Surah Al-Araf Verse 179 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafوَلَقَدۡ ذَرَأۡنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ لَهُمۡ قُلُوبٞ لَّا يَفۡقَهُونَ بِهَا وَلَهُمۡ أَعۡيُنٞ لَّا يُبۡصِرُونَ بِهَا وَلَهُمۡ ءَاذَانٞ لَّا يَسۡمَعُونَ بِهَآۚ أُوْلَـٰٓئِكَ كَٱلۡأَنۡعَٰمِ بَلۡ هُمۡ أَضَلُّۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ
Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дидҳоест, ки ба он намефаҳманд амри охиратро ва умеди савоб надоранд ва аз азоби Аллоҳ наметарсанд ва онҳоро чашмҳоест, ки ба он чизеро, ки фоидаашон бошад, намебинанд ва гӯшҳоест, ки намешунаванд ҳақро, (яъне маъно ва фаҳмиши он дар дилҳояшон роҳ намеёбад.) Инҳо монанди чорпоёнанд, ки ақл надоранд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Зеро чорпоён нафъ ва зарари худро дарк менамоянд. Инҳо худ аз имони ба Аллоҳ ва тоъаташ дар ғафлатанд