فَأَنجَيۡنَٰهُ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ وَأَغۡرَقۡنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمًا عَمِينَ

Пас дурӯғгӯ пиндоштанд Нуҳро ва Мо, ӯ ва касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, наҷот додем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ кардем, ки ҳамоно мардуми нобино буданд (яъне, ҳақро намедиданд)
Surah Al-Araf, Verse 64


۞وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ

Ва бар қавми Од бародарашон Ҳуд (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Ҳангоме, ки бутҳоро парастиданд барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест ва чаро аз азоб ва ғазаби Ӯ наметарсед?»
Surah Al-Araf, Verse 65


قَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦٓ إِنَّا لَنَرَىٰكَ فِي سَفَاهَةٖ وَإِنَّا لَنَظُنُّكَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд эй Ҳуд: «Ҳамоно мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯггӯён бошӣ»
Surah Al-Araf, Verse 66


قَالَ يَٰقَوۡمِ لَيۡسَ بِي سَفَاهَةٞ وَلَٰكِنِّي رَسُولٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ҳуд (алайҳиссалом) гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам
Surah Al-Araf, Verse 67


أُبَلِّغُكُمۡ رِسَٰلَٰتِ رَبِّي وَأَنَا۠ لَكُمۡ نَاصِحٌ أَمِينٌ

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва ман хайрхоҳу аминам барои шумо
Surah Al-Araf, Verse 68


أَوَعَجِبۡتُمۡ أَن جَآءَكُمۡ ذِكۡرٞ مِّن رَّبِّكُمۡ عَلَىٰ رَجُلٖ مِّنكُمۡ لِيُنذِرَكُمۡۚ وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ جَعَلَكُمۡ خُلَفَآءَ مِنۢ بَعۡدِ قَوۡمِ نُوحٖ وَزَادَكُمۡ فِي ٱلۡخَلۡقِ بَصۜۡطَةٗۖ فَٱذۡكُرُوٓاْ ءَالَآءَ ٱللَّهِ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред (неъмати Аллоҳро) он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисми шумо қувват дод. Пас неъматҳои Аллоҳро ба ёд оваред, бошад, ки растагор гардед!»
Surah Al-Araf, Verse 69


قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا لِنَعۡبُدَ ٱللَّهَ وَحۡدَهُۥ وَنَذَرَ مَا كَانَ يَعۡبُدُ ءَابَآؤُنَا فَأۡتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

Қавми Од ба Ҳуд (алайҳиссалом) гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Аллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд аз бутҳо, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ (яъне азобро), биёвар!»
Surah Al-Araf, Verse 70


قَالَ قَدۡ وَقَعَ عَلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ رِجۡسٞ وَغَضَبٌۖ أَتُجَٰدِلُونَنِي فِيٓ أَسۡمَآءٖ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّا نَزَّلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٖۚ فَٱنتَظِرُوٓاْ إِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُنتَظِرِينَ

(Ҳуд алайҳиссалом) гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо нозил хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое, ки худ ва падаронатон ба ин номҳо гузоштаед ва Аллоҳ ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ситезаву муноқиша мекунед? Пас интизор бошед азоби Аллоҳро, ҳамоно ман ҳам бо шумо мунтазир ҳастам»
Surah Al-Araf, Verse 71


فَأَنجَيۡنَٰهُ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥ بِرَحۡمَةٖ مِّنَّا وَقَطَعۡنَا دَابِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۖ وَمَا كَانُواْ مُؤۡمِنِينَ

Пас (Ҳуд алайҳиссаломро) ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш наҷот додем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ пиндоштанд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем
Surah Al-Araf, Verse 72


وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ قَدۡ جَآءَتۡكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡۖ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمۡ ءَايَةٗۖ فَذَرُوهَا تَأۡكُلۡ فِيٓ أَرۡضِ ٱللَّهِۖ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳ (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди барҳақ нест. Аз ҷониби Аллоҳ барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Аллоҳ бароятон нишонаест. Раҳояш кунед, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт
Surah Al-Araf, Verse 73


وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ جَعَلَكُمۡ خُلَفَآءَ مِنۢ بَعۡدِ عَادٖ وَبَوَّأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ تَتَّخِذُونَ مِن سُهُولِهَا قُصُورٗا وَتَنۡحِتُونَ ٱلۡجِبَالَ بُيُوتٗاۖ فَٱذۡكُرُوٓاْ ءَالَآءَ ٱللَّهِ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ

Ба ёд оред он замонро, ки шуморо пас аз қавми Од ҷонишинон қарор дод ва шуморо дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи замини ҳамвораш қасрҳо барафрозед ва кӯҳҳояшро тарошида хонаҳое бисозед. Неъматҳои Аллоҳро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»
Surah Al-Araf, Verse 74


قَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ لِلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ لِمَنۡ ءَامَنَ مِنۡهُمۡ أَتَعۡلَمُونَ أَنَّ صَٰلِحٗا مُّرۡسَلٞ مِّن رَّبِّهِۦۚ قَالُوٓاْ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلَ بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ

Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба бечорагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омадааст?» Гуфтанд: «Мо ба он шариаъте, ки бар ӯ фиристода шудааст, имон дорем!»
Surah Al-Araf, Verse 75


قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُوٓاْ إِنَّا بِٱلَّذِيٓ ءَامَنتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем»
Surah Al-Araf, Verse 76


فَعَقَرُواْ ٱلنَّاقَةَ وَعَتَوۡاْ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِمۡ وَقَالُواْ يَٰصَٰلِحُ ٱئۡتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Пас модашутурро куштанд ва аз фармони Парвардигорашон саркашӣ карданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ аз азоб, биёвар!»
Surah Al-Araf, Verse 77


فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دَارِهِمۡ جَٰثِمِينَ

Пас ларзиши сахту (яъне, овози) даҳшатоваре ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, пас ҳалок шуданд ва ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд
Surah Al-Araf, Verse 78


فَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ يَٰقَوۡمِ لَقَدۡ أَبۡلَغۡتُكُمۡ رِسَالَةَ رَبِّي وَنَصَحۡتُ لَكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُحِبُّونَ ٱلنَّـٰصِحِينَ

Солеҳ (алайҳиссалом) аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман, рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва барои шумо некӯӣ хостам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!»
Surah Al-Araf, Verse 79


وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنۡ أَحَدٖ مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва Лут (алайҳиссаломро) фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро кори баде мекунед, ки ҳеҷ кас аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо накардааст
Surah Al-Araf, Verse 80


إِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ شَهۡوَةٗ مِّن دُونِ ٱلنِّسَآءِۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ مُّسۡرِفُونَ

Шумо ба ҷои занон бо мардон шаҳват меронед. Шумо мардуми таҷовузкор ҳастед»
Surah Al-Araf, Verse 81


وَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَخۡرِجُوهُم مِّن قَرۡيَتِكُمۡۖ إِنَّهُمۡ أُنَاسٞ يَتَطَهَّرُونَ

Ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд»! (яъне, бо мардон ҷимоъ намекунанд)
Surah Al-Araf, Verse 82


فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ كَانَتۡ مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ

Лут ва хонадонашро аз азоби худ наҷот додем, ҷуз занаш, ки кофира буд, ки бо дигарон дар шаҳр монд
Surah Al-Araf, Verse 83


وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

Бар онҳо бороне аз санг боронидем, бингар -эй Паёмбар-, ки оқибати гунаҳкорону ситамкорон чӣ гуна буд
Surah Al-Araf, Verse 84


وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ قَدۡ جَآءَتۡكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡۖ فَأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَٱلۡمِيزَانَ وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بَعۡدَ إِصۡلَٰحِهَاۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо маъбуде ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро пурра адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, (аз овардани паёмбарон дини ҳақро) дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон дар дунёву охират беҳтар аст
Surah Al-Araf, Verse 85


وَلَا تَقۡعُدُواْ بِكُلِّ صِرَٰطٖ تُوعِدُونَ وَتَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ بِهِۦ وَتَبۡغُونَهَا عِوَجٗاۚ وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ كُنتُمۡ قَلِيلٗا فَكَثَّرَكُمۡۖ وَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

Ва бар сари роҳҳо манишинед, то касонеро, ки ба Аллоҳ имон овардаанд бо азобу шиканҷаҳо битарсонед ва аз роҳи Аллоҳ боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ёд оред он гоҳ, ки андак (камқувват) будед, Аллоҳ бар шумори шумо афзуд ва шумо дорои қувват ва азиз гаштед. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст
Surah Al-Araf, Verse 86


وَإِن كَانَ طَآئِفَةٞ مِّنكُمۡ ءَامَنُواْ بِٱلَّذِيٓ أُرۡسِلۡتُ بِهِۦ وَطَآئِفَةٞ لَّمۡ يُؤۡمِنُواْ فَٱصۡبِرُواْ حَتَّىٰ يَحۡكُمَ ٱللَّهُ بَيۡنَنَاۚ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلۡحَٰكِمِينَ

Агар гурӯҳе аз шумо ба он чӣ ман аз ҷониби Аллоҳ ба он фиристода шудаам, имон овардаанд ва гурӯҳе ҳанӯз имон наовардаанд, сабр кунед, то Аллоҳ миёни мо ҳукм кунад, ки Ӯ беҳтарини ҳукмкунандагон аст!»
Surah Al-Araf, Verse 87


۞قَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ لَنُخۡرِجَنَّكَ يَٰشُعَيۡبُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَكَ مِن قَرۡيَتِنَآ أَوۡ لَتَعُودُنَّ فِي مِلَّتِنَاۚ قَالَ أَوَلَوۡ كُنَّا كَٰرِهِينَ

Ашрофзодагони қавмаш, ки саркашӣ пеша карда буданд, гуфтанд: «Эй Шуъайб, ту ва касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз шаҳри хеш меронем, магар он ки ба дини мо бозгардед». Шуъайб (алайҳиссалом) гуфт: «Оё бозгардем ба дини куфр, агарчи аз он нафрат дошта бошем
Surah Al-Araf, Verse 88


