Surah Al-Araf Verse 163 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Arafوَسۡـَٔلۡهُمۡ عَنِ ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِي كَانَتۡ حَاضِرَةَ ٱلۡبَحۡرِ إِذۡ يَعۡدُونَ فِي ٱلسَّبۡتِ إِذۡ تَأۡتِيهِمۡ حِيتَانُهُمۡ يَوۡمَ سَبۡتِهِمۡ شُرَّعٗا وَيَوۡمَ لَا يَسۡبِتُونَ لَا تَأۡتِيهِمۡۚ كَذَٰلِكَ نَبۡلُوهُم بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ
Эй Паёмбар, аз яҳудиён дар бораи он шаҳре, ки наздик ба баҳр буд, аз онҳо бипурс. Он гоҳ, ки дар рӯзи шанбе аз ҳад (ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ) таҷовуз мекарданд. Аллоҳ онҳоро дар озмоиши худ қарор дод, то рӯзи шанберо эҳтиром ва таъзим кунанд ва ба шикор напардозанд. Зеро дар рӯзе, ки эҳтироми он мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва дар ғайри рӯзи шанбе намеомаданд. Пас онҳо барои шикор кардан ҳилаеро ба кор бурданд. Чуқуриҳо канданд ва ба онҳо дом монданд. Вақте рӯзи шанбе фаро расид, моҳиён дар ин чуқуриҳо ба домҳо меафтоданд ва он моҳиёнро рӯзи якшанбе бармедоштанд. Онҳоро ба сабаби он, ки гуноҳ мекарданд, ҳамчунин меозмудем