Surah At-Takathur - Tajik Translation by Khoja Mirov
أَلۡهَىٰكُمُ ٱلتَّكَاثُرُ
Ба ғафлат кашид шуморо аз итоъати Аллоҳ фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд
Surah At-Takathur, Verse 1
حَتَّىٰ زُرۡتُمُ ٱلۡمَقَابِرَ
то ба гӯрҳо расидед ва дар он ҷо дафн шудед
Surah At-Takathur, Verse 2
كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
На, ин тавр не, нашояд ки молҳоятон шумоёнро ба ғафлат андозад ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳаёти охират бароятон беҳтараст
Surah At-Takathur, Verse 3
ثُمَّ كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
Сипас ҳазар кунед, ки ба зудӣ оқибати ба дунё машғул шуданатонро хоҳед донист
Surah At-Takathur, Verse 4
كَلَّا لَوۡ تَعۡلَمُونَ عِلۡمَ ٱلۡيَقِينِ
На, ин тавр нест, агар аз рӯи яқин медонистед, ҳатман тезӣ мекардед бар наҷот додани нафсҳоятон аз ҳалокӣ
Surah At-Takathur, Verse 5
لَتَرَوُنَّ ٱلۡجَحِيمَ
Албатта, ҷаҳаннамро хоҳед дид
Surah At-Takathur, Verse 6
ثُمَّ لَتَرَوُنَّهَا عَيۡنَ ٱلۡيَقِينِ
Сипас ба чашми яқинаш хоҳед дид, бидуни шак
Surah At-Takathur, Verse 7
ثُمَّ لَتُسۡـَٔلُنَّ يَوۡمَئِذٍ عَنِ ٱلنَّعِيمِ
Сипас дар он рӯз шуморо аз тамоми неъматҳои дунявӣ бозхост мекунанд
Surah At-Takathur, Verse 8