قَدِ ٱفۡتَرَيۡنَا عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا إِنۡ عُدۡنَا فِي مِلَّتِكُم بَعۡدَ إِذۡ نَجَّىٰنَا ٱللَّهُ مِنۡهَاۚ وَمَا يَكُونُ لَنَآ أَن نَّعُودَ فِيهَآ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّنَاۚ وَسِعَ رَبُّنَا كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمًاۚ عَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلۡنَاۚ رَبَّنَا ٱفۡتَحۡ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَ قَوۡمِنَا بِٱلۡحَقِّ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡفَٰتِحِينَ

Пас аз он ки Аллоҳ моро аз дини шумо наҷот додааст, агар ба он бозгардем, бар Аллоҳ дурӯғ баста бошем ва мо дигар бор ба он дин бознамегардем, магар он ки Аллоҳ, Парвардигори мо хоста бошад. Зеро илми Парвардигори мо бар ҳама чиз иҳота дорад. Мо бар Аллоҳ таваккал мекунем. Эй Парвардигори мо, миёни мову қавми мо ба ҳақ ҳукм кун, ки Ту беҳтарини ҳукмкунандагон ҳастӣ!»
Surah Al-Araf, Verse 89


وَقَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ لَئِنِ ٱتَّبَعۡتُمۡ شُعَيۡبًا إِنَّكُمۡ إِذٗا لَّخَٰسِرُونَ

Ашрофзодагони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар аз Шуъайб пайравӣ кунед, сахт зиён кардаед»
Surah Al-Araf, Verse 90


فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دَارِهِمۡ جَٰثِمِينَ

Пас ларзиши сахту даҳшатноке ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, пас ҳалок шуданд
Surah Al-Araf, Verse 91


ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ شُعَيۡبٗا كَأَن لَّمۡ يَغۡنَوۡاْ فِيهَاۚ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ شُعَيۡبٗا كَانُواْ هُمُ ٱلۡخَٰسِرِينَ

Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, гӯё, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд . Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, худ зиён карданд
Surah Al-Araf, Verse 92


فَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ يَٰقَوۡمِ لَقَدۡ أَبۡلَغۡتُكُمۡ رِسَٰلَٰتِ رَبِّي وَنَصَحۡتُ لَكُمۡۖ فَكَيۡفَ ءَاسَىٰ عَلَىٰ قَوۡمٖ كَٰفِرِينَ

Пас аз онҳо рӯй гардонид (Шуъайб) ва гуфт: «Эй қавми ман, ҳар оина паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расонидам ва пандатон додам. Чӣ гуна бар мардуми кофир андӯҳгин шавам?»
Surah Al-Araf, Verse 93


وَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّبِيٍّ إِلَّآ أَخَذۡنَآ أَهۡلَهَا بِٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ لَعَلَّهُمۡ يَضَّرَّعُونَ

Ва Мо дар ҳеҷ деҳае паёмбареро нафиристодем, магар он ки аҳли онро ба сахтию ранҷ гирифтор кардем, то бувад, ки тавбаву зорӣ кунанд
Surah Al-Araf, Verse 94


ثُمَّ بَدَّلۡنَا مَكَانَ ٱلسَّيِّئَةِ ٱلۡحَسَنَةَ حَتَّىٰ عَفَواْ وَّقَالُواْ قَدۡ مَسَّ ءَابَآءَنَا ٱلضَّرَّآءُ وَٱلسَّرَّآءُ فَأَخَذۡنَٰهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Боз додем ба онҳо ба ҷои балову ранҷ, хубиву роҳатро (дунёву сарват ва хотирҷамъиро), то шуморашон афзун шуда молҳояшон зиёд шуд, гуфтанд: «ҳароина расида буд падарони моро сахтиву роҳат ва ин одати замона аст, ки гоҳе сахтӣ ва гоҳе роҳат мебошад. Пас гирифтем ононро ба азоби ногаҳон ва онон хабар надоштанд
Surah Al-Araf, Verse 95


وَلَوۡ أَنَّ أَهۡلَ ٱلۡقُرَىٰٓ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَفَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَرَكَٰتٖ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِن كَذَّبُواْ فَأَخَذۡنَٰهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Ва агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ мекарданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон азобашон кардем
Surah Al-Araf, Verse 96


أَفَأَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا بَيَٰتٗا وَهُمۡ نَآئِمُونَ

Оё мардумони ин деҳаҳо эмин шуданд аз ин ки азоби Мо ҳангоми шаб хоб рафтан, пеши онҳо биёяд
Surah Al-Araf, Verse 97


أَوَأَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا ضُحٗى وَهُمۡ يَلۡعَبُونَ

Ва оё мардумони ин деҳаҳо эмин шудаанд, аз ин ки азоби Мо чоштгоҳон ба суроғи онҳо биёяд, дар ҳоле ки онҳо бозӣ мекунанд
Surah Al-Araf, Verse 98


أَفَأَمِنُواْ مَكۡرَ ٱللَّهِۚ فَلَا يَأۡمَنُ مَكۡرَ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ

Оё, мардуми деҳа, ки куфр варзиданд, аз азоби Аллоҳ дар амонанд? Аллоҳ аввал мӯҳлаташон диҳад баъд аз он ба ҳалокӣ гирифторашон кунад. Аз тадбири Аллоҳ ҷуз зиёнкорон эмин намешаванд
Surah Al-Araf, Verse 99


أَوَلَمۡ يَهۡدِ لِلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِ أَهۡلِهَآ أَن لَّوۡ نَشَآءُ أَصَبۡنَٰهُم بِذُنُوبِهِمۡۚ وَنَطۡبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ

Оё барои онон, ки баъд аз ҳалоки сокинони замин вориси он мешаванд, равшан нашуд, ки агар мехостем, онҳоро ба сабаби гуноҳонашон ба уқубату азоб мерасонидем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем, то шунидан натавонанд
Surah Al-Araf, Verse 100


تِلۡكَ ٱلۡقُرَىٰ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآئِهَاۚ وَلَقَدۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ يَطۡبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Инҳо шаҳрҳое ҳастанд, ки мо аз қавми Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб ахборашонро бар ту, (эй Расул) ҳикоят мекунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, ба сабаби саркашиашон ва тасдиқ накарданашон ҳақро имон наёварданд. Ва Аллоҳ бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад! Ин ҷазо ва азобест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онон худ бар хештан ситам карданд
Surah Al-Araf, Verse 101


وَمَا وَجَدۡنَا لِأَكۡثَرِهِم مِّنۡ عَهۡدٖۖ وَإِن وَجَدۡنَآ أَكۡثَرَهُمۡ لَفَٰسِقِينَ

Дар бисёрии умматҳое ки паёмбароне ба сӯи онҳо фиристода шуд, вафодорӣ ба аҳд наёфтем, балки бештаринашонро нофармон ва фосиқ ёфтем (яъне аз итоати Аллоҳ берун рафта бо ҳавову ҳаваси худ пайравӣ намуданд)
Surah Al-Araf, Verse 102


ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِم مُّوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَظَلَمُواْ بِهَاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

Баъд аз онҳо Мӯсоро бо нишона ва мӯъҷизаҳоямон бар Фиръавни саркаш ва қавмаш фиристодем. Пас кофир шуданд ва таслим ба нишона ва мӯъҷизаҳои мо нашуданд. Инак, бингар, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст
Surah Al-Araf, Verse 103


وَقَالَ مُوسَىٰ يَٰفِرۡعَوۡنُ إِنِّي رَسُولٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Чун Мӯсо ба назди Фиръавн омад, ӯро даъват карда гуфт: «Эй Фиръавн, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам, ки Ӯ офаридагор, мураббӣ ва подшоҳи ҳама чиз аст ва маро ба сӯи ту фиристод
Surah Al-Araf, Verse 104


حَقِيقٌ عَلَىٰٓ أَن لَّآ أَقُولَ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡحَقَّۚ قَدۡ جِئۡتُكُم بِبَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ فَأَرۡسِلۡ مَعِيَ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

Шоиста аст, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман барои тасдиқ кардани паёмбарии худ ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Бани Исроилро озод кун ва бо ман бифирист, то ба замини муқаддас бозгарданд ва Аллоҳро парастиш кунанд»
Surah Al-Araf, Verse 105


قَالَ إِن كُنتَ جِئۡتَ بِـَٔايَةٖ فَأۡتِ بِهَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّـٰدِقِينَ

Фиръавн гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар, ки ту фиристодаи Парвардигори оламиён ҳастӣ»
Surah Al-Araf, Verse 106


فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ

Пас Мӯсо асояшро ба замин андохт, ногаҳон он аждаҳои воқеӣ шуд
Surah Al-Araf, Verse 107


وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّـٰظِرِينَ

Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд
Surah Al-Araf, Verse 108


قَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ

Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин шахс ҷодугари доно аст
Surah Al-Araf, Verse 109


يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُمۡۖ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ

мехоҳад ҳамаи шуморо аз сарзаминатон (аз Миср) берун кунад. (Фиръавн гуфт): Эй қавм чӣ мефармоед?»
Surah Al-Araf, Verse 110


قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَأَرۡسِلۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ

Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва ба онон мӯхлат бидеҳ ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист то ҳамаро ҷамъ кунанд
Surah Al-Araf, Verse 111


يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَٰحِرٍ عَلِيمٖ

то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд»
Surah Al-Araf, Verse 112


وَجَآءَ ٱلسَّحَرَةُ فِرۡعَوۡنَ قَالُوٓاْ إِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ

Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар пирӯз шавем, моро мукофоте ҳаст?»
Surah Al-Araf, Verse 113


قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ لَمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ

Гуфт: «Оре ва шумо аз наздиконам хоҳед буд»
Surah Al-Araf, Verse 114


قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِمَّآ أَن تُلۡقِيَ وَإِمَّآ أَن نَّكُونَ نَحۡنُ ٱلۡمُلۡقِينَ

Ҷодугарон гуфтанд: «Эй Мӯсо, ё ту он чиро ҳамроҳи худ дорӣ бияндоз ё мо бияндозем?»
Surah Al-Araf, Verse 115


