Surah Al-Araf Verse 176 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafوَلَوۡ شِئۡنَا لَرَفَعۡنَٰهُ بِهَا وَلَٰكِنَّهُۥٓ أَخۡلَدَ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُۚ فَمَثَلُهُۥ كَمَثَلِ ٱلۡكَلۡبِ إِن تَحۡمِلۡ عَلَيۡهِ يَلۡهَثۡ أَوۡ تَتۡرُكۡهُ يَلۡهَثۚ ذَّـٰلِكَ مَثَلُ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۚ فَٱقۡصُصِ ٱلۡقَصَصَ لَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ
Агар хоста будем, ба сабаби он илм, ки ба ӯ дода будем, мартабаи баландаш мебахшидем, вале ӯ коре кард, ки расвоӣ ба бор овард ва аз паи ҳавою ҳаваси хеш рафт. Масали ӯ чун масали он саг аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забон аз даҳон берун орад ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳам забон аз даҳон берун орад. Ин мисоли қавмест, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва аз он итоъат нанамуданд. Пас қиссаро барояшон бихон, то шояд дар ин мисолҳо ба андеша фурӯ раванд