Surah Al-Bayyina - Tajik Translation by Khoja Mirov
لَمۡ يَكُنِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ مُنفَكِّينَ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ
Кофирони аҳли китоб (аз яҳуду насоро) ва мушрикон даст барнадоранд аз куфри худ, то барояшон хуҷҷати равшане биёяд
Surah Al-Bayyina, Verse 1
رَسُولٞ مِّنَ ٱللَّهِ يَتۡلُواْ صُحُفٗا مُّطَهَّرَةٗ
Фиристодае аст (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Аллоҳ, ки саҳифаҳои поки Қуръонро мехонад
Surah Al-Bayyina, Verse 2
فِيهَا كُتُبٞ قَيِّمَةٞ
дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст, аз ахбор ва амрҳои одилона, ки ба роҳи ҳақ ҳидоят менамояд
Surah Al-Bayyina, Verse 3
وَمَا تَفَرَّقَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ
Ва аҳли китоб пароканда нашуданд, магар баъд аз он ки барояшон бурҳоне равшан омад. Ва он бурҳон Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, ки дар Тавроту Инҷил барояшон ваъда дода шуда буд. Ҳама дар паёмбарии ӯ иттифоқ буданд. Пас он ҳангом, ки ба паёмбарӣ мабъус гардид, инкор карданд ва пароканда шуданд
Surah Al-Bayyina, Verse 4
وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ
Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Аллоҳро мухлисона бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ бо ихлос бошанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост
Surah Al-Bayyina, Verse 5
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمۡ شَرُّ ٱلۡبَرِيَّةِ
Ҳамоно аз аҳли китоб онҳое, ки кофир шуданд ва мушрикон, дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд
Surah Al-Bayyina, Verse 6
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمۡ خَيۡرُ ٱلۡبَرِيَّةِ
Албатта касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд
Surah Al-Bayyina, Verse 7
جَزَآؤُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّـٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُۚ ذَٰلِكَ لِمَنۡ خَشِيَ رَبَّهُۥ
Подошашон дар назди Парвардигорашон бустонҳоест ҷовидон, ки зери он ҷӯйҳо меравад. Дар он ҷо ҳамеша ҷовидон бошанд. Аллоҳ аз онҳо розӣ аст, ки амалҳояшонро қабул кардааст ва онҳо аз Аллоҳ розианд, ба он чӣ ки аз неъматҳояш барои онҳо омода кардааст. Ва ин барои касест, ки аз Парвардигораш битарсад ва аз маъсияти Ӯ дур истад
Surah Al-Bayyina, Verse 8