قَالَ أَلۡقُواْۖ فَلَمَّآ أَلۡقَوۡاْ سَحَرُوٓاْ أَعۡيُنَ ٱلنَّاسِ وَٱسۡتَرۡهَبُوهُمۡ وَجَآءُو بِسِحۡرٍ عَظِيمٖ

Мусо (алайҳиссалом) гуфт: «Шумо бияндозед». Чун ресмон ва асоҳояшонро андохтанд ногоҳ бар асари ҷодуяшон ресмонҳо ба морҳо табдил шуданд, ки роҳ мерафтанд, чашмони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд
Surah Al-Araf, Verse 116


۞وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَلۡقِ عَصَاكَۖ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ

Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногаҳ диданд, фурӯ мебарад он морҳоеро, ки ба дурӯғ сохта буданд ва ба он мардумро фиреб медоданд
Surah Al-Araf, Verse 117


فَوَقَعَ ٱلۡحَقُّ وَبَطَلَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Пас ҳақ ба субут расид ва зоҳир шуд, корҳои ҷодугарон ботил гардид
Surah Al-Araf, Verse 118


فَغُلِبُواْ هُنَالِكَ وَٱنقَلَبُواْ صَٰغِرِينَ

Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору зор бозгаштанд. (Пас онон донистанд ин нишона ва мӯъҷизаи бузург аз нишонаҳои Аллоҳ аст, ки онро ҷуз ба паёмбарон ба ҳеҷ кас намедиҳад)
Surah Al-Araf, Verse 119


وَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ

Ҷодугарон ба саҷда афтоданд
Surah Al-Araf, Verse 120


قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, (яъне, ба мӯъҷизаҳое, ки Мӯсо оварадааст, тасдиқ намудем)
Surah Al-Araf, Verse 121


رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ

Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун»
Surah Al-Araf, Verse 122


قَالَ فِرۡعَوۡنُ ءَامَنتُم بِهِۦ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّ هَٰذَا لَمَكۡرٞ مَّكَرۡتُمُوهُ فِي ٱلۡمَدِينَةِ لِتُخۡرِجُواْ مِنۡهَآ أَهۡلَهَاۖ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ

Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ман ба шумо рухсат диҳам, ба ӯ имон овардед ва тасдиқ намудед? Ин ҳиллаест, ки дар бораи ин шаҳр андешидаед, то мардумашро берун кунед. Эй ҷодугарон ба зудӣ хоҳед донист, ки чи балое бар саратон хоҳад омад
Surah Al-Araf, Verse 123


لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ ثُمَّ لَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ

Дастҳову пойҳоятонро ба хилофи якдигар хоҳам бурид ва ҳамаатонро дар дарахтони хурмо бар дор хоҳам овехт, то расво шавед. (Аввалин шахсе ба дор овехт ва дасту поро бар хилофи якдигар бурид, Фиръавн буд!»)
Surah Al-Araf, Verse 124


قَالُوٓاْ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ

Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Мо ба назди Парвардигорамон бозмегардем, ки азоби Ӯ аз азоби ту сахттар аст, то ки худро аз азоби рӯзи қиёмат наҷот диҳем
Surah Al-Araf, Verse 125


وَمَا تَنقِمُ مِنَّآ إِلَّآ أَنۡ ءَامَنَّا بِـَٔايَٰتِ رَبِّنَا لَمَّا جَآءَتۡنَاۚ رَبَّنَآ أَفۡرِغۡ عَلَيۡنَا صَبۡرٗا وَتَوَفَّنَا مُسۡلِمِينَ

Ва Ту моро мавриди айб ва ор қарор намедиҳӣ ва ту амали моро инкор намекунӣ, магар барои он ки чун нишонаҳои Парвардигорамон бар мо ошкор шуд, ба онҳо имон овардем. (Сипас аз Аллоҳ хостанд:) Эй Парвардигори мо, бар мо сабри бузурге ато кун ва моро мусалмон (яъне, таслими амри худат ва пайрави паёмбаронат ва бар дини Ислом дини халили Худат Иброҳим алайҳиссалом) бимирон
Surah Al-Araf, Verse 126


وَقَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِ فِرۡعَوۡنَ أَتَذَرُ مُوسَىٰ وَقَوۡمَهُۥ لِيُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَيَذَرَكَ وَءَالِهَتَكَۚ قَالَ سَنُقَتِّلُ أَبۡنَآءَهُمۡ وَنَسۡتَحۡيِۦ نِسَآءَهُمۡ وَإِنَّا فَوۡقَهُمۡ قَٰهِرُونَ

Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву маъбудонатро тарк гӯянд?» Фиръавн гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо пирӯзӣ меёбем (ва онҳо наметавонанд аз фармони мо сар битобанд ва берун раванд!»)
Surah Al-Araf, Verse 127


قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِ ٱسۡتَعِينُواْ بِٱللَّهِ وَٱصۡبِرُوٓاْۖ إِنَّ ٱلۡأَرۡضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦۖ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلۡمُتَّقِينَ

Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Аллоҳ мадад ҷӯед ва сабр пеша созед ба он чи ки аз зарари Фиръавн нохушӣ дидед ва мунтазири пирӯзӣ бошед, ки ин замин аз они Аллоҳ аст ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!»
Surah Al-Araf, Verse 128


قَالُوٓاْ أُوذِينَا مِن قَبۡلِ أَن تَأۡتِيَنَا وَمِنۢ بَعۡدِ مَا جِئۡتَنَاۚ قَالَ عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يُهۡلِكَ عَدُوَّكُمۡ وَيَسۡتَخۡلِفَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرَ كَيۡفَ تَعۡمَلُونَ

(Қавми Мӯсо дар ҳоле ки муддати бисёре дар азоби Фиръавн буданд,) гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем». (Мӯсо ононро ба пирӯзӣ умедвор карда гуфт): «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин халифа гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед! Оё шукри Ӯро ба ҷо меоред ё не? (Ин ваъдае буд, ки Аллоҳ дар замони муқаррар ба он вафо кард)»
Surah Al-Araf, Verse 129


وَلَقَدۡ أَخَذۡنَآ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ بِٱلسِّنِينَ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَذَّكَّرُونَ

Қавми Фиръавнро ба қаҳтсолӣ ва камбудии меваҳо гирифтор кардем, шояд панд гиранд ва ба сӯи Аллоҳ ба тавба боз гарданд
Surah Al-Araf, Verse 130


فَإِذَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡحَسَنَةُ قَالُواْ لَنَا هَٰذِهِۦۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةٞ يَطَّيَّرُواْ بِمُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُۥٓۗ أَلَآ إِنَّمَا طَـٰٓئِرُهُمۡ عِندَ ٱللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

Чун қавми Фиръавнро некие (ризқи фаровон) насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие (хушкӣ ва қаҳтӣ) ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст». Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз қазо ва қадари Аллоҳ аст ва ба сабаби гуноҳ ва куфри ононанд, вале бештаринашон онро намедонанд
Surah Al-Araf, Verse 131


وَقَالُواْ مَهۡمَا تَأۡتِنَا بِهِۦ مِنۡ ءَايَةٖ لِّتَسۡحَرَنَا بِهَا فَمَا نَحۡنُ لَكَ بِمُؤۡمِنِينَ

Ва (қавми Фиръавн ба Мусо) гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷизае барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард»
Surah Al-Araf, Verse 132


فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلطُّوفَانَ وَٱلۡجَرَادَ وَٱلۡقُمَّلَ وَٱلضَّفَادِعَ وَٱلدَّمَ ءَايَٰتٖ مُّفَصَّلَٰتٖ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمٗا مُّجۡرِمِينَ

Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун фиристодем, чун селе, ки дарахтон ва киштзорҳояшонро ғарқ кард ва малахро фиристодем, мева, киштзор ва гиёҳонашонро хӯрд ва шабӯшк ва қурбоққаро фиристодем, ки зарфҳо ва ҷои хобашон аз қурбоққа пур шуд ва хунро фиристодем, ки онҳо менӯшиданд ва чашмаву ҷӯйҳояшон ба хун табдил мешуд. Инҳо аз нишонаҳои Аллоҳанд, ки ғайр аз Ӯ касе бар инҳо қодир шуда наметавонад. Бо вуҷуди ин қавми Фиръавн ин нишонаҳоро дида боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳгор буданд
Surah Al-Araf, Verse 133


وَلَمَّا وَقَعَ عَلَيۡهِمُ ٱلرِّجۡزُ قَالُواْ يَٰمُوسَى ٱدۡعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِندَكَۖ لَئِن كَشَفۡتَ عَنَّا ٱلرِّجۡزَ لَنُؤۡمِنَنَّ لَكَ وَلَنُرۡسِلَنَّ مَعَكَ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ

Ва чун азоб (тоъун) бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Аллоҳро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азобро аз мо дур кунӣ тавба мекунем, ба ту имон меоварем ва он чи ки ту моро ба он даъват мекунӣ, пайравӣ мекунем ва бани Исроилро озод мекунем ва бо ту мефиристем»
Surah Al-Araf, Verse 134


فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُمُ ٱلرِّجۡزَ إِلَىٰٓ أَجَلٍ هُم بَٰلِغُوهُ إِذَا هُمۡ يَنكُثُونَ

Ва чун азобро то он замоне, ки ба он расандаанд, аз онҳо дур кардем, он гоҳ паймони худро шикастанд ва бар куфру гумроҳиашон боқи монданд
Surah Al-Araf, Verse 135


فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡيَمِّ بِأَنَّهُمۡ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُواْ عَنۡهَا غَٰفِلِينَ

Пас муддати муқаррар кардашуда омад, аз онҳо интиқом гирифтем ва дар баҳр ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро инкор карданд ва аз он дар ғафлат монданд. (Ва ин ғафлат ба сабаби тасдиқ накарданашон ба оёти Аллоҳ буд)
Surah Al-Araf, Verse 136


وَأَوۡرَثۡنَا ٱلۡقَوۡمَ ٱلَّذِينَ كَانُواْ يُسۡتَضۡعَفُونَ مَشَٰرِقَ ٱلۡأَرۡضِ وَمَغَٰرِبَهَا ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَاۖ وَتَمَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ ٱلۡحُسۡنَىٰ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ بِمَا صَبَرُواْۖ وَدَمَّرۡنَا مَا كَانَ يَصۡنَعُ فِرۡعَوۡنُ وَقَوۡمُهُۥ وَمَا كَانُواْ يَعۡرِشُونَ

