Surah Al-Zalzala - Tajik Translation by Khoja Mirov
إِذَا زُلۡزِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ زِلۡزَالَهَا
Он гоҳ ки замин ларзонда шавад ба сахттарин ларзаҳояш
Surah Al-Zalzala, Verse 1
وَأَخۡرَجَتِ ٱلۡأَرۡضُ أَثۡقَالَهَا
ва замин борҳои сангинашро берун резад
Surah Al-Zalzala, Verse 2
وَقَالَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا لَهَا
ва одамӣ аз тарс бигӯяд, ки заминро чӣ шудааст
Surah Al-Zalzala, Verse 3
يَوۡمَئِذٖ تُحَدِّثُ أَخۡبَارَهَا
Дар ин рӯз замин хабарҳои худро аз неку бад ҳикоят мекунад
Surah Al-Zalzala, Verse 4
بِأَنَّ رَبَّكَ أَوۡحَىٰ لَهَا
Зеро Парвардигорат ба ӯ амр кардааст, ки хабар бидиҳад дар рӯи ӯ он чи карда шудааст
Surah Al-Zalzala, Verse 5
يَوۡمَئِذٖ يَصۡدُرُ ٱلنَّاسُ أَشۡتَاتٗا لِّيُرَوۡاْ أَعۡمَٰلَهُمۡ
Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то амалҳояшонро ба онҳо нишон диҳанд
Surah Al-Zalzala, Verse 6
فَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرٗا يَرَهُۥ
Пас ҳар кас ба андозаи заррае некӣ карда бошад, подоши онро дар охират мебинад
Surah Al-Zalzala, Verse 7
وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ شَرّٗا يَرَهُۥ
Ва ҳар кас ба андозаи заррае бадӣ карда бошад, азобашро дар охират мебинад
Surah Al-Zalzala, Verse 8