Surah Al-Baqara Verse 259 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Baqaraأَوۡ كَٱلَّذِي مَرَّ عَلَىٰ قَرۡيَةٖ وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا قَالَ أَنَّىٰ يُحۡيِۦ هَٰذِهِ ٱللَّهُ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۖ فَأَمَاتَهُ ٱللَّهُ مِاْئَةَ عَامٖ ثُمَّ بَعَثَهُۥۖ قَالَ كَمۡ لَبِثۡتَۖ قَالَ لَبِثۡتُ يَوۡمًا أَوۡ بَعۡضَ يَوۡمٖۖ قَالَ بَل لَّبِثۡتَ مِاْئَةَ عَامٖ فَٱنظُرۡ إِلَىٰ طَعَامِكَ وَشَرَابِكَ لَمۡ يَتَسَنَّهۡۖ وَٱنظُرۡ إِلَىٰ حِمَارِكَ وَلِنَجۡعَلَكَ ءَايَةٗ لِّلنَّاسِۖ وَٱنظُرۡ إِلَى ٱلۡعِظَامِ كَيۡفَ نُنشِزُهَا ثُمَّ نَكۡسُوهَا لَحۡمٗاۚ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُۥ قَالَ أَعۡلَمُ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Ё дидӣ ки монанди он кас, ки ба деҳе расид, деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурӯ рехта буд. Гуфт: «Аз куҷо Аллоҳ ин мурдагонро зинда кунад?» Аллоҳ ӯро ба муддати сад сол миронд ва харашро ҳам ҳамроҳи ӯ миронд ва хӯрок ва нӯшиданиро низ ба ҳамроҳ дошт, ки Аллоҳ хӯрок ва нӯшидании ӯро ба ҳамон ҳолат дар ин муддати тулонӣ нигоҳ дошт. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт: «чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт; Як рӯз ё нисфе аз як рӯз дар ин ҳолат мондаам ва ин бар ҳасби гумони ӯ буд. Аллоҳ фармуд: Балки сад сол дар ин ҳолат мондаӣ. Ва фармуд ӯро ба хӯроку обат бингар, ки то ин муддат тағйир наёфтааст ва ба харат бингар, ки тикка- тикка шуда ва пӯсидааст ва устухонҳояш рехта ҷудо шудаанд. Мо мехоҳем туро барои мардумон ибрате гардонем ва бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гушт бар он мепӯшонем». Чун қудрати Аллоҳ бар ӯ ошкор шуд, иқрор карда гуфт: «Медонам, ки Аллоҳ бар ҳар коре тавоност