Ва ба он мардуме (яъне бани Исроил), ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро (яъне Шом), ки баракат дода будем (бо зироат, меваҳо ва дарёҳо), ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба бани Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр варзида буданд, таҳқиқ ёфт ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд аз иморатҳо ва он чизеро, ки бино мекарданд, аз қасрҳо вайрон кардем
Surah Al-Araf, Verse 137


وَجَٰوَزۡنَا بِبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ٱلۡبَحۡرَ فَأَتَوۡاْ عَلَىٰ قَوۡمٖ يَعۡكُفُونَ عَلَىٰٓ أَصۡنَامٖ لَّهُمۡۚ قَالُواْ يَٰمُوسَى ٱجۡعَل لَّنَآ إِلَٰهٗا كَمَا لَهُمۡ ءَالِهَةٞۚ قَالَ إِنَّكُمۡ قَوۡمٞ تَجۡهَلُونَ

Ва бани Исроилро аз баҳр гузаронидем. Пас бар қавме омаданд, ки парастиши бутҳои худро пайваста анҷом медоданд. Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро маъбудонест, барои мо ҳам маъбуде қарор бидеҳ». Ин гуфторашон аз рӯи шак набуд, балки аз ҷиҳати таъзим ва наздик шудан ба Аллоҳ буд. Аз ҳамин сабаб Мӯсо барояшон гуфт: «Шумо мардуми нодон ва бехирад ҳастед ва таъзими Аллоҳро намедонед, ки ибодат ҷуз ба Аллоҳи якто ба дигар чизе сазовор нест
Surah Al-Araf, Verse 138


إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ مُتَبَّرٞ مَّا هُمۡ فِيهِ وَبَٰطِلٞ مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Он чӣ онҳо дар он ширке, ки қарор доранд ва ибодате, ки барои он бутҳо анҷом медиҳанд, нобудшаванда ва коре, ки мекунанд, ботил аст ва азоби Аллоҳро аз онҳо дур карда наметавонанд»
Surah Al-Araf, Verse 139


قَالَ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَبۡغِيكُمۡ إِلَٰهٗا وَهُوَ فَضَّلَكُمۡ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ

Мӯсо гуфт: «Оё ҷуз Аллоҳ бароятон маъбуде биҷӯям ва ҳол он ки Уст, ки шуморо бар ҷаҳониёни замонатон бартарӣ додааст?»
Surah Al-Araf, Verse 140


وَإِذۡ أَنجَيۡنَٰكُم مِّنۡ ءَالِ فِرۡعَوۡنَ يَسُومُونَكُمۡ سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ يُقَتِّلُونَ أَبۡنَآءَكُمۡ وَيَسۡتَحۡيُونَ نِسَآءَكُمۡۚ وَفِي ذَٰلِكُم بَلَآءٞ مِّن رَّبِّكُمۡ عَظِيمٞ

Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки шуморо аз хонадони Фиръавн наҷот додем, ки: Ба азобҳои сахттарин гирифторатон мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва наҷот додани шумо аз азоби онҳо аз ҷониби Парвардигоратон неъмати бузург буд, ё ин ки азобе, ки онон ба шумо медоданд, дар ин озмоиши бузурге буд аз тарафи Парвардигоратон
Surah Al-Araf, Verse 141


۞وَوَٰعَدۡنَا مُوسَىٰ ثَلَٰثِينَ لَيۡلَةٗ وَأَتۡمَمۡنَٰهَا بِعَشۡرٖ فَتَمَّ مِيقَٰتُ رَبِّهِۦٓ أَرۡبَعِينَ لَيۡلَةٗۚ وَقَالَ مُوسَىٰ لِأَخِيهِ هَٰرُونَ ٱخۡلُفۡنِي فِي قَوۡمِي وَأَصۡلِحۡ وَلَا تَتَّبِعۡ سَبِيلَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

Сӣ шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва даҳ шаби дигар бар он афзудем, то ваъдаи Парвардигораш чиҳил шаби комил шуд. Ва Мӯсо ба бародараш Ҳорун (хотиррасон карда) гуфт: «Бар қавми ман, то бозгаштани ман ҷонишини ман бош ва роҳи салоҳ пеш гир ва ба роҳи фасодкорон марав»
Surah Al-Araf, Verse 142


وَلَمَّا جَآءَ مُوسَىٰ لِمِيقَٰتِنَا وَكَلَّمَهُۥ رَبُّهُۥ قَالَ رَبِّ أَرِنِيٓ أَنظُرۡ إِلَيۡكَۚ قَالَ لَن تَرَىٰنِي وَلَٰكِنِ ٱنظُرۡ إِلَى ٱلۡجَبَلِ فَإِنِ ٱسۡتَقَرَّ مَكَانَهُۥ فَسَوۡفَ تَرَىٰنِيۚ فَلَمَّا تَجَلَّىٰ رَبُّهُۥ لِلۡجَبَلِ جَعَلَهُۥ دَكّٗا وَخَرَّ مُوسَىٰ صَعِقٗاۚ فَلَمَّآ أَفَاقَ قَالَ سُبۡحَٰنَكَ تُبۡتُ إِلَيۡكَ وَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) Мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт ва дастуроте аз амру наҳй ба ӯ пешниҳод кард. Мӯсо Парвардигорашро дӯст дошт ва ба дидани Ӯ муштоқ шуда гуфт: «Эй Парвардигори ман, худро бинамой, то дар Ту назар кунам». Гуфт: «Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид дар дунё. Вале ба он кӯҳ бинигар. Агар ба ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигораш бар кӯҳ ҷилвагар (зуҳур) шуд, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мӯсо беҳӯш бияфтод. Чун ба ҳӯш омад, гуфт: «Бор Илоҳо, Ту аз ҳамаи он чи ки шоистаи азаматат нест, пок ҳастӣ, ба Ту бозгаштам ва ҷасорате, ки нисбат ба Ту раво доштам тавба кардам ва ман нахустини мӯъминонам»
Surah Al-Araf, Verse 143


قَالَ يَٰمُوسَىٰٓ إِنِّي ٱصۡطَفَيۡتُكَ عَلَى ٱلنَّاسِ بِرِسَٰلَٰتِي وَبِكَلَٰمِي فَخُذۡ مَآ ءَاتَيۡتُكَ وَكُن مِّنَ ٱلشَّـٰكِرِينَ

Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо, Ман бо паёмҳоям ва сухан гуфтанам туро бевосита аз миёни мардум бартарӣ додам ва баргузидам, пас бигир он чиро ба ту додаам, аз амру наҳй ва аз сипосгузорон бош ва талаб макун он чиро, ки ту бар он тоқат надорӣ!»
Surah Al-Araf, Verse 144


وَكَتَبۡنَا لَهُۥ فِي ٱلۡأَلۡوَاحِ مِن كُلِّ شَيۡءٖ مَّوۡعِظَةٗ وَتَفۡصِيلٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ فَخُذۡهَا بِقُوَّةٖ وَأۡمُرۡ قَوۡمَكَ يَأۡخُذُواْ بِأَحۡسَنِهَاۚ سَأُوْرِيكُمۡ دَارَ ٱلۡفَٰسِقِينَ

Барои ӯ дар он лавҳаҳо ҳар гуна панде, ки бандагон ба он ниёз (эҳтиёҷ) доранд ва тафсили ҳар чизеро аз аҳкоми шаръӣ, ақидаҳо ва ахлоқу одоб навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ (ҷиддӣ ва саъю кӯшиш) бигир ва қавматро бифармой, то ба беҳтарини он амал кунанд, пас касе аз онҳо ё ғайри онҳо ба Ман шарик орад, ба зудӣ ба шумо бошишгоҳи фосиқон ва гунаҳкоронро нишон диҳам ва оташест, ки Аллоҳ онро барои душманонаш омода кардааст»
Surah Al-Araf, Verse 145


سَأَصۡرِفُ عَنۡ ءَايَٰتِيَ ٱلَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَإِن يَرَوۡاْ كُلَّ ءَايَةٖ لَّا يُؤۡمِنُواْ بِهَا وَإِن يَرَوۡاْ سَبِيلَ ٱلرُّشۡدِ لَا يَتَّخِذُوهُ سَبِيلٗا وَإِن يَرَوۡاْ سَبِيلَ ٱلۡغَيِّ يَتَّخِذُوهُ سَبِيلٗاۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُواْ عَنۡهَا غَٰفِلِينَ

Он касонеро, ки ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз фаҳми оёти хеш ва далелҳое, ки бар бузургии Ман ва шариъат ва аҳкоми Ман далолат мекунанд, дилҳояшонро боздорам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, (ки ибодат ба ҷуз Аллоҳ ба касе сазовор нест), ба сабаби кибрашон имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, аз он нараванд ва агар роҳи гумроҳӣ бубинанд, аз он бираванд ва онро барои худ дин гиранд. Зеро инҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат варзиданд ва тафаккур дар оёти Аллоҳ намекунанд ва ибрат намегиранд
Surah Al-Araf, Verse 146


وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَلِقَآءِ ٱلۡأٓخِرَةِ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡۚ هَلۡ يُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Ва аъмоли касоне, ки оятҳои Мо ва мулоқоти охиратро дурӯғ доштанд, нобуд шавад онҳо ҷуз ба он чи мекарданд, ҷазо дода нашаванд. (Яъне, мувофиқи кирдорашон ҷазояшон хоҳем дод, агар нек бошад, нек аст, бад бошад, бад аст)
Surah Al-Araf, Verse 147


وَٱتَّخَذَ قَوۡمُ مُوسَىٰ مِنۢ بَعۡدِهِۦ مِنۡ حُلِيِّهِمۡ عِجۡلٗا جَسَدٗا لَّهُۥ خُوَارٌۚ أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّهُۥ لَا يُكَلِّمُهُمۡ وَلَا يَهۡدِيهِمۡ سَبِيلًاۘ ٱتَّخَذُوهُ وَكَانُواْ ظَٰلِمِينَ

