Surah Al-Baqara Verse 85 - Tajik Translation by Www.islamhouse.com
Surah Al-Baqaraثُمَّ أَنتُمۡ هَـٰٓؤُلَآءِ تَقۡتُلُونَ أَنفُسَكُمۡ وَتُخۡرِجُونَ فَرِيقٗا مِّنكُم مِّن دِيَٰرِهِمۡ تَظَٰهَرُونَ عَلَيۡهِم بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَإِن يَأۡتُوكُمۡ أُسَٰرَىٰ تُفَٰدُوهُمۡ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيۡكُمۡ إِخۡرَاجُهُمۡۚ أَفَتُؤۡمِنُونَ بِبَعۡضِ ٱلۡكِتَٰبِ وَتَكۡفُرُونَ بِبَعۡضٖۚ فَمَا جَزَآءُ مَن يَفۡعَلُ ذَٰلِكَ مِنكُمۡ إِلَّا خِزۡيٞ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰٓ أَشَدِّ ٱلۡعَذَابِۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ
Пас аз он, ҳамин шумо ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худатонро аз сарзаминашон берун мекунед ва ба гуноҳу ситам алайҳи онон ба якдигар кумак мекунед ва агар [баъзе аз онон дар ҷанг бо ҳампаймонони араби шумо гирифтор шаванд ва ба сурати] асир наздатон биёянд [бо он ки ҳамдини шумо ҳастанд, дар баробари озодиашон] фидя мегиред, ҳол он ки ихроҷи онон [аз ҳамон оғоз] бар шумо ҳаром буд. Оё ба бахше аз [дастуроти] китоб [-и осмонӣ дар мавриди фидя гирифтан] имон меоваред ва ба бахше [ки шуморо дар бораи ҳамдинонатон супориш мекунад] кофир мешавед? Пас, ҷазои ҳар касе аз шумо, ки чунин кунад, ҷуз расвоӣ ва хорӣ дар ин ҷаҳон нахоҳад буд ва дар рӯзи қиёмат ба шадидтарин азоб гирифтор мешаванд; ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи анҷом медиҳед, ғофил нест