Surah Al-Adiyat - Tajik Translation by Khoja Mirov
وَٱلۡعَٰدِيَٰتِ ضَبۡحٗا
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба аспони тозандае ки нафасзанон ба тарафи душман ҳамла мекунанд
Surah Al-Adiyat, Verse 1
فَٱلۡمُورِيَٰتِ قَدۡحٗا
Савганд, ба аспоне, ки ба наъли худ сангро зада оташ мебароранд
Surah Al-Adiyat, Verse 2
فَٱلۡمُغِيرَٰتِ صُبۡحٗا
Пас савганд ба аспоне, ки бар муқобили душман бомдодон ҳуҷум оваранд
Surah Al-Adiyat, Verse 3
فَأَثَرۡنَ بِهِۦ نَقۡعٗا
ва он гоҳ дар он ҷо ғубор бархезонанд
Surah Al-Adiyat, Verse 4
فَوَسَطۡنَ بِهِۦ جَمۡعًا
ва он гоҳ дар он ҷо дар миён дароянд ва душманро сарнагун созанд
Surah Al-Adiyat, Verse 5
إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لِرَبِّهِۦ لَكَنُودٞ
Ба дурустӣ, ки одамӣ Парвардигори худро шукр намегӯяд
Surah Al-Adiyat, Verse 6
وَإِنَّهُۥ عَلَىٰ ذَٰلِكَ لَشَهِيدٞ
Ба дурустӣ, ӯ худ бар ин гувоҳ аст
Surah Al-Adiyat, Verse 7
وَإِنَّهُۥ لِحُبِّ ٱلۡخَيۡرِ لَشَدِيدٌ
Ва ӯ алоқаи сахт бо дороӣ ва мол дорад
Surah Al-Adiyat, Verse 8
۞أَفَلَا يَعۡلَمُ إِذَا بُعۡثِرَ مَا فِي ٱلۡقُبُورِ
Оё инсоне, ки мағрур аст намедонад Аллоҳ таъоло мурдагонро аз гурҳояшон барои ҳисобу ҷазо берун меоварад
Surah Al-Adiyat, Verse 9
وَحُصِّلَ مَا فِي ٱلصُّدُورِ
ва он чӣ дар дилҳо аз неку бад пинҳон аст, ошкор шавад
Surah Al-Adiyat, Verse 10
إِنَّ رَبَّهُم بِهِمۡ يَوۡمَئِذٖ لَّخَبِيرُۢ
Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳоли онҳо ва амалҳояшон огоҳ аст. Ва ҳеҷ чизе аз Ӯ пинҳон нахоҳад монд
Surah Al-Adiyat, Verse 11