Surah Al-Araf Verse 201 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafإِنَّ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ إِذَا مَسَّهُمۡ طَـٰٓئِفٞ مِّنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ تَذَكَّرُواْ فَإِذَا هُم مُّبۡصِرُونَ
Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва аз азоби Аллоҳ метарсанд ва фарзҳои Ӯро ба ҷо меоранд ва аз он чи ки манъ кардааст, дурӣ меҷӯянд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад ва он чиро ки Аллоҳ бар онҳо воҷиб намуда ёд мекунанд ва ногаҳон (барҳақ) бино шаванд. Ва аз Аллоҳ талаби омӯрзиш менамоянд