Қавми Мӯсо баъд аз рафтани ӯ ба ваъдагоҳи Парвардигораш ба кӯҳи Тур аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд ва онро маъбуди худ гирифтанд, ки ӯ ҷасаде буд. Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро барои худ маъбуд гирифтанд ва бар худ ситам карданд
Surah Al-Araf, Verse 148


وَلَمَّا سُقِطَ فِيٓ أَيۡدِيهِمۡ وَرَأَوۡاْ أَنَّهُمۡ قَدۡ ضَلُّواْ قَالُواْ لَئِن لَّمۡ يَرۡحَمۡنَا رَبُّنَا وَيَغۡفِرۡ لَنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

Ва чун баъд аз омадани Мӯсо аз муноҷоти Парвардигораш аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмӯрзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд»
Surah Al-Araf, Verse 149


وَلَمَّا رَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ غَضۡبَٰنَ أَسِفٗا قَالَ بِئۡسَمَا خَلَفۡتُمُونِي مِنۢ بَعۡدِيٓۖ أَعَجِلۡتُمۡ أَمۡرَ رَبِّكُمۡۖ وَأَلۡقَى ٱلۡأَلۡوَاحَ وَأَخَذَ بِرَأۡسِ أَخِيهِ يَجُرُّهُۥٓ إِلَيۡهِۚ قَالَ ٱبۡنَ أُمَّ إِنَّ ٱلۡقَوۡمَ ٱسۡتَضۡعَفُونِي وَكَادُواْ يَقۡتُلُونَنِي فَلَا تُشۡمِتۡ بِيَ ٱلۡأَعۡدَآءَ وَلَا تَجۡعَلۡنِي مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт (зеро Аллоҳ ӯро огоҳ намуд, ки қавмат дар фитнае мубтало шуданд ва онҳоро Сомирӣ ба залолат бурд), гуфт: «Дар набудани ман чӣ бад ҷонишинӣ кардед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб варзидед?» Ва лавҳаҳоро бар замин афканд ва мӯйи сари бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: Эй писари модарам, ин қавм маро заъиф шумурданд ва наздик буд, ки маро бикушанд, пас гумон мабар, ки ман кӯтоҳӣ варзидаам, душманонро хурсанд макун ва маро дар шумори ситамкороне, ки хилофи амри туанд ва парастиши гӯсола кардаанд, қарор мадеҳ!»
Surah Al-Araf, Verse 150


قَالَ رَبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَلِأَخِي وَأَدۡخِلۡنَا فِي رَحۡمَتِكَۖ وَأَنتَ أَرۡحَمُ ٱلرَّـٰحِمِينَ

Вақте Мӯсо аз кардаи худ пушаймон шуд, гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ғазабам ва бародарамро аз он чи байни ӯ ва байни бани Исроил гузашт, биёмӯрз ва моро дар раҳмати хеш дохил кун, ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ!»
Surah Al-Araf, Verse 151


إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ ٱلۡعِجۡلَ سَيَنَالُهُمۡ غَضَبٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَذِلَّةٞ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُفۡتَرِينَ

Онон, ки хӯсоларо барои худ маъбуд интихоб карданд, ба зудӣ ба ғазаби сахти Парвардигорашон гирифтор хоҳанд шуд ва ба сабаби куфрашон дар зиндагонии ин дунё ба хорӣ хоҳанд афтод. Ва ба касоне, ки дурӯғ мебанданд ва ибодати ғайри Ӯро иқрор мекунанд, инчунин ҷазо медиҳем
Surah Al-Araf, Verse 152


وَٱلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ ثُمَّ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِهَا وَءَامَنُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ

Онон, ки корҳои бадро анҷом медиҳанд (аз ширк ва гуноҳони кабира ва сағира), сипас тавба мекунанд ва ба Аллоҳ ва он чи воҷиб гардондаст, имон меоваранд, бидонанд, ки Парвардигори ту пас аз тавба омӯрзандаи гуноҳон аст, гарчи ба андозаи замин бошад ва меҳрубон аст бо пазируфтани тавба
Surah Al-Araf, Verse 153


وَلَمَّا سَكَتَ عَن مُّوسَى ٱلۡغَضَبُ أَخَذَ ٱلۡأَلۡوَاحَۖ وَفِي نُسۡخَتِهَا هُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلَّذِينَ هُمۡ لِرَبِّهِمۡ يَرۡهَبُونَ

Чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, лавҳаҳоро баргирифт. Ва дар навиштаҳои он барои онҳое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидоят ва раҳмат буд
Surah Al-Araf, Verse 154


وَٱخۡتَارَ مُوسَىٰ قَوۡمَهُۥ سَبۡعِينَ رَجُلٗا لِّمِيقَٰتِنَاۖ فَلَمَّآ أَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ قَالَ رَبِّ لَوۡ شِئۡتَ أَهۡلَكۡتَهُم مِّن قَبۡلُ وَإِيَّـٰيَۖ أَتُهۡلِكُنَا بِمَا فَعَلَ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَّآۖ إِنۡ هِيَ إِلَّا فِتۡنَتُكَ تُضِلُّ بِهَا مَن تَشَآءُ وَتَهۡدِي مَن تَشَآءُۖ أَنتَ وَلِيُّنَا فَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَاۖ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡغَٰفِرِينَ

Ва Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро ихтиёр кард ва онҳоро ба кӯҳи Тур баровард, то қавмаш аз Парвардигорашон маъзаратхоҳӣ кунанд. Пас, чун ҳозир шуданд, гуфтанд: "Эй Мӯсо Аллоҳро ба мо ошкоро нишон деҳ!". Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, беҳӯш афтоданд ва ҳалок шуданд. Ва Мӯсо ба зорӣ ва дуъо пардохт ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири аъмоле, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту сарпарасти мо ҳастӣ, моро биёмӯрз ва бар мо раҳм фармо, ки Ту беҳтарини омӯрзандагон ҳастӣ
Surah Al-Araf, Verse 155


۞وَٱكۡتُبۡ لَنَا فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ إِنَّا هُدۡنَآ إِلَيۡكَۚ قَالَ عَذَابِيٓ أُصِيبُ بِهِۦ مَنۡ أَشَآءُۖ وَرَحۡمَتِي وَسِعَتۡ كُلَّ شَيۡءٖۚ فَسَأَكۡتُبُهَا لِلَّذِينَ يَتَّقُونَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلَّذِينَ هُم بِـَٔايَٰتِنَا يُؤۡمِنُونَ

Барои мо дар ин дунё некӣ ва амали солеҳ муқаррар дор ва дар охират низ некӣ бинавис! Мо ба сӯи ту бозгаштаем (яъне, тавба кардем). Аллоҳ гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати Ман ҳама чизро дарбар мегирад. Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт
Surah Al-Araf, Verse 156


ٱلَّذِينَ يَتَّبِعُونَ ٱلرَّسُولَ ٱلنَّبِيَّ ٱلۡأُمِّيَّ ٱلَّذِي يَجِدُونَهُۥ مَكۡتُوبًا عِندَهُمۡ فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَٱلۡإِنجِيلِ يَأۡمُرُهُم بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَىٰهُمۡ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡخَبَـٰٓئِثَ وَيَضَعُ عَنۡهُمۡ إِصۡرَهُمۡ وَٱلۡأَغۡلَٰلَ ٱلَّتِي كَانَتۡ عَلَيۡهِمۡۚ فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِهِۦ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَٱتَّبَعُواْ ٱلنُّورَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ مَعَهُۥٓ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Ин раҳматро барои касоне муқаррар дошт, ки аз Аллоҳ метарсанд ва аз маъсияти Ӯ дур мешаванд ва аз ин расул, ин паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд, он кӣ ба некӣ (тавҳиду тоъат) фармонашон медиҳад ва аз корҳои ношоиста (ширку маъсият) онҳоро бозмедорад ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд. Пас касоне, ки ба паёмбари уммӣ (дарснахонда, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоби Қуръон, ки ба ӯ нозил кардаем ва ба суннати ӯ пайравӣ карданд, растагоронанд!»
Surah Al-Araf, Verse 157


قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِ ٱلنَّبِيِّ ٱلۡأُمِّيِّ ٱلَّذِي يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَكَلِمَٰتِهِۦ وَٱتَّبِعُوهُ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ

Бигӯ (эй Расул, барои тамоми мардум): «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ бар ҳамаи шумо ҳастам на барои баъзеи шумо. Он Аллоҳе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост аз они Ӯст ва ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Аллоҳ ва расули Ӯ, он паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки ба Аллоҳу суханони ӯ имон дорад, имон биёваред, ки ақида ва амалҳояш ба роҳи дуруст ва рост қарор дорад ва аз ӯ пайравӣ кунед, то манфиъатҳои динӣ ва дунявии худро дарёбед. Бошад, ки ҳидоят шавед!»
Surah Al-Araf, Verse 158


وَمِن قَوۡمِ مُوسَىٰٓ أُمَّةٞ يَهۡدُونَ بِٱلۡحَقِّ وَبِهِۦ يَعۡدِلُونَ

Гурӯҳе аз (миёни) қавми Мӯсо ҳастанд, ки мардумро ба сӯи ҳақ роҳ менамоянд ва одилона рафтор мекунанд
Surah Al-Araf, Verse 159


وَقَطَّعۡنَٰهُمُ ٱثۡنَتَيۡ عَشۡرَةَ أَسۡبَاطًا أُمَمٗاۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ إِذِ ٱسۡتَسۡقَىٰهُ قَوۡمُهُۥٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡحَجَرَۖ فَٱنۢبَجَسَتۡ مِنۡهُ ٱثۡنَتَا عَشۡرَةَ عَيۡنٗاۖ قَدۡ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٖ مَّشۡرَبَهُمۡۚ وَظَلَّلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلۡغَمَٰمَ وَأَنزَلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰۖ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡۚ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ

