Surah Al-Qadr - Tajik Translation by Khoja Mirov
إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ فِي لَيۡلَةِ ٱلۡقَدۡرِ
Бегумон, Мо Қуръонро дар Шаби Қадр нозил кардем! ва он яке аз шабҳои моҳи шарифи рамазон аст
Surah Al-Qadr, Verse 1
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا لَيۡلَةُ ٱلۡقَدۡرِ
Ва ту чӣ медонӣ, ки Шаби Қадр чист
Surah Al-Qadr, Verse 2
لَيۡلَةُ ٱلۡقَدۡرِ خَيۡرٞ مِّنۡ أَلۡفِ شَهۡرٖ
Фазли Шаби Қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст
Surah Al-Qadr, Verse 3
تَنَزَّلُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ فِيهَا بِإِذۡنِ رَبِّهِم مِّن كُلِّ أَمۡرٖ
Дар он шаб фариштагону рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба иҷозати Парвардигорашон барои анҷом додани ҳар гуна кор мефароянд
Surah Al-Qadr, Verse 4
سَلَٰمٌ هِيَ حَتَّىٰ مَطۡلَعِ ٱلۡفَجۡرِ
Он шаб, шаби саломат ва раҳмат аст то дами субҳ
Surah Al-Qadr, Verse 5