Surah Al-Araf Verse 65 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Araf۞وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ
Ва бар қавми Од бародарашон Ҳуд (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Ҳангоме, ки бутҳоро парастиданд барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест ва чаро аз азоб ва ғазаби Ӯ наметарсед?»