Бани Исроилро ба дувоздаҳ сибт (қабила ва шоха) тақсим кардем, (ки сабаби пайдоиши насли ҳар қабила марде аз фарзандони Яъқуб буд.) Ва чун қавми Мусо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан, пас бар санг зад, ки аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои обхӯриши хешро бишинохт. Ва абрро барояшон соябон сохтем ва барояшон «манна ва салво» нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Аммо ононро малол шуд аз бардавом фуруд омадани он неъматҳо, пас носипосӣ карданд. Ва онон ба мо ситам накарданд, вақте ки шукри неъматро ба ҷо наоварданд, балки ба худашон ситам мекарданд ва худро дар азоб қарор доданд. Ва ин дар вақти дар биёбон монданашон буд
Surah Al-Araf, Verse 160


وَإِذۡ قِيلَ لَهُمُ ٱسۡكُنُواْ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةَ وَكُلُواْ مِنۡهَا حَيۡثُ شِئۡتُمۡ وَقُولُواْ حِطَّةٞ وَٱدۡخُلُواْ ٱلۡبَابَ سُجَّدٗا نَّغۡفِرۡ لَكُمۡ خَطِيٓـَٰٔتِكُمۡۚ سَنَزِيدُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва ба ёд ор эй Расул, нофармонии бани Исроил Парвардигорашонро ва паёмбарашон Мӯсо (алайҳиссалом)-ро ва табдил доданашон суханеро, ки ба онҳо фармудашуда буд гуфтанашро, вақте ки Аллоҳ ба онҳо фармуда буд, ки дар ин шаҳр сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон (бо фурӯтанӣ) аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба подоши некӯкорон аз хайри дунё ва охират бароятон хоҳем афзуд. Пас онҳо аз дастури Аллоҳ фармон набурданд
Surah Al-Araf, Verse 161


فَبَدَّلَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡ قَوۡلًا غَيۡرَ ٱلَّذِي قِيلَ لَهُمۡ فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِجۡزٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُواْ يَظۡلِمُونَ

Аз миёни онон, он гурӯҳ, ки бар худ ситам карда буданд, суханеро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, дигаргун карданд. (Яъне, ба ҷои омӯрзиш талаб кардан, донаи гандум гуфтанд. Онҳоро мебоист бо таъзиму эҳтиром ба ин шаҳр дохил шаванд, балки Аллоҳро нофармонӣ карданд ва амрашро сабук шумориданд ва бо ҳолати хазидан ва нишаста дохили он шуданд) Пас ба сабаби ситаме, ки мекарданд, барояшон аз осмон азоб фиристодем
Surah Al-Araf, Verse 162


وَسۡـَٔلۡهُمۡ عَنِ ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِي كَانَتۡ حَاضِرَةَ ٱلۡبَحۡرِ إِذۡ يَعۡدُونَ فِي ٱلسَّبۡتِ إِذۡ تَأۡتِيهِمۡ حِيتَانُهُمۡ يَوۡمَ سَبۡتِهِمۡ شُرَّعٗا وَيَوۡمَ لَا يَسۡبِتُونَ لَا تَأۡتِيهِمۡۚ كَذَٰلِكَ نَبۡلُوهُم بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ

Эй Паёмбар, аз яҳудиён дар бораи он шаҳре, ки наздик ба баҳр буд, аз онҳо бипурс. Он гоҳ, ки дар рӯзи шанбе аз ҳад (ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ) таҷовуз мекарданд. Аллоҳ онҳоро дар озмоиши худ қарор дод, то рӯзи шанберо эҳтиром ва таъзим кунанд ва ба шикор напардозанд. Зеро дар рӯзе, ки эҳтироми он мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва дар ғайри рӯзи шанбе намеомаданд. Пас онҳо барои шикор кардан ҳилаеро ба кор бурданд. Чуқуриҳо канданд ва ба онҳо дом монданд. Вақте рӯзи шанбе фаро расид, моҳиён дар ин чуқуриҳо ба домҳо меафтоданд ва он моҳиёнро рӯзи якшанбе бармедоштанд. Онҳоро ба сабаби он, ки гуноҳ мекарданд, ҳамчунин меозмудем
Surah Al-Araf, Verse 163


وَإِذۡ قَالَتۡ أُمَّةٞ مِّنۡهُمۡ لِمَ تَعِظُونَ قَوۡمًا ٱللَّهُ مُهۡلِكُهُمۡ أَوۡ مُعَذِّبُهُمۡ عَذَابٗا شَدِيدٗاۖ قَالُواْ مَعۡذِرَةً إِلَىٰ رَبِّكُمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ

Ва эй Расул, ба ёд ор он гоҳ, ки бани Исроил ба се гурӯҳ тақсим шуданд: (гурӯҳи аввал: золимон, дуввум: насиҳатгарон, сеюм: бетарафон) гурӯҳи бетарафон ба гурӯҳи насиҳатгарон гуфтанд: «Чаро қавмеро, ки дар рӯзи шанбе аз ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ таҷовуз карданд, панд медиҳед, ки Аллоҳ ҳалокашон хоҳад кард ва ба азоби дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гурӯҳи насиҳатгарон гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре бошад. Ва бошад, ки парҳезгор шаванд
Surah Al-Araf, Verse 164


فَلَمَّا نَسُواْ مَا ذُكِّرُواْ بِهِۦٓ أَنجَيۡنَا ٱلَّذِينَ يَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلسُّوٓءِ وَأَخَذۡنَا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ بِعَذَابِۭ بَـِٔيسِۭ بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ

Чун пандеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд (яъне насиҳатро қабул накарданд), ононро, ки аз бадӣ парҳез мекарданд, наҷот додем ва гунаҳкоронро, ки дар рӯзи шанбе таҷовуз карданд ва ҳаром кардаи Аллоҳро ҳалол шумориданд ба сабаби гуноҳашон онҳоро ба азоби сахт дучор кардем
Surah Al-Araf, Verse 165


فَلَمَّا عَتَوۡاْ عَن مَّا نُهُواْ عَنۡهُ قُلۡنَا لَهُمۡ كُونُواْ قِرَدَةً خَٰسِـِٔينَ

Пас, вақте ки дилҳои онҳо сахт шуд, аз тарки чизе, ки аз он манъашон карда буданд, сарпечӣ карданд, ҳақро қабул накарданд, гуфтем: «Бузинагони (маймунони) хоршуда шавед!»
Surah Al-Araf, Verse 166


وَإِذۡ تَأَذَّنَ رَبُّكَ لَيَبۡعَثَنَّ عَلَيۡهِمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَن يَسُومُهُمۡ سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِۗ إِنَّ رَبَّكَ لَسَرِيعُ ٱلۡعِقَابِ وَإِنَّهُۥ لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ

(Ба ёд ор эй Расул), ки Парвардигори ту эълом кард, то касеро бар яҳудиён бифиристад, ки то дар рӯзи қиёмат ба азоби сахт азобашон кунад (яъне, онҳоро хору залил мегардонад). Ҳароина Парвардигори ту зуд уқубат мекунад ва низ омӯрзандаву меҳрубон аст
Surah Al-Araf, Verse 167


وَقَطَّعۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ أُمَمٗاۖ مِّنۡهُمُ ٱلصَّـٰلِحُونَ وَمِنۡهُمۡ دُونَ ذَٰلِكَۖ وَبَلَوۡنَٰهُم بِٱلۡحَسَنَٰتِ وَٱلسَّيِّـَٔاتِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ононро (яҳудиёнро) гурӯҳ- гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе аз онҳо некӯкор ҳастанд ва баъзе дигар ғайри он ҳастанд. Ва онҳоро ба некиҳову (фаровонӣ ва тандурустӣ) бадиҳо (қаҳтӣ ва вазнинӣ) озмудем, шояд ба тоъати Аллоҳ бозгарданд ва тавба кунанд
Surah Al-Araf, Verse 168


فَخَلَفَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ خَلۡفٞ وَرِثُواْ ٱلۡكِتَٰبَ يَأۡخُذُونَ عَرَضَ هَٰذَا ٱلۡأَدۡنَىٰ وَيَقُولُونَ سَيُغۡفَرُ لَنَا وَإِن يَأۡتِهِمۡ عَرَضٞ مِّثۡلُهُۥ يَأۡخُذُوهُۚ أَلَمۡ يُؤۡخَذۡ عَلَيۡهِم مِّيثَٰقُ ٱلۡكِتَٰبِ أَن لَّا يَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡحَقَّ وَدَرَسُواْ مَا فِيهِۗ وَٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ يَتَّقُونَۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

Баъд аз инҳо гурӯҳе бадкор ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоби Таврот шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд байни ҳалолу ҳаром фарқе намегузоштанд ва онро мегирифтанд ва иқрор мекарданд, ки ин кор гуноҳ аст ва мегуфтанд, ки ба зудӣ омӯрзида мешавем. Ва агар монанди он боз ҳам матоъе биёбанд, баргиранд. Оё аз онон дар китоб паймон гирифта нашуда буд, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар он китоб омада буд, хонда буданд? Сарои охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё андеша намекунед
Surah Al-Araf, Verse 169


وَٱلَّذِينَ يُمَسِّكُونَ بِٱلۡكِتَٰبِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُصۡلِحِينَ

Онон, ки дар илму амал ба китоби Аллоҳ тамассук (наздикӣ) меҷӯянд ва бо фармудаҳои он иқтидо мекунанд ва аз манъкардаҳои он дурӣ меҷӯянд ва намозро ба сурати зоҳирӣ ва ботиниаш адо менамоянд, бидонанд, ки подоши ислоҳгаронро бекор намесозем
Surah Al-Araf, Verse 170


۞وَإِذۡ نَتَقۡنَا ٱلۡجَبَلَ فَوۡقَهُمۡ كَأَنَّهُۥ ظُلَّةٞ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُۥ وَاقِعُۢ بِهِمۡ خُذُواْ مَآ ءَاتَيۡنَٰكُم بِقُوَّةٖ وَٱذۡكُرُواْ مَا فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ

Ва (ба ёд ор эй Расул), ки кӯҳро бар болои сарашон чун соябоне нигоҳ доштем ва мепиндоштанд, агар аҳкоми онро қабул накунанд, бар сарашон хоҳад афтод. Ва барояшон гуфтем: Китоберо, ки ба шумо додаем, бо нерӯмандӣ бигиред ва ҳар чиро, ки дар он омадааст, (аз аҳду паймон) ба ёд доред, бошад, ки парҳезгор шавед ва аз азоби Аллоҳ худро наҷот диҳед
Surah Al-Araf, Verse 171


