Surah Al-Araf Verse 157 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafٱلَّذِينَ يَتَّبِعُونَ ٱلرَّسُولَ ٱلنَّبِيَّ ٱلۡأُمِّيَّ ٱلَّذِي يَجِدُونَهُۥ مَكۡتُوبًا عِندَهُمۡ فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَٱلۡإِنجِيلِ يَأۡمُرُهُم بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَىٰهُمۡ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡخَبَـٰٓئِثَ وَيَضَعُ عَنۡهُمۡ إِصۡرَهُمۡ وَٱلۡأَغۡلَٰلَ ٱلَّتِي كَانَتۡ عَلَيۡهِمۡۚ فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِهِۦ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَٱتَّبَعُواْ ٱلنُّورَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ مَعَهُۥٓ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
Ин раҳматро барои касоне муқаррар дошт, ки аз Аллоҳ метарсанд ва аз маъсияти Ӯ дур мешаванд ва аз ин расул, ин паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд, он кӣ ба некӣ (тавҳиду тоъат) фармонашон медиҳад ва аз корҳои ношоиста (ширку маъсият) онҳоро бозмедорад ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд. Пас касоне, ки ба паёмбари уммӣ (дарснахонда, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоби Қуръон, ки ба ӯ нозил кардаем ва ба суннати ӯ пайравӣ карданд, растагоронанд!»