Surah Al-Hashr Verse 2 - Tajik Translation by Khoja Mirov
Surah Al-Hashrهُوَ ٱلَّذِيٓ أَخۡرَجَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ مِن دِيَٰرِهِمۡ لِأَوَّلِ ٱلۡحَشۡرِۚ مَا ظَنَنتُمۡ أَن يَخۡرُجُواْۖ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُم مَّانِعَتُهُمۡ حُصُونُهُم مِّنَ ٱللَّهِ فَأَتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِنۡ حَيۡثُ لَمۡ يَحۡتَسِبُواْۖ وَقَذَفَ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلرُّعۡبَۚ يُخۡرِبُونَ بُيُوتَهُم بِأَيۡدِيهِمۡ وَأَيۡدِي ٱلۡمُؤۡمِنِينَ فَٱعۡتَبِرُواْ يَـٰٓأُوْلِي ٱلۡأَبۡصَٰرِ
Ӯст он Аллоҳе, ки дар нахустин гирдиҳамоӣ (аз ҷазираи Араб ба сарзамини Шом) кофирони аҳли китобро, ки (онҳо яҳудони бани Назир буданд), аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо (эй мусалмонон) гумон намебурдед, ки бо ин қуввату тавоноиашон хору залил шуда берун раванд. Ва онҳо гумон бурданд, ки қалъаҳояшон боздорандаи онҳо ҳаст, аз азоби Аллоҳ. Пас Аллоҳ аз сӯе омад, ки гумонашро намекарданд, (яъне, бар онҳо азоб овард) ва дар дилашон тарс афканд, чунон ки хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти мӯъминон вайрон мекарданд. Пас, эй соҳибхирадмандон ибрат бигиред аз он чи ба онҳо рух дод