وَإِذۡ أَخَذَ رَبُّكَ مِنۢ بَنِيٓ ءَادَمَ مِن ظُهُورِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَأَشۡهَدَهُمۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَلَسۡتُ بِرَبِّكُمۡۖ قَالُواْ بَلَىٰ شَهِدۡنَآۚ أَن تَقُولُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّا كُنَّا عَنۡ هَٰذَا غَٰفِلِينَ

Ва (ба ёд ор эй Расул,) Парвардигори ту аз пушти бани Одам фарзандонашро берун овард. Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё Ман Парвардигоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем ин ки Ту Парвардигори мо ҳастӣ». То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем
Surah Al-Araf, Verse 172


أَوۡ تَقُولُوٓاْ إِنَّمَآ أَشۡرَكَ ءَابَآؤُنَا مِن قَبۡلُ وَكُنَّا ذُرِّيَّةٗ مِّنۢ بَعۡدِهِمۡۖ أَفَتُهۡلِكُنَا بِمَا فَعَلَ ٱلۡمُبۡطِلُونَ

Ё нагӯед, ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле пас аз онҳо будем ба онҳо иқтидо кардем, оё ба сабаби коре, ки гумроҳон карда буданд, моро ба ҳалокат мерасонӣ
Surah Al-Araf, Verse 173


وَكَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ وَلَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ҳамчунон баён кардем оётро ба умматҳои пешина, (инчунин оётро барои қавмат эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) )ба равшанӣ баён мекунем, шояд ки ба сӯи он чи ки бо Аллоҳ паймон бастаанд, аз ширкашон бозгарданд
Surah Al-Araf, Verse 174


وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ ٱلَّذِيٓ ءَاتَيۡنَٰهُ ءَايَٰتِنَا فَٱنسَلَخَ مِنۡهَا فَأَتۡبَعَهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ فَكَانَ مِنَ ٱلۡغَاوِينَ

Эй Паёмбар, бар уммати худ бихон хабари он мардеро аз бани Исроил, ки оятҳои китоби худро ба ӯ ато карда будем, пас олими бузург ва донишманди моҳир шуд ва ӯ пас аз донистани ин оятҳо хориҷ шуд ва шайтон дар паяш афтод ва ба сабаби мухолифати амри Парвардигор ва итоъати шайтон дар зумраи гумроҳон даромад
Surah Al-Araf, Verse 175


وَلَوۡ شِئۡنَا لَرَفَعۡنَٰهُ بِهَا وَلَٰكِنَّهُۥٓ أَخۡلَدَ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُۚ فَمَثَلُهُۥ كَمَثَلِ ٱلۡكَلۡبِ إِن تَحۡمِلۡ عَلَيۡهِ يَلۡهَثۡ أَوۡ تَتۡرُكۡهُ يَلۡهَثۚ ذَّـٰلِكَ مَثَلُ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۚ فَٱقۡصُصِ ٱلۡقَصَصَ لَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ

Агар хоста будем, ба сабаби он илм, ки ба ӯ дода будем, мартабаи баландаш мебахшидем, вале ӯ коре кард, ки расвоӣ ба бор овард ва аз паи ҳавою ҳаваси хеш рафт. Масали ӯ чун масали он саг аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забон аз даҳон берун орад ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳам забон аз даҳон берун орад. Ин мисоли қавмест, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва аз он итоъат нанамуданд. Пас қиссаро барояшон бихон, то шояд дар ин мисолҳо ба андеша фурӯ раванд
Surah Al-Araf, Verse 176


سَآءَ مَثَلًا ٱلۡقَوۡمُ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَأَنفُسَهُمۡ كَانُواْ يَظۡلِمُونَ

Чи бад аст масали мардуме, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва ба сабаби рӯйгардонданашон аз пайравии ҳақ ва тоъати Парвардигорашон ба худашон ситам мекарданд
Surah Al-Araf, Verse 177


مَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِيۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ

Ҳар касро, ки Аллоҳ ба сӯи имон ва тоъаташ роҳ намояд, пас ӯ ҳақиқатан роҳ ёфтааст. Ва ҳар касро, ки гумроҳ созад, бар анҷоми кори хайр тавфиқ надиҳад. Пас бегумон онҳо зиёнкоронанд
Surah Al-Araf, Verse 178


وَلَقَدۡ ذَرَأۡنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ لَهُمۡ قُلُوبٞ لَّا يَفۡقَهُونَ بِهَا وَلَهُمۡ أَعۡيُنٞ لَّا يُبۡصِرُونَ بِهَا وَلَهُمۡ ءَاذَانٞ لَّا يَسۡمَعُونَ بِهَآۚ أُوْلَـٰٓئِكَ كَٱلۡأَنۡعَٰمِ بَلۡ هُمۡ أَضَلُّۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ

Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дидҳоест, ки ба он намефаҳманд амри охиратро ва умеди савоб надоранд ва аз азоби Аллоҳ наметарсанд ва онҳоро чашмҳоест, ки ба он чизеро, ки фоидаашон бошад, намебинанд ва гӯшҳоест, ки намешунаванд ҳақро, (яъне маъно ва фаҳмиши он дар дилҳояшон роҳ намеёбад.) Инҳо монанди чорпоёнанд, ки ақл надоранд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Зеро чорпоён нафъ ва зарари худро дарк менамоянд. Инҳо худ аз имони ба Аллоҳ ва тоъаташ дар ғафлатанд
Surah Al-Araf, Verse 179


وَلِلَّهِ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰ فَٱدۡعُوهُ بِهَاۖ وَذَرُواْ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ أَسۡمَـٰٓئِهِۦۚ سَيُجۡزَوۡنَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Аз они Аллоҳ аст, некӯтарин номҳо, ки далолат бар камоли азамати Ӯ ҳаст. Ба он номҳояш нидо кунед, он чиро ки ирода мекунед. Ва тарк кунед онҳоеро, ки ба номҳои Аллоҳ каҷравӣ мекунанд. Ба зудӣ ҷазои он чиро ки мекунанд, хоҳанд дид
Surah Al-Araf, Verse 180


وَمِمَّنۡ خَلَقۡنَآ أُمَّةٞ يَهۡدُونَ بِٱلۡحَقِّ وَبِهِۦ يَعۡدِلُونَ

Аз офаридагони мо гурӯҳе ҳастанд, ки ба дини ҳақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд ва онон пешвоёни роҳи ҳақанд, ки Аллоҳ бар онҳо имон ва амали солеҳ рӯзӣ кардааст
Surah Al-Araf, Verse 181


وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا سَنَسۡتَدۡرِجُهُم مِّنۡ حَيۡثُ لَا يَعۡلَمُونَ

Ва ононро, ки оёти моро дурӯғ шумориданд ва инкор карданд ва панд нагирифтанд ба зудӣ барояшон рӯзии фаровон ато мекунем ва онон гумон мекунанд, ки бар ҳақиқатанд, пас азобашон кунем аз роҳе, ки худ намедонанд. Зина ба зина ононро то мавзеъм ҳалокат бикашем
Surah Al-Araf, Verse 182


وَأُمۡلِي لَهُمۡۚ إِنَّ كَيۡدِي مَتِينٌ

Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам, ки тадбири (макри) Ман устувор ва маҳкам аст
Surah Al-Araf, Verse 183


أَوَلَمۡ يَتَفَكَّرُواْۗ مَا بِصَاحِبِهِم مِّن جِنَّةٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا نَذِيرٞ مُّبِينٌ

Оё фикр накардаанд, ки дар ҳамнишинашон нишоне аз девонагӣ нест ва ӯ ошкоро бимдиҳанда аст? (Яъне, мардумро ба сӯи он чи ки онҳоро аз азоб наҷот медиҳад ва подошро барои онҳо ҳақ медорад, даъват мекунад)
Surah Al-Araf, Verse 184


أَوَلَمۡ يَنظُرُواْ فِي مَلَكُوتِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٖ وَأَنۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَدِ ٱقۡتَرَبَ أَجَلُهُمۡۖ فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ

Касоне ки оёти Аллоҳро дурӯғ мешуморанд, оё дар подшоҳӣ ва тасарруфи осмонҳову замин ва чизҳое, ки Аллоҳ офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад ва ногаҳон бар куфрашон ҳалок гарданд. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд
Surah Al-Araf, Verse 185


مَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَلَا هَادِيَ لَهُۥۚ وَيَذَرُهُمۡ فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ

Ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд
Surah Al-Araf, Verse 186


يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ رَبِّيۖ لَا يُجَلِّيهَا لِوَقۡتِهَآ إِلَّا هُوَۚ ثَقُلَتۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَا تَأۡتِيكُمۡ إِلَّا بَغۡتَةٗۗ يَسۡـَٔلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنۡهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ ٱللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

(Кофирони Макка) дар бораи қиёмат аз ту (эй Расул) мепурсанд гӯё аз он бисёр пурсидаӣ ва омадани онро медонӣ, ки чи вақт фаро мерасад? Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо Ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар аҳли осмонҳову замин пӯшида аст, магар ин ки бар шумо ногаҳон меояд». Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯё ту аз он огоҳи, Бигу: «Илми он назди Аллоҳ аст, вале бештари мардум намедонанд»
Surah Al-Araf, Verse 187


قُل لَّآ أَمۡلِكُ لِنَفۡسِي نَفۡعٗا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ وَلَوۡ كُنتُ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ لَٱسۡتَكۡثَرۡتُ مِنَ ٱلۡخَيۡرِ وَمَا مَسَّنِيَ ٱلسُّوٓءُۚ إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٞ وَبَشِيرٞ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Бигӯ (эй Расул): «Ман барои худ нафъ ва зарар карда наметавонам, магар ончи Аллоҳ бихоҳад. Ва агар илми ғайб медонистам ба хайри худ басе меафзудам ва ҳеҷ шарре ба ман намерасид. Ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯи шумо ва аз азобаш шуморо метарсонам ва мужда медиҳам ба савобаш қавмеро, ки рисолати маро тасдиқ менамояд ва ба шариъати ман амал мекунад
Surah Al-Araf, Verse 188


