Surah Al-Ahzab Verse 37 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Ahzabوَإِذۡ تَقُولُ لِلَّذِيٓ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ وَأَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِ أَمۡسِكۡ عَلَيۡكَ زَوۡجَكَ وَٱتَّقِ ٱللَّهَ وَتُخۡفِي فِي نَفۡسِكَ مَا ٱللَّهُ مُبۡدِيهِ وَتَخۡشَى ٱلنَّاسَ وَٱللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخۡشَىٰهُۖ فَلَمَّا قَضَىٰ زَيۡدٞ مِّنۡهَا وَطَرٗا زَوَّجۡنَٰكَهَا لِكَيۡ لَا يَكُونَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ حَرَجٞ فِيٓ أَزۡوَٰجِ أَدۡعِيَآئِهِمۡ إِذَا قَضَوۡاْ مِنۡهُنَّ وَطَرٗاۚ وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ مَفۡعُولٗا
Ва ту эй Расул, ба он мард (Зайд ибни Ҳорис), ки Аллоҳ неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ, гуфтӣ: «Занат (Зайнаб бинти Ҷаҳш)-ро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро, ки Аллоҳ ошкоркунанда аст, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ки бигӯянд Муҳаммад зани талоқ кардаи писархондаашро ба занӣ гирифт, ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузошт, (талоқаш дод) ба ҳамсарии туаш даровардем, то намуна шавӣ мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони писархондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, (агар ӯро талоқ карда бошад) манъе набошад. Ва ҳукми Аллоҳ шуданист