Surah Al-Araf Verse 137 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafوَأَوۡرَثۡنَا ٱلۡقَوۡمَ ٱلَّذِينَ كَانُواْ يُسۡتَضۡعَفُونَ مَشَٰرِقَ ٱلۡأَرۡضِ وَمَغَٰرِبَهَا ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَاۖ وَتَمَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ ٱلۡحُسۡنَىٰ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ بِمَا صَبَرُواْۖ وَدَمَّرۡنَا مَا كَانَ يَصۡنَعُ فِرۡعَوۡنُ وَقَوۡمُهُۥ وَمَا كَانُواْ يَعۡرِشُونَ
Ва ба он мардуме (яъне бани Исроил), ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро (яъне Шом), ки баракат дода будем (бо зироат, меваҳо ва дарёҳо), ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба бани Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр варзида буданд, таҳқиқ ёфт ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд аз иморатҳо ва он чизеро, ки бино мекарданд, аз қасрҳо вайрон кардем