۞هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ وَجَعَلَ مِنۡهَا زَوۡجَهَا لِيَسۡكُنَ إِلَيۡهَاۖ فَلَمَّا تَغَشَّىٰهَا حَمَلَتۡ حَمۡلًا خَفِيفٗا فَمَرَّتۡ بِهِۦۖ فَلَمَّآ أَثۡقَلَت دَّعَوَا ٱللَّهَ رَبَّهُمَا لَئِنۡ ءَاتَيۡتَنَا صَٰلِحٗا لَّنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّـٰكِرِينَ

Аллоҳ Зоте аст, ки ҳамаи шуморо аз як шахс биёфарид, (ки он падари шумо Одам аст.) Ва аз Одам занашро (Ҳавворо) биёфарид, то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук бордор шуд ва чанде бо он рӯзгорро ба сар бурд. Ва чун бор вазнин гардид, он ду нафар, Аллоҳ, Парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде шоиста диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд
Surah Al-Araf, Verse 189


فَلَمَّآ ءَاتَىٰهُمَا صَٰلِحٗا جَعَلَا لَهُۥ شُرَكَآءَ فِيمَآ ءَاتَىٰهُمَاۚ فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

Ва ҳангоме ки ба он ду фарзанди солеҳ ва солиме дод дар он чӣ Аллоҳ ба эшон дода буд, барои Аллоҳ шариконе қарор доданд. Ва Аллоҳ бартар аст аз он чи ба Ӯ шарик мегардонанд
Surah Al-Araf, Verse 190


أَيُشۡرِكُونَ مَا لَا يَخۡلُقُ شَيۡـٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ

Оё инҳо, (мушрикон) шарики Аллоҳ месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд
Surah Al-Araf, Verse 191


وَلَا يَسۡتَطِيعُونَ لَهُمۡ نَصۡرٗا وَلَآ أَنفُسَهُمۡ يَنصُرُونَ

Наметавонанд обидони худро ёварӣ кунанд ва на ба ёрии худ бархезанд. Пас чи гуна онҳоро бо ҳамроҳи Аллоҳ маъбуд гирифта мешавад
Surah Al-Araf, Verse 192


وَإِن تَدۡعُوهُمۡ إِلَى ٱلۡهُدَىٰ لَا يَتَّبِعُوكُمۡۚ سَوَآءٌ عَلَيۡكُمۡ أَدَعَوۡتُمُوهُمۡ أَمۡ أَنتُمۡ صَٰمِتُونَ

Эй бутпарастон, агар бутҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ ибодат мекунед, то шуморо ҳидоят кунанд, ба шумо ҷавоб намедиҳанд. Бароятон баробар аст, чи даъваташон кунед ва чи хомӯш бошед. Зеро онҳо намешунаванд ва намебинанд ва на ҳидоят мекунанд ва на худ ҳидоят мешаванд
Surah Al-Araf, Verse 193


إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ عِبَادٌ أَمۡثَالُكُمۡۖ فَٱدۡعُوهُمۡ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Эй мушрикон, онҳоеро, ки ғайр аз Аллоҳ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, ки онҳо чизеро аз ибодат сазовор мешаванд, пас онҳоро бихонед, бояд дуъои шуморо иҷобат кунанд! Ва агар шуморо иҷобат карданд ва талаботи шуморо ба ҷо оварданд, рост гуфтаед, вагарна дар ин даъвоятон дурӯғгӯ ҳастед ва бузургтарин дурӯғро ба Аллоҳ нисбат медиҳед
Surah Al-Araf, Verse 194


أَلَهُمۡ أَرۡجُلٞ يَمۡشُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ أَيۡدٖ يَبۡطِشُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ أَعۡيُنٞ يُبۡصِرُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ ءَاذَانٞ يَسۡمَعُونَ بِهَاۗ قُلِ ٱدۡعُواْ شُرَكَآءَكُمۡ ثُمَّ كِيدُونِ فَلَا تُنظِرُونِ

Оё он бутҳоро пойҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он бигиранд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гӯшҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Пас маъбудоне, ки шумо парастиш мекунед, чунин чизҳо дар онҳо вуҷуд дошта набошад, онҳоро ибодат кардани шумо барои чист? Бигӯ эй Расул, барои ин мушрикон: «Шариконатонро бихонед ва бар зидди ман макр кунед ва маро мӯҳлат мадиҳед, балки ба он шитобед. Зеро сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки маро сарпарастӣ менамояд
Surah Al-Araf, Verse 195


إِنَّ وَلِـِّۧيَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡكِتَٰبَۖ وَهُوَ يَتَوَلَّى ٱلصَّـٰلِحِينَ

Сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ шоистакоронро сарпарастӣ менамояд
Surah Al-Araf, Verse 196


وَٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَكُمۡ وَلَآ أَنفُسَهُمۡ يَنصُرُونَ

Эй мушрикон, ононро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро
Surah Al-Araf, Verse 197


وَإِن تَدۡعُوهُمۡ إِلَى ٱلۡهُدَىٰ لَا يَسۡمَعُواْۖ وَتَرَىٰهُمۡ يَنظُرُونَ إِلَيۡكَ وَهُمۡ لَا يُبۡصِرُونَ

Ва агар бутҳоро ба роҳи ҳидоят бихонед, намешунаванд ва (эй Расул) мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯё, ки намебинанд. Зеро на чашм доранд на биноӣ
Surah Al-Araf, Verse 198


خُذِ ٱلۡعَفۡوَ وَأۡمُرۡ بِٱلۡعُرۡفِ وَأَعۡرِضۡ عَنِ ٱلۡجَٰهِلِينَ

Эй Паёмбар ту ва умматат гузашт карданро пеш гир ва ба онҳо осонгирӣ кун, то аз ту магурезанд ва ба некӣ фармон деҳ ва аз нодонон рӯй гардон
Surah Al-Araf, Verse 199


وَإِمَّا يَنزَغَنَّكَ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ نَزۡغٞ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۚ إِنَّهُۥ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту ғазаб ё васвасае падид омад, ки туро аз кори хайр бозмедорад ё бар анҷоми кори бад васваса мекунад, ба Аллоҳ паноҳ бибар, зеро Ӯ ба ҳар сухан шунаво ва ба ҳар кор доност
Surah Al-Araf, Verse 200


إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ إِذَا مَسَّهُمۡ طَـٰٓئِفٞ مِّنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ تَذَكَّرُواْ فَإِذَا هُم مُّبۡصِرُونَ

Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва аз азоби Аллоҳ метарсанд ва фарзҳои Ӯро ба ҷо меоранд ва аз он чи ки манъ кардааст, дурӣ меҷӯянд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад ва он чиро ки Аллоҳ бар онҳо воҷиб намуда ёд мекунанд ва ногаҳон (барҳақ) бино шаванд. Ва аз Аллоҳ талаби омӯрзиш менамоянд
Surah Al-Araf, Verse 201


وَإِخۡوَٰنُهُمۡ يَمُدُّونَهُمۡ فِي ٱلۡغَيِّ ثُمَّ لَا يُقۡصِرُونَ

Ва бародаронашон (яъне, кофирон ва шайтонҳои инсӣ) ононро ба гумроҳӣ мекашанд ва шайтонҳои ҷин аз амали хеш бознамеистанд
Surah Al-Araf, Verse 202


وَإِذَا لَمۡ تَأۡتِهِم بِـَٔايَةٖ قَالُواْ لَوۡلَا ٱجۡتَبَيۡتَهَاۚ قُلۡ إِنَّمَآ أَتَّبِعُ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ مِن رَّبِّيۚ هَٰذَا بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمۡ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

(Эй Расул), чун ояте барои мушрикон наоварӣ гӯянд: «Чаро аз худ чизе ихтироъ накардӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва зери тадбири Аллоҳ мебошам ва Аллоҳ нишонаҳо ва оётро бар асоси бузургворӣ ва ҳикмати худ нозил мекунад. Ва ин Қуръон нишонаҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамову раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд
Surah Al-Araf, Verse 203


وَإِذَا قُرِئَ ٱلۡقُرۡءَانُ فَٱسۡتَمِعُواْ لَهُۥ وَأَنصِتُواْ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ

Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш диҳед ва хомӯш бошед, то ки шомили раҳмати Аллоҳ шавед
Surah Al-Araf, Verse 204


وَٱذۡكُر رَّبَّكَ فِي نَفۡسِكَ تَضَرُّعٗا وَخِيفَةٗ وَدُونَ ٱلۡجَهۡرِ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ وَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ

(Эй Расул), Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс, бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон мабош
Surah Al-Araf, Verse 205


إِنَّ ٱلَّذِينَ عِندَ رَبِّكَ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِهِۦ وَيُسَبِّحُونَهُۥ وَلَهُۥ يَسۡجُدُونَۤ۩

Албатта, онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд, балки ба ибодати Ӯ тан медиҳанд ва шабу рӯз тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда мекунанд
Surah Al-Araf, Verse 206


Author: Khoja Mirov


<< Surah 6
>> Surah 8

Tajik Translations by other Authors


Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Abdolmohammad Ayati
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Khoja Mirov
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Tajik Translation By Www.islamhouse.com
Popular Areas
Apartments for rent in Dubai Apartments for rent Abu Dhabi Villas for rent in Dubai House for rent Abu Dhabi Apartments for sale in Dubai Apartments for sale in Abu Dhabi Flat for rent Sharjah
Popular Searches
Studios for rent in UAE Apartments for rent in UAE Villas for rent in UAE Apartments for sale in UAE Villas for sale in UAE Land for sale in UAE Dubai Real Estate
Trending Areas
Apartments for rent in Dubai Marina Apartments for sale in Dubai Marina Villa for rent in Sharjah Villa for sale in Dubai Flat for rent in Ajman Studio for rent in Abu Dhabi Villa for rent in Ajman
Trending Searches
Villa for rent in Abu Dhabi Shop for rent in Dubai Villas for sale in Ajman Studio for rent in Sharjah 1 Bedroom Apartment for rent in Dubai Property for rent in Abu Dhabi Commercial properties for sale
© Copyright Dubai Prayer Time. All Rights Reserved
Designed by Prayer Time In Dubai