Surah Al-Baqara Verse 258 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraأَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِي حَآجَّ إِبۡرَٰهِـۧمَ فِي رَبِّهِۦٓ أَنۡ ءَاتَىٰهُ ٱللَّهُ ٱلۡمُلۡكَ إِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِـۧمُ رَبِّيَ ٱلَّذِي يُحۡيِۦ وَيُمِيتُ قَالَ أَنَا۠ أُحۡيِۦ وَأُمِيتُۖ قَالَ إِبۡرَٰهِـۧمُ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَأۡتِي بِٱلشَّمۡسِ مِنَ ٱلۡمَشۡرِقِ فَأۡتِ بِهَا مِنَ ٱلۡمَغۡرِبِ فَبُهِتَ ٱلَّذِي كَفَرَۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Эй Расул, оё аз ҳоли касе, ки Аллоҳ ба ӯ подшоҳӣ бахшида буд ва бо Иброҳим дар мавриди тавҳид ва рубубияти Парвардигораш муҷодала кард, хабар дорӣ? Чун аз Иброҳим суол кард, Парвардигори ту кист? Он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: Парвардигори ман зоте аст, ки танҳо Ӯ меофарад ва тадбир менамояд ва зинда гардонидан ва миронидан танҳо аз они Ӯст. Гуфт: "Ман низ зинда мегардонам ва мемиронам Иброҳим гуфт: "Аллоҳ хуршедро аз машриқ бар меоварад ва оё метавонӣ ту онро аз мағриб бароварӣ". Пас касе, ки куфр варзида буд ҳайрон шуд ва ҳуҷҷаташ барбод рафт. Аллоҳ қавми ситамкорро ба роҳи ҳақ ҳидоят намекунад