Surah Al-Qaria - Tajik Translation by Khoja Mirov
ٱلۡقَارِعَةُ
Қориъаҳ, рӯзест, ки дилҳо аз ҳавли он кӯбида мешаванд
Surah Al-Qaria, Verse 1
مَا ٱلۡقَارِعَةُ
Чист қориъаҳ
Surah Al-Qaria, Verse 2
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡقَارِعَةُ
Ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ чист
Surah Al-Qaria, Verse 3
يَوۡمَ يَكُونُ ٱلنَّاسُ كَٱلۡفَرَاشِ ٱلۡمَبۡثُوثِ
Рӯзест, ки мардумон ҳамчун парвонаҳои пароканда хоҳанд буд
Surah Al-Qaria, Verse 4
وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ٱلۡمَنفُوشِ
Ва кӯҳҳо монанди пашми задашуда бо ҳаллоҷӣ парешон карда шуда хоҳанд шуд
Surah Al-Qaria, Verse 5
فَأَمَّا مَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ
Аммо ҳар касеро паллаи некиҳои тарозуяш вазнин бошад
Surah Al-Qaria, Verse 6
فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ
пас ӯ дар ҷаннат дар зиндагии писандида бошад
Surah Al-Qaria, Verse 7
وَأَمَّا مَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ
Ва аммо ҳар касеро сабук шуд паллаи некиҳои тарозуяш
Surah Al-Qaria, Verse 8
فَأُمُّهُۥ هَاوِيَةٞ
ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст
Surah Al-Qaria, Verse 9
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا هِيَهۡ
Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист
Surah Al-Qaria, Verse 10
نَارٌ حَامِيَةُۢ
Оташи бузург ва бисёр гарму сӯзонест
Surah Al-Qaria, Verse 11