Surah Al-Araf Verse 37 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafفَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِهِۦٓۚ أُوْلَـٰٓئِكَ يَنَالُهُمۡ نَصِيبُهُم مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُنَا يَتَوَفَّوۡنَهُمۡ قَالُوٓاْ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ قَالُواْ ضَلُّواْ عَنَّا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَ
Кист ситамкортар аз он, ки ба Аллоҳ дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ пиндорад? Насибе, ки аз азоб барояшон муқаррар шуда, (дар Лавҳулмаҳфуз) ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ ки фиристодагони Мо (қабзкунандагони арвоҳ) биёянд, то ҷонашонро бигиранд мепурсанд: «Он чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ парастиш мекардед, акнун куҷоянд?» Гӯянд: «Гум шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шаҳодат диҳанд, ки